Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусусиятҳои психологии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил дар шароити муосир: таҳлили илмӣ

2632Саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ хеле зиёд буда, дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мақомоти милитсия дар сафи пеши мубориза мебошад. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеъа равона шудааст. Пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷтноятҳои хатарноки муосир-терроризм, экстремизм, хариду фуруши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ нигаронида шудааст1. Аз ҳама зиёд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъсири психологӣ мебинанд, азият ва ранҷ мекашанд. Мутаасифона ин таъсири психологӣ ба дараҷаи зарурӣ тадқиқ нашудааст. Бо инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеъа ҷинояткорӣ низ хусусиятҳои навро ба худ мегирад. Ҳоло дар баробари тамоми ҷиноятҳои содиршуда ҳам бо ақидаи психологҳо ва ҳам ҳуқуқшиносон ҷиноятҳои зуҳуроти террористӣ ва экстримистӣ дошта хатари глобалиро барои тамоми башарият ба вуҷуд овардаанд. Албатта пайдоиш ва инкишофи ҷинояткориҳо ҳам омилҳои иҷтимоӣ ва ҳам омилҳои психологӣ доранд. Солҳои охир дар тадқиқ, кушодан ва пешгирии ҷинояткориҳо дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ психологҳо низ фаъолона ширкат меварзанд. Ба омӯзиши масъалаҳои марбути ба ҷинояткорӣ психологияи криминалӣ2 машғул мебошад. Психологияи криминалӣ аз тарафи бисёр олимон аз қабили Кудрявтсев В.Н.3. Аванесов Г.А4., Поршнев Б.Ф5., Дубинин П.П., Карпетс И.И., Кудрявтсев В.Н., Познишев С.В6., ва дигарон тадқиқ шудаанд. Лекин ҳоло ҳам проблемаҳои гуногун дар ин самти муҳим вуҷуд доранд. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ғайр аз донишҳои ҳуқуқӣ инчунин донишҳои психологиро талаб менамояд, ки мутаасифона аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба таври самаранок истифода бурда, намешаванд. Агар донишҳои психологӣ ба таври васеъ истифода гарданд, ин ҳам кушодашавии ҷиноят ва ҳам пешгирии онро осон мегардонад.

Дар содир намудани ҷиноятҳо хусусиятҳои психологӣ, намуди системаи асаб, миҷоз, хислат нақши муҳим дорад.
______________________________________________________________
1Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон// «Қонун ва ҷомеа» №17 аз 25-апрели соли 2008.
2Психологияи криминалӣ-яке аз соҳаҳои психологияи ҳуқуқӣ мебошад (муаллиф).
3 Кудрявцев В.Н.-Причины провонарушений М., 1976.
4Аванесов Г.А. Криминалогия и социальная профилактика М.,1980.
5Прошнев Б.Ф. Социальная психология и история М., 1968.
6 Дубинин Н.П., Корпец И.И., Кудрявцев В.Н., Генетика.Поведение. Ответственность М., 1989.
6 Познышев С.В. Криминальная психология М., 1926.


Ба ақидаи Поршнев Б.Ф., «ҳама вақт бояд дар доираи назорат дар психология ду тарафи масъала: иҷтимоӣ ва физиологӣ гузошта шавад, ки ба фард ва эмотсияҳои он мо дар асоси моддӣ муносибат намуда, хусусиятҳои физологӣ-инфиродии онро ошкор месозем»1.
Заминаҳои психологӣ, хусусиятҳои ғайри муътадили рӯҳ ва ҷисми инсон дар содир намудани ҷиноятҳо нақш дорад, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ онро бояд донад. Аз ҷумла Аванесов Г.А., дар тадқиқоташ «криминология ва профилактикаи иҷтимоӣ» заминаҳои зерини биологиро дар рафтори манфии инсон нишон додаст:
• Паталогияи талаботҳои биологӣ, ки дар содир кардани ҷиноятҳои ҷинсӣ ба назар мерасанд.
• Бемориҳои асабӣ-рӯҳӣ, ки системаи асабро ба ҳаяҷон меорад ва назорати иҷтимоиро аз рӯи рафтор мушкил мегардонанд.
• Бемориҳои ирсӣ, бадмастӣ, ки 40% кӯдакони камақл азият мекашанд.
• Шиддату сарбориҳои психофизиолгӣ, ҳолатҳои низоъ, тайғироти химиявии муҳити атроф, истифодаи намудҳои нави энергия, ки ба бемориҳои рӯҳию ҷисмонӣ оварда, омили иловагии криминалӣ мегарданд2.
Дар фаъолияти гуногунҷабҳаи мақомоти корҳои дохилӣ чӣ тавре, ки дида мешавад, унсурҳои психологӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла барои ба таври чуқур ва пурра омӯхтани хусусиятҳои психологии шахси айбдоршаванда муфаттиши мақомоти корҳои дохилӣ (умуман ҳамаи муфаттишони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) бояд масъалаҳои зерини рӯзмарраро ҳал намоянд:
• Ба таври дуруст квалификатсия (тасниф) намудани ҷинояти содиршуда. Ба ин муайян намудани ҳолати рӯҳии содиркардани ҷиноят (масъалаи аффектӣ), майлонҳои содир намудани ҷиноят, муайян кардани нақши айбдоршаванда дар гурӯҳи ҷиноятӣ ва ғайра.
• Интихоби усулҳои тактикӣ ҳангоми ҳарактҳои тафтишотӣ (махсусан ҳангоми пурсиш), донистани хусусиятҳои психологии шахсияти зери тафтишот қарор дошта.
• Таъсири тарбиявӣ ба шахси ҳуқуқвайронкунанда бо мақсади ба зуди дар пурсиши аввал ба ҷомеъа мутобиқгардонии он, донистани хусусиятҳои инфиродии вай аз тарафи муфаттиш.
• Кор оиди муайян намудани сабабҳои ҷинояти содиршуда ҳамаи вақт самаранок гузаронида мешавад, ки агар муфаттиш ба таври чуқур ва ҳаматарафа хусусиятҳои психологии айбдоршавандаро омӯзад. Албатта бояд корманди мақомоти корҳои дохилӣ донад, ки донишҳои психологӣ муҳим мебошанд, аммо дар кушодани ҷиноятҳо паҳлуҳои криминалистӣ, маҷмӯи донишҳои илмӣ лозим аст.

________________________________________________________
1.Порошнев Б.Ф. Социальная психология и история М., 1968. – С.151.
2.Аванесов Г.А. Криминалогия и социальная профилактика» М., 1980. - С.226-230.

Ҳангоми тафтиши ҷиноятҳои вазнин, ки аз тарафи гурӯҳҳо содир шуда аҳамияти калонро омӯзиши ҷиҳатҳои криминалистӣ шахсияти айбдоршаванда мебозад. Мазмун ва дараҷаи омӯзиши криминалистӣ аз ҳолати айбдоршаванда дар гурӯҳи ҷиноятӣ, мавқеи вай дар тафтишот гуногун мебошад. Дар муносибат айбдоршавандаи «мушкил», ки нишондоди бардурӯғ медиҳад, омӯзиши доираи васеъ хусусиятҳои психологӣ барои муайян кардани тактикаи дурусти кор бо онҳо (барои интихоби тактикаи пурсиш, гузаронидани рӯ ба рӯкунӣ, иқроршавӣ ва ғ.ҳ.) муҳим аст. Ин чунин маъно надорад, ки аз омӯзиши криминалистии чунин айбдоршаванда даст кашидан мумкин нест, донишҳои психологӣ имкон медиҳанд, ки баҳои дуруст ба нишондодҳо ва гузаронидани тафтишот дода шавад. Муайян намудани сабаб ва шароитҳои содирнамоии ҷиноят дар асоси омӯзиши хусусиятҳои психологии шахсияти айбдоршаванда- ин танҳо мақсад нест, балки қисми таркибии тамоми кори муфаттиш аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ бо мақсади иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ оиди пешгиринамоии ҷинояткорӣ мебошад.
Дигар самти муҳими хусусиятҳои психологии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ин дониста гирифтани шакли мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил мебошад. Хусусиятҳои хоси ҷиноятҳои муташаккил ин пеш аз ҳама ин созхмон додани гурӯҳи ҷиноятие мебошад, ки дараҷаи баланди худидоракунӣ, сохтори зиндагии иборат аз 3-зина; дараҷаи баланди идоракунӣ роҳбарӣ, тобеъият ва тақсимоти вазифаҳоро дар байни ҷинояткорон дорад. Дар бисёр ҳолатҳо ин гурӯҳои ҷиноятӣ сохтори аҳромшакл доранд, ки дар қисмати болоии он сарвари гурӯҳи ҷиноятӣ меистад, ки дар атрофии он гурӯҳи начандон калоне меистод, ки қарорҳои асосиро қабул менамоянд. Ҷиҳати муҳим он аст, ки худи гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз донишҳои психологӣ ба таври васеъ истифода мебаранд ва гурӯҳи машваратии онҳо дастурамалҳои психологиро омӯхта дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Дар илми психологияи криминалӣ қисми махсус вуҷуд дорад, ки таъсисёбии гурӯҳҳои ҷинояткорӣ, сохтор, тақсими вазифаҳо, механизмҳои психологии идоракунии онро тадқиқ менамояд, аз ин лиҳоз кормандони дастгоҳи оперативӣ бо донишҳои психологӣ бояд муҷаҳаз бошанд.
Таҳлили гурӯҳи ҷинояткорӣ аз тарафи таҳқиқчиён иштирокчиёни онро муайян намудаанд:
• Ташкилотчии гурӯҳ ба таври пурра ва иштирокчиёни алоҳидаи он.
• Иҷрокунандаи минтақаи «масъул»
• Иҷрокунандаи дуюмдараҷа
• Мухолиф, «зинаи суст»-и гурӯҳ (метавонад шахси боирода бошад), -субъекте, ки ба содир кардани ҷиноят ботинан розӣ нест, ки дар он ширкат меварзад. Аксар вақт ин зина дар гурӯҳ низоъро ба вуҷуд меорад. Омилҳои ташаккулдиҳандаи гурӯҳҳои ҷинояткор инҳо мебошанд:
а) мутаҳиддии он
б) умумияти талаботҳои ҷиноятӣ
в) таваҷӯҳи шахсӣ
г) меъёрҳои умумии рафтор, боварии ягона, ноқисии шуури ҳуқуқӣ ва ғайра

Барои гурӯҳҳои ҷиноятӣ нишонаҳои зерин хос мебошад:
• муташаккилӣ- дар сохтори зинагии пурзӯр, интизоми қатъӣ, тобеъияти зинаи поёнӣ ва зинаи болоӣ.
• Устуворӣ- робитаҳои мустаҳкам ва дарозмуддат ва қобилияти барқароршавӣ баъди он.
• Муттаҳиднокӣ- дар дараҷаи алоқа, ягонагии аъзоён. Сабабҳои муттаҳиднокӣ.
• Ҳимоятнокӣ-мавҷудияти қисматҳои ҳимоя дар сохтор, таъмини дастгоҳитаъсири рӯҳи ва зӯроварии ҷисмонӣ.
Махсусан баъд аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ васеъ мегардад. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ на танҳо аз донишҳои психологияи касбии дастгоҳи оперативӣ бохабар шуданд, балки ба ақидаи аксар олимон бисёр кадрҳои ВКД, мақомоти бехатарӣ бо илати кам будани маош ба сохторҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои хусусии муҳофизат, бюроҳои кофтуковӣ рафтанд. Мувофиқи маълумотҳо бисёр китобҳои тахассусӣ ва ҳатто дастурамалҳо ба дасти ҷинояткорон расид, ки аз рӯи донишҳои психологӣ ва касбӣ сафҳои худро мустаҳкам намуданд ва ин ба касбӣ шудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ оварда расонид.Дар замони муосир бо инкишофи илму техника ва ҷорӣ шудани техналогияҳои нави иттилоотӣ ҷинояткорӣ ба худ хусусиятҳои нав касб мекунад, ки аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ донистан ва дар амал ҷорӣ намудани донишҳои психологиро дар баробари дигар илмҳои махсус талаб менамоянд. Хулоса, дар баробари омилҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ омил ва сабабҳои психологии содиршавии ҷинояткорӣ низ мавҷуд аст, ки тадқиқотҳои соҳавиро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ талаб менамояд.


Ҳазратзода Ҷасур Тағой муаллим - методисти калони қисми таълимии факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия


_____________________________________________________________
1. Гуров А. Организационная преступность не миф, а реальность М., 1992. - С.23-31.
2. Самонов А.П.. Психология преступных групп Пермь, 1991. – С.17-25.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...