Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НБО «Роғун» - сохтмони азими аср

Ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нави сиёсӣ - иқтисодӣ ва фарҳангиро барои миллати куҳанбунёди тоҷик кушод. Марҳилаи созандагии кишвари азизамон ба талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии зич дорад. Замони Шӯравӣ Тоҷикистон - ҳамчун манбаи ашёи хом, асосан ба ривоҷу равнақи пахтакорӣ аҳамияти бештар медод. Тараққиёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ вобаста ба марҳилаи нави таърихӣ масъалаҳои муҳимтареро назди давлат гузошт, ки аз манфиатҳои миллии худ дар минтақа (Осиёи Марказӣ) ва чаҳон ҳимоят намояд.
Манфиатҳои геополитикии Осиёи Марказӣ ба он оварда расонид, ки ҳар кишвари он бештар ғами танҳо давлат ва халқи худро хӯрда, ба манфиатҳои умумӣ чандон созгор нагашт. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз фазои ягонаи энергетикӣ берун шуданд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиргизистон бештар ба проблемаи энергетикӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ҳарчанд, ки Тоҷикистон борҳо иштироки худро дар таъмини оби байнисарҳадӣ изҳор дошт, аммо мутаасифона он баъзан дар расонаҳо нодуруст қаламдод мешуд. Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи оби барқии «Роғун»-ро Консорсиуми байналмилалӣ эълон кард, аммо ин ҳам ба бархурди геополитикӣ дучор гашт.
Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо бо сарбаландӣ аз марзу бум ва ҳастии хеш дар набард ғолибӣ ба даст оварда, бо фишору таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ гашт, аммо аз ин варта ҳамеша раҳоӣ ёфт. Дигар ҷои баҳсу муколама намонд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Порлумони Аврупо исбот намуд, ки ба бунёди иншооти азими аср «Роғун» миллати тоҷик ҳуқуқи комил дорад ва ин иқдом аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи ҷахонӣ дастгирӣ ёфт. Ин ғалабаи сарвари давлати точикон ва дипломатияи Тоҷикистони соҳибиситиқлол буд.
Имрӯз баъзе аз таҳлилгарон вазъи мӯътадили энергетикии кишварҳои ҳамсояро мисол меоранд, ки онҳо чи гуна ба ин мувфафақ гаштанд, ки масъалаҳои иқтисодиву энергетики худро ҳал намуданд, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин инфраструктура ба онҳо аз замони шӯравӣ боқӣ монд ва онро танҳо таҷдид намуданду халос.
Пешравии ҳар як кишвари алоҳидаи Осиёи Марказӣ ин пешравии тамоми минтақа ба шумор меравад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сохтмони НБО-и Роғун дар марҳилаи муайян ба анҷом мерасад, вале набояд фаромӯш кард, ки аз он на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва дигарон баҳравар хоҳанд гардид. Иқтисоди сабз–асоси пешравии кулли давлатҳои дунё мебошад.
Моликияти миллӣ ин дастоварди тамоми халқи тоҷик аст ва барои ҳар як афсари мақомоти корҳои дохилӣ кушодашавии агрегати якуми НБО-и Роғун рӯзи 16-ноябри соли 2018 бо ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вокеаи таърихӣ ва мояи ифтихор аст.
Асламов Б.С.- полковники милитсия,
Косимов Ф.М.- полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...