Ҷавонони парчамбардори миллат
Сиёсати созандагию бунёдкории ҳукумати кишвар сабаб гардид, ки соҳаи варзиш аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатамон заминаи аввалинро аз таъсису барқарор кардани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзиши солимгардонӣ ва ширкатварзии варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин бо ҳамин роҳ густариш бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генефонди миллат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад».
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни на танҳо варзишгарон, балки инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Илова бар ин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад. Варзиш фурутаниву шикастнафсӣ, шаффофию тозакориҳоро талаб менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ овардани ҷавононро ба варзиш асоси беҳдошти ҷомеа дониста, қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасозӣ давлату миллатанд.
Дар Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантони солиму бақувват, варзишгарони муаррифгари миллату давлат ва афзунгари шаъну шарафи Ватанро тавсифбахшанда таҳсил мекунанд. Барои курсантон Сидиқов Пайрав ва Эшонқулова Мубинахон касби пурифтихор – ҳамчун ҳомии тартибот, ҳимоятгари Ватан будан насиб гаштааст, зеро мақомоти корҳои дохилӣ ҳимоятгар ва таъминсозандаи ҳаёти осоишта мебошад. Шахсоне, ки дар сафи чунин мақомот ҳастанд аз нафарони ҷасуру тавоноянд. Онҳо барои нигоҳ доштани тартибот ва таҳкими сулҳу осоиштагӣ ҳамеша пайи хизматанд. Ин нафарон мекӯшанд то дар ҷомеа тартибот таъмин бошад. Онҳо барои ободию шукуфоии Тоҷикистони ба ҷону дил баробар хизматҳои беназирашонро дареғ намедоранд.
Курсантони Факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои Ҳукумати кишварро қадр намуда, ҳамеша пайи омӯзиш илму дониш ҳастанд. Соли равон барои курсантон Сидиқов Пайрав ва Эшонқулова Мубинахон соли хотирмон буд, зеро дар ин сол ин нафарон дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки васеъ намуда, соҳиби медалу Ифтихорномаҳо гардиданд.
Сидиқов Пайрав Арабшоевич, 13-уми майи соли 1999 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри душанбе таваллуд шудааст. Соли 2006 қадамҳои нахустинашро ба Гимназияи №74-и пойтахт гузоштааст. Баъд аз чанд муддат таҳсилашро дар муассисаи хусусии «Ирфон» давом додааст. Дар айни замон дар курси 1-уми факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дорад.
Сидиқов Пайрав ҳанӯз дар хурдсолӣ орзуи варзишгар шуданро дар дили кӯчаки худ мепарварид. Ин орзу Пайравро ба ҷодаҳои баланд раҳнамун месохт ва роҳбаладӣ мекард. Орзуе, ки Пайрав дар қалб мепарварид, ҷомаи амал пушиду дар синни 10 солагӣ ба варзиш машғул шуданро оғоз намуд. Барои амалӣ гаштани орзуҳояш Пайрав кӯшиш мекард. Натиҷаи кӯшишу заҳматҳояш буд, ки Пайрав ба қуллаҳои баланди варзиш ноил гардид. Ӯ мехост ба толорҳои варзишӣ рафта тамрин намояд. Ин хоҳишаш низ амалӣ гардид. Дар толорҳои бонуфузи пойтахт тамрин менамуд. Тӯли ду сол ба варзиши каратэ машғул гардид. Баъди чанд муддат каратэро ба бокс иваз намуд. Дар тӯли панҷ соли охир ба гӯштини дзю-до машғул гардид. Дар ин муддат тавонист, ки дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намояд ва ҷойҳои намоёнро сазовор гардад.
Аввалин мусобиқае, ки Пайрав дар он иштирок намуд ин мусобиқаи вилоятӣ буд. Пайрав тавонист дар ин мусобиқа ҷои 2-юмро ишғол намояд. Иштироки Пайрав дар бисёр мусобиқаҳо ба назар мерасид. Хонаводааш аз он меболиданд, ки чунин фарзандро ба камол расондаанд. Ӯ дар мусобиқаҳои зиёд иштирок мекард ва кӯшиш менамуд то сазовори ҷойҳои намоён гардад. Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ барои Пайрав таҷриба гардид ва ӯ иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро шурӯъ кард. Дар мусобиқае, ки дар давлати Қазоқистон баргузор гардид, Пайрав сазовори ҷойи 3-юм шуд. Инчунин дар мусобиқаҳо дар намуди муҳорибаҳои омехта иштирок кардааст. Ӯ ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ гардида, номзади устоди варзиш шудааст. Соли 2016 унвони қаҳрамониро дар риштаи варзиши сабук ба даст овард. Соли 2017 бошад дар намуди муҳориботи омехтаи ММА-FCF чемпион гардид.
Эшонқулова Мубинахон Отабековна бошад 10-уми январи соли 1999 дар деҳаи Саидқурғони ноҳияи Спитамен ба дунё омада, МТМУ №14-и ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкурро хатм намудааст. Айни замон курсанти курси 1-уми Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мубинахон низ дар хурдсолӣ ба варзиш майлу рағбат дошт, ӯ мехост парчамбардори ватани маҳбуб гардад. Бо ҳамин нияту орзуҳо бо падар маслиҳат кард, ки мехоҳад ба варзиш шуғл варзаду дар ин ҷода чемпион шавад. Падар хоҳиши Мубинахонро рад карда натавонист, зеро ӯ ягона духтараш буд. Вақте падар розигӣ дод, Мубинахон ҳанӯз 12 сол дошт. Аввалин намуди варзише, ки ӯ интихоб кард ин каратэ буд. Дар муддати дусол Мубинахон тамрини каратэ намуд ва барои иштирок дар мусобиқаҳо тайёрӣ медид. Аммо падар барои иштирок дар мусобиқаҳо ба ӯ монеъ гардид, зеро варзише, ки Мубинахон интихоб кард аз дигар намудҳои варзиш ба куллӣ фарқ мекард. Бонуи тоҷик метавонист аз ин намуди варзиш ҷароҳатҳои зиёд бардорад, аз ин рӯ падар нахост, ки ягона духтараш ягон ҷароҳат бигирад. Баъдан Мубинахон хост намуди варзишро иваз намояд. Ба намудҳои варзиши сабук ошно гардид ва ҳар якеро дар худ месанҷид то бифаҳмад, ки дар кадоме қобилият дорад. Ӯ партофтани путк ва найзаро интихоб кард, зеро муддати дусоле, ки ӯ тамрини каратэ намуд дастаҳояш бақувват гардида буданд. Бо шавқу ҳавас ба ин намуди варзиши машғул мешуд.
Баъди чандин моҳҳои тамрин дар байни муассисаҳо мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардид. Ӯ аввалин маротиба дар мусобиқа иштирок кард. Хатоиҳою камбудиҳои худро бо устодаш якҷоя ислоҳ менамуд. Ӯ аллакай иштирокчии мусобиқаҳои байнимактабӣ гардида буд. Хеле зиёд тамрин менамуд то дар мусобиқаҳо ғолиб ояду сазовори ҷойҳои намоён гардад. Баъди иштирок дар мусобиқаҳои байнимактабӣ ба мусобиқаи ноҳиявӣ роҳхат гирифт. Партофтани путк ба ӯ мушкилӣ мекард ва ӯ хост ин намудро ба теладиҳии ғулула иваз намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аввалин мусобиқаи вилоятие, ки ӯ дар он иштирок кард дар майдони Спартак баргузор гардид. Мубинахон тавонист дар ин мусобиқа ҷойи аввалро ишғол намояд ва ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирад.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар пойтахт, яъне дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Мубинахон аз намуди тела додани ядро ҷойи якум ва аз партофтани найза ҷойи 2-юмро сазовор гашт. Дар тамоми намудҳои варзиши сабук худро месанҷид. Ду маротиба ҷоизадори мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди варзиши сабук гардид. Вақте чемпиони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид, аллакай ӯ курсанти Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ин бонуи тоҷик қариб як сол мешавад, ки дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона менамояд. Дар мусобиқаи вилоятие, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Рӯзи Конститутсия доир гашт, Мубинахон иштирок намуда сазовори ҷои аввал гардид ва ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳат пайдо намуд. Санаи 9 ва 10-уми ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рузи парчам мусобиқа доир гашт.
Шогирди мо аз ин мусобиқа бенатиҷа барнагашт, балки ҷои якумро аз тела додани ядро ва ҷойи дуюмро аз партофтани найза соҳиб гашт, маротибаи 2-юм чемпиони ҷумҳурӣ гардид. Соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардудмӣ дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид. Мубинахон дар ин мусобиқа низ иштирок карда сазовори ҷойи аввал ва роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бошад ҷойҳои 2-юм ва сеюмро ишғол намуд.
Имрӯз ин нафарон дар сафи фаъолтарин афроди ҷомеа мавқеи устувор ва пешбар доранд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгаронро муаррифгари миллату давлат ва афзунгари шаъну шарафи Ватан тавсиф бахшиданд, ки ин бешубҳа, комилтарину муъҷазтарин тавсиф ба варзишу варзишгарон аст.
Пайрав ва Мубинахон фахри факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар оянда онҳо метавонанд парчамбардори давлату миллат шаванд, яъне номи миллату кишварро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардоранд. Онҳо парчамбардорӣ ватананд.
Роҳбарияти Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии чунин ҷавонони боистеъдод мекушанд ва мехоханд ин гуна ҷавонон фахри факултет бошанд. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд, ки «Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад».
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия,
Алоев Қ., сардори воҳиди таълимӣ – низомӣ, курси якум, капитани милитсия.