Парчамдорӣ далели давлатдорист!
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо маҳсуб меёбанд. Рамзҳои давлатӣ ифтихор ва эҳтироми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар моддаи сеюми Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон чунин омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии хешро донанд. Рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзи муттаҳидии мардуми он, дӯстиву бародарии намояндагони тамоми қавму халқҳои дар ҳудуди кишвар сукунатдошта мебошад.
Ҳар як кишвари ҷаҳон бо мақсади худро шиносонидан ба оламиён рамз ва парчами худро дорад. Дар ин замина яке аз аввалин нишонаҳои кишвардории тоҷикон аз он иборат аст, ки дар давраҳои қадим онҳо соҳиби парчаме бо номи Дирафши Ковиёнӣ буданд, ки онро Ахтари Ковиён ҳам меномиданд. Аз рӯи ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ, Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба мубориза бархостааст, ки онро Дирафши Ковиён мегӯянд.
Мардум дар зери ин парчами нахустин аз паси Коваи оҳангар барои додхоҳиву бунёди адолат бар зидди ҷабру зулм ва беинсофии Заҳҳоки морон ба по хестанд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ин манзараро чунин ба тасвир додааст:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Ва Коваи оҳангар нахустин парчамбардори таърихи мо дар зери ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситод тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.
Дар ин сатрҳои ҳакими Тӯс ба як ҷиҳат бояд аҳамият дод - ба он оҳанги мутантани гуфтори Фирдавсӣ, вақте ки ӯ дар бораи дирафши ковиёнӣ - аввалин Парчами миллии мо сухан мекунад. Сухани Фирдавсӣ дар ин маврид пур аз эҳсосоти ватандӯстиву адолатпарварӣ, ифтихору арҷгузорӣ ба ин аввалин парчами миллии мост. Ин далели он аст, ки шоири бузург чӣ қадар арҷ гузоштааст ба ин парчам, ба нақши бузург ва ҳадафи хуҷастае, ки парчами каёнӣ пайгирӣ кардааст.
Ин аст, ки шарафу нангу ифтихори парчамдорӣ дар вуҷуди миллати мо ҳанӯз чандин ҳазорсолаи пеш афрӯхта шуда буд. Ин аст, ки имрӯз баъд аз ҳазорсолаҳо, баъди ба вуқӯъ пайвастани армони дерини халқамон — озодиву истиқлолияти миллӣ халқи тоҷик бо чи нишоту фараҳ ва ифтихори бузург аз Парчами миллӣ истиқбол намуданд. Аз ин рӯ дар муносибат ба Парчами миллиамон- ин муқаддасоти Ватан, бояд бисёр эҳтиёткор бошем, Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост, ки қиматар аз ҷон аст. Бинобар ҳамин муносибати мо ба парчами миллӣ бояд фавқулода боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ буда, анъанаи таърихию фарҳангии чандинсолаи тоҷиконро инъикос мекунад. Он аз матои росткунҷаи се рахи рангдор - сурху сафед ва сабз иборат аст.
Ранги сурх - мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳану сарзамин.
Ранги сафед - рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ.
Ранги сабз - сарсабзии зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошад.
Тоҷ дар Парчам рамзи истиқлолияту озодии кишвар ва ҳафт ситора рамзи ҳафт гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон - Суғду Зарафшон, Ҳисору Рашт, Вахшу Хатлон ва Бадахшон мебошанд.
Агар ба таърихи парчами солҳои пешин назар афканем, то пазириши парчами кунунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1935, 1940, 1946, 1953 ва 1991) шакли он иваз карда шудааст.
Дар Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки барафрохтани Парчами давлатӣ дар болои биноҳое, ки иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони халқҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳия гузаронида мешаванд, дар тамоми давраи гузаштани иҷлосия; дар болои биноҳои Маҷлиси Олӣ, қасри Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳа доимӣ; дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ - дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои таърихие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои нақлиётӣ ва ғайра.
Дар мавридҳои муносиб бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар биноҳои райъдиҳӣ рӯзҳои интихобот ва райъпурсӣ; дар қисмҳои ҳарбӣ тибқи оинномаи артиш; дар постгоҳҳои марзӣ ва гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон; тибқи амри ҳукумат ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷаншҳо иҷозат дода мешавад.
Мутобиқи Низомнома иҷозат дода шудааст, ки тасвири парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёбад.Парчами давлатӣ метавонад дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он бо мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид ба Парчами давлатии Тоҷикистон беҳурматӣ содир нашавад. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин пешбинӣ менамояд, ки ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатӣ роҳ медиҳанд, чун гунаҳкор мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии кишвар Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашро нисбати ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон баён карда буданд.
Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола қайд карда мешавад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи масъулиятҳоест, ки ҳар фарди бонангу номус бояд бо он дар муносибати нек бошад. Барангехтани ин эҳсосот дар сиришти наврасону ҷавонон ба зиммаи мактаб, оила ва ҷомеа бор аст. Ин се ниҳод бояд масъулиятро мустақиман дар якҷоягӣ пайгирӣ намоянд. Эҳтиром доштани Парчами миллӣ яке аз ҳадафҳои ватандӯстонаи ҳар фарди бедордилу хештаншиноси миллат маҳсуб меёбад.
Акнун Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонии миллӣ ва умед ба фардои давлати ҷавони Тоҷикистон аст. Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳар фарди ҷомеа ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам, Суруди миллӣ эҳтироми хоса дошта бошад, зеро ин ҳама инъикосгари ҳаёти осоиштаи мост.
Сардори курси 3-юми воҳиди таълимӣ факултети №2 Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳиён Ш.Ш.







































































































































































