Замина, марҳила ва хусусиятҳои хоси қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи ҳуқуқӣ-сиёсӣ ва инсонпарваронаи он
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-сентябри соли 1991) яке аз масоили мубрами ҳаёти сиёсии ҷомеаи навини Тоҷикистон ин амалигардонии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Мутаасифона дар Тоҷикистони соҳибистиқлол то қабули Конститутсия меъёрҳои кӯҳнашудаи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, (1978) ки дар асоси Конститутсияи собиқ ИҶШС (1977) амал менамуд, ки натанҳо ба фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистони мустақил ва соҳибихтиёр халал ворид менамуд, балки монеъи рушти институтҳои демократия дар кишвари мо гардида буд.
Омӯзиш, таҳлили ҳаводиси сиёсии солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон исбот намуданд, ки набудани механизми конститутсионии идоракунии давлатӣ аз лиҳози принсипҳои демократӣ боиси зиддият, мавҷудияти проблемаҳои зиёди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида буд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун аъзои фаъоли Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи қонуният, принсипҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии инсон, афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии хешро баён намуда буд. Мутаассифона авзои мураккаб ва печидаи сиёсии он давра имкон намедод, ки ҳамон ғояҳои пешқадам саривақтӣ амалӣ гарданд. Танҳо эълони Истиқлолияти давлатӣ ба ин рукни муҳими давлатдорӣ такони бузург бахшид. Акнун фурсати муносиб барои таҳияи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр фаро расида буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар ин марҳилаи муҳими давлатдорӣ Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ба пойдории сохти конститутсионӣ асос гузошт. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба Конститутсияи амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар ҷаласаҳои Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо Эмомалӣ Раҳмон баромад карда иброз намуд, ки таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, амният ва бехатарии давлат-масъалаҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, нисбати ояндаи давлат ва миллати тоҷик ягон нафари мо бояд бетараф набошем. Дар ин Иҷлосия шакли идораи Президентӣ қатъ карда шуда, ваколатҳои он ба Шӯрои Олӣ, Президент ва Шӯрои Вазирон вогузор карда шуд. Ба ақидаи яке аз ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик А.Имомов «ноябри соли 1992 шакли идораи президентӣ то қабули Конститутсияи соли 1994 бекор карда шуда, ба ҷои он шакли идораи парламентӣ» ҷорӣ карда шуд.»[1]Дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ 24-ноябри соли 1992 рамзҳои давлатӣ, нишон ва парчам қабул гардида ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.[2]
Тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қонун аз 27-ноябри соли 1992 гузаронида шуд, ваколатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеъ намуда, шакли идораи Президентиро то як марҳилаи муайян бекор намуд. Доир ба гузаштан ба шакли идораи парламентӣ фикру ақидаҳои гуногун соли 1992 пайдо гаштанд, аммо ба онҳо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хотима гузошта, чунин пешниҳод намуд, ки «дар марҳилаи мураккабшавии вазъи сиёсӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ муҳимтар мебошанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки мо пеши роҳи хунрезиро гирем. Шахсан ман тарафдори давлатӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам,—иброз намуда буд он замон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
«Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ва шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаи душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чи зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедонистам»[3].
Аз рӯи нуқтаи назари Куканов А.З. «шакли идораи президентӣ соли 1992 бо сабаби сар задании ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ба мураккабшавии вазъи сиёсӣ, гузаронидани интихоботи президентӣ то муътадил шудани вазъи сиёсӣ аз имкон берун буд.»[4]
Бо талошҳои бевоситаи сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба сулҳ наздик мешуд. Баъд аз ду соли Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 вазъияти нисбатан мӯътадил дар кишвар ба амал омад. Заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии қабули Конститутсияи нав ба вуҷуд омаданд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар тамоми маҳалҳою шаҳрҳо барқарор гардида, шаҳрвандон тадриҷан ба ҳаёти осоишта мегузаштанд.
«Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав маҳз аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид» (гарчанде ин марҳила 10 феврали соли 1992 оғоз гардида буд, аммо вазъи сиёсии он давра ба ин имкон намедод). Иҷлосияи мазкур дар барқарор гаштани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург дорад. Зеро танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеа фаъолияти мӯътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қабули Конститутсия имконпазир буд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи амалӣ гаштани Қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башумор меравад».[5]
Аз рӯи ақидаи ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Тоҳиров Ф.Т. «Моҳиятан, самтҳои асосии фаъолияти роҳбарии мамлакат дар барқарору таҳкими сохти конститутсионӣ ва умуман фаъолияти давлат оид ба таъмини истиқлолияти давлати ҷавони Тоҷикистон ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалишуда, ки бо номи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дошт, чунки вай дар муддати кӯтоҳ сазовори боварии халқ гашта тавонист, тамоми кӯшишҳои нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятиро барои расидан ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар равона созад.»[6]
26-июли соли 1993 Раиси Комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. 4-уми сентябри соли 1993 ҷаласаи якуми ин комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаи аз нав тартиб додани лоиҳаи Конститутсия қайд гардид. Комиссияи мазкур моҳи апрели соли 1994 ду вариати лоиҳаи конститутсияро пешниҳод намуд: якум лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ, дигари лоиҳаи Конститутсия ҷумҳурии парламентӣ. Комиссияи конститутсионӣ баъди омӯзишу муҳокима варианти Конститутсияи ҷумҳурии президентиро тавсия намуд. Лоиҳаи Конститутсияи мазкур 21, 22-апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Баъд аз муҳокима ва интишор дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба райъпурсӣ тавсия гардид. Рӯзи 6 ноябри соли 1994 райъпурсии умумихалқӣ оиди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки 87,59% шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарафдории он райъи худро доданд. Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
«Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳиятан ба раванди гузариши кишвари мо аз сотсиализм ба либерализм, тамаддуни нави либералӣ, ки инсоният ба сӯи он ҳаракат менамояд, асос гузошт. Вай аз рӯи моҳият давраи навро дар таърих (амиқтар ба таври юридикӣ таъсис дод) дар давлати мо кушода, ба таври амиқ, шаклу вазифаҳои давлат, принсип ва тартиби амалигардонии он, мавқеи инсон ва шаҳрвандро муайян намуда, нишонаҳои ояндаи тағйиротҳои минбаъдаро муайян сохт» менависад, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сотиволдиев Р.Ш.[7].
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи пешқадами 100 - Конститусияҳои кишварҳои муосири ҷаҳонро таҷриба намуда, яке намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки мавқеъ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро арзиши олӣ эълон намудааст.
Дар ин муносибат Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев К.Ҳ. менависад: «Қобили таваҷҷӯҳ ва дарк муносибати дигар ба проблемаи ҷазои қатл мебошад. Чи тавре, ки маълум аст, дилхоҳ давлат, ки ҳокимияти қонунӣ дорад, барои худ ӯҳдадории ҳимояи на танҳо ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванду инсон, балки иҷрои талаботи ӯро низ ба зима мегирад. Ин муқаррарот дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эълон гардидааст».[8]
Ба сифати ин талабот маҳрум накардани инсон аз ҳаёт ба шумор меравад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-мавқеи марказиро ишғол намудааст ва бо ин роҳ адолати иҷтимоӣ барқарор карда мешавад, ки дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишӣ олӣ мебошад.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».[9]
Масъалаи таҳкими ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки доир ба масоили мазкур менависад: «Дигар масъалае, ки ҳалли ниҳоиро тақозо мекунад, муайян намудани муносибат ва ҳукми қатл дар Тоҷикистон боздошт шудааст. Воқеан, ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатл гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишонаи башардӯстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад. Аз ин лиҳоз, вақти он расидааст, ки масъалаи мазкур бо назардошти афкори ҷомеа мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода шуда, аз натиҷаи он ҷиҳати муайян намудани мавқеи давлат нисбат ба ҳукми қатл таклиф пешниҳод карда шавад».[10]
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намуда, дар боби 2-юм ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандонро кафолат медиҳад, ки аз моддаи 14 то моддаи 47-ро дар бар мегирад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу озидиҳои инсон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри ҳифзи Ватан, манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолият вазифадор менамояд: «Моддаи 43. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».[11]
Ҳамин тариқ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ ба шумор рафта, дар марҳилаи мурракаби ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон бо раъйи аксарияти мардуми Тоҷикистон қабул гардида, замина, марҳила ва хусусиятҳои хоси худро доро мебошад, ки аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ ва ҷомеашиносӣ тадқиқоти алоҳидаи илмиро тақозо менамояд.
Шарифзода Ф.Р., сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия.
Асламов Б.С., муовини сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоки журналистони Тоҷикистон, полковники милитсия.
[1]Имомов А.И. Роль Конституции в создание национальной государственности таджиков. С. 147-151.
[2]Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1992 №2. С.8.
[3] Эмомалӣ Рахмон. Таджикистан уникальный опыт мира и согласия//Народная газета 2002. №26.
[4] Куканов А.З. Становление и развитие Президентской республики в Таджикистан // Труды Академии №1, 1992.-с.41.
[5] Тафсири илмиву оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2009. С. 5.
[6] Тоиров Ф.Т. Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароркунӣ ва таҳкими сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон//Осори Академия, №5 Душанбе, 2012. С. 27.
[7] Сотиволдиев Р.Ш. Конституция Республики Таджикистан и развитие правопонимания в постсоветскою эпоху. // Труды Академии, №6. Душанбе.2003.
[8] Ниг: Солиев К.Х. Новый подход к проблеме смертной казни. // Труды Академии, №6. Душанбе 2013. С. 34.
[9] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. С.5.
[10] Эмомалӣ Раҳмон. Пайёми Президенти Ҷvмҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.04.2013. Душанбе, 2013. С.47-48.
[11] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016. С.22.