Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таърих, масъалаҳо ва рушди қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
Бахшида ба 25-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» рӯзи 4-уми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети №6 оид ба тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Раҳимзода Ҳамро ва роҳбарияти Академия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таърих, масъалаҳо ва рушди қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», баргузор гардид.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни конференсияро аз номи роҳбарияти Вазорат ва Академия ба даргоҳи илм, низом ва маърифат - Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Баъдан дар симои онҳо тамоми кормандони оперативии мақомотҳои амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба Рӯзи корманди оперативӣ ва Иди забони тоҷикӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно карда, афзуд, ки Шумо бо иштироки худ, дар баргузории ин конференсия, ки дар байни сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир мегардад саҳми арзанда гузошта, бо андеша ва муҳокимарониҳои худ дар ҳалли бисёр масъалаву проблемаҳои ҷойдошта мусоидат мекунед.
Баъдан раиси маҷлис суханро ба сардори Раёсати ташкилӣ-нозиротии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич дод. Ӯ афзуд, ки Раҳимзода Рамазони Ҳамро аз ҷумлаи ҳуқуқшиносони варзида ва пешрафтаи илми тоҷик аст, ки фаъолияти илмиву тадқиқотии ӯ ба кори амалӣ пайванд аст. Муаллифи зиёда аз 130 таълифоти илмӣ, китобҳо, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, мақолаҳо ва ғайра мебошад. Раҳимзода Рамазон Ҳамро аввалин шахсест, ки дар таърихи илми ҳуқуқшиносии ватанӣ аз ҷониби ӯ тадқиқоти диссертатсионӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ гардонида шудааст ва айни замон тадқиқоти доктории худро вобаста ба назарияи ФОҶ ва амалияи он давом дода истодааст. Алҳол ҳуқуқи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳоли ташаккул буда, бо дастгирии ин олими хушкор, он ба соҳаи мустақили ҳуқуқ табдил ёфтааст ва дар илм ба ин ҳайс шинохта шуда, дорои заминаи пурраи ҳуқуқӣ гардидааст. То ба имрӯз дар ин самт маводе бо забони тоҷикӣ мавҷуд набуд ва ин раванд муаллифро водор сохт, ки ин китоби дарсиро баҳри омӯзонидани донишҷӯён, курсантон, кормандони амалӣ ва омӯзгорон бо забони оммафаҳм пешкаш намояд, ки он аз нахустин иқдомҳо дар ин самт бо забони тоҷикӣ мебошад.
Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо омилҳое ба вуҷуд оварда шуданд, ки аз воқеияти давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва адолатпарвар гувоҳӣ медиҳад. Дигаргуниҳо дар ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофи он муайян карда шуданд. Ин гуфтаҳо, аз ҷумла, ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ дахл доранд.
Давраи нави инкишофи назария ва амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ аз соли 1993 баъди қабул шудани қонуни аввалин “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардидаст, ки имрӯз 25-солагии қабул гардидани онро таҷлил менамоем.
Вобаста ба ин, имрӯзҳо ҳуқуқи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ташаккул ёфта, он ба соҳаи мустақили ҳуқуқ табдил ёфтааст ва ба ин ҳайс шинохта шуда, дорои заминаи пурраи ҳуқуқӣ гардидааст.
Мақсади мавзӯи муҳокимашаванда, ин дуруст дарк намудани моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, ки ҳангоми дар амал тадбиқ кардани он мо ба бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ мегардем.
Бояд қайд кард, ки дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ академикҳо, олимон, муҳаққиқон ва кормандони амалии шинохтаи мақомотҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла Маҳмудзода Маҳкам Аъзам-Раиси суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Маҷидзода Ҷурахон Зоир – Раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва мудофиаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим Ғафор - Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Кенҷазода Муҳаммад Ҷалолидин – Судяи Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – Раиси Арбитражи тиҷоратии байналмилалӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, инчунин муовинон ва сардорони Раёсатҳои оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба сухан баромада, дар нисбати масъалаҳое, ки бо моҳияти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятие, ки вобаста ба содир намудани ҷиноят ва ба таври ғайриқонунӣ муайян намудан ва кушодани он алоқаманд бударо баррасӣ намуданд.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, Маҳмудзода Маҳкам Аъзам зимни сухани ифтитоҳии худ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун аксарияти давлатҳои даврони пас аз суқути шӯравӣ, соҳиби истиқолият шуд ва низоми ҳуқуқии худро дар асоси арзишҳои умумиинсонии демократӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии мардумони Тоҷикистон ташаккул медиҳад. Конститутсияи амалкунанда ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Муҳаққиқони Тоҷикистон ва олимони хориҷӣ бо як овоз мегӯянд ва тасдиқ мекунанд, ки Конститутсияи мо ба назарияи ҳуқуқи табиӣ такя мекунад ва хусусан, моддаи 5-и он, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ мехонад, гувоҳи ин аст.
Маҷидзода Ҷурахон Зоир оид ба чорабинии нави оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба гирифтани иттилоот аз компютер сухан гуфта афзуд, ки айни замон пайдоиши тарз ва усулҳои нави содиркунии ҷиноятҳо дар соҳаи иттилооти компютерӣ ва коммуникатсионӣ, ки дар асри ХХI аз ҳудуди қонунгузориҳои миллӣ берун баромадаанд, хусусан ташвишовар мебошад. Аз ин рӯ масъалаҳои ҳимояи иттилооти ошкоро ва ғайриошкоро, ҳуқуқи иштироккунандагони равандҳои иттилоотӣ аз амалҳои ҷиноятӣ дар кишвари мо ба масъалаи асоситарин табдил ёфтааст.
Масъалаи ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои компютерӣ ва коммуникатсионӣ, ки маконаш фазои иттилоотии ягона мебошад, новобаста ба мавқеи ҷойгиршавиаш, ба амнияти дохилӣ ва байналмилалӣ таҳдид мекунанд. Ин зарурат таваҷҷуҳи бештари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ба ташкили муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои компютерӣ ва зарурати гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣро бо номи гирифтани иттилооти компютерӣ ба миён меорад.
Инчунин ӯ ба проблемаҳои мавҷудаи чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гирифтани иттилооти компютерӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ назаре намуда, устувор кардани нақши чорабинии мазкурро дар илми ҳуқуқ ва созмон додани заминаҳои ҳуқуқӣ барои истифода ва инкишофи муътадили онро дар шароити имрӯза, мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дод.
Баъдан Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар мавзӯи «Проблемаҳои назариявӣ ва амалии сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» маърӯзаи илмӣ намуда, қайд кард, ки муваффақияти кори ин самт аз таълим ва омӯзиши истифодаи дурусти қувва, восита, усули ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ибтидо меёбад ва ба ин васила тадриҷан бунёди саводи пухтаи корманди оперативии бомаърифат гузошта мешавад. Дилхоҳ фаъолият дар худ мақсад, восита ва натиҷаро доро мебошад. Ноил шудан ба мақсадҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ФОҶ» пешбинӣ намудааст, танҳо тавассути муваффақона ҳал намудани вазифаҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ таъмин карда мешавад. Асоси таҳкурсии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз истилоҳоти оперативӣ иборат аст. Пайдоиши истилоҳот дар фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳодисаи тасодуфӣ ва берун аз ихтиёри аҳли ҷомеа нест. Ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як давра истилоҳоти зиёде аз давлатҳои собиқ шуравӣ гузаштанд. Ин ҳодиса ба он шароитҳои сиёсиву иҷтимоие, ки вобаста ба давраҳои тараққиёти таърихӣ ба сари халқи тоҷик бор гардида буд иртибот мегирад. Албатта, истилоҳоте, ки сирф маншаи тоҷикӣ дорад, ё аз давраҳои пешинаи тараққиёти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ қадима ба мерос мондаанд, низ кам нестанд. Аммо рафти тараққиёти зиндагӣ, навигариҳои илму техника, табаддулоти сохти ҷомеа боз истилоҳоти нав ба навро тақозо мекунад, қайд намуд дар баромади худ Раҳимзода Рамазон Ҳамро.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад Раҳматҷонзода Рифат Раҳматҷон - сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ», Худоёрбеков Давлат Худоёрбекович - муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзӯи “История возникновения и развития оперативно-розыскной деятельность и современность” ва Ғайратов Темуршо Муборакшоевич –муаллими калони кафедраи фанҳои ҳуқуқии Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковник, дар мавзӯи «Рол и место оперативно-розыскной деятельности в государственной системе противодействия преступлениям против основ конституционного строя и безопасности государства» баромад намуданд.
Зимни суханронии хотимавӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар миннатдории худро барои қадршиносии меҳмонон ва иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баён дошта зикр намуд, ки боиси ифтихор ва хурсандист, ки факултети №6, оид ба тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пайваста таҳти сарпарастӣ ва дастурдиҳии муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.
Аз ин лиҳоз ҳайати профессорон ва омӯзгорони Академияи ВКД ҶТ ин чорабинии муфиди илмиро хуш пазирифта, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар ҷодаи наздик намудани дастовардҳои илмӣ бо амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд.
Файзалӣ Қосимов, Бозоралӣ Асламов,
Шавкат Убайдуллоев,
омӯзгорони Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон