ИЛМ ВА ВИҶДОН МУҚОБИЛИ ХУРОФОТ: БО ТАКЯ БА ТАЪКИДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар ҳар марҳилаи рушди тамаддуни башар миёни ду нерӯи муқобил: ақлу илм, ки ҷаҳони воқеиро меомӯзанд ва хурофот, ки ҷаҳони ноаёнро бо аломат маънидод мекунад, тафовут вуҷуд дорад. Агарчи дар назарияи илми муосир хурофот эътиқоди ботил ва нишонаи ҷаҳолат шумурда мешавад, аз диди фалсафӣ он аз решаҳои ҳастии инсон, аз лиҳози герменевтика маънои тарсро дорад.
Афкори Пешвои миллат дар бораи решакан кардани хурофот ва ҷойгузини он бо илм ва маърифат, на танҳо як даъвати сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, балки як баёнияи фалсафии ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ низ мебошад. Дар ин ҷо мо бо як нуқтаи аслии тафаккур рӯ ба рӯ мешавем: инсоният ҳамеша дар марзи миёни хурофот ва ҷаҳони илм зиндагӣ мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаи муосир бояд аз хурофот ва ҷаҳолат раҳоӣ ёбад ва роҳи ягонаи ин раҳоӣ илм, маърифат ва худшиносӣ мебошад.
Хурофотро Пешвои миллат ҳамчун решаи ҷаҳолат муаррифӣ мекунанд. Аз диди онтологӣ, ин маънои онро дорад, ки хурофот на танҳо як иштибоҳи зеҳнӣ, балки як шакли будан дар ҷаҳон аст, ки инсонро аз маърифати воқеӣ ҷудо мекунад. Пешвои миллат таъкид мекунанд: “Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”.
Дар афкори Пешвои миллат маълум мегардад, ки танҳо миллатҳое ба пешрафту комёбӣ ноил шудаанд, ки ба ҷои хурофот ва ҷаҳолат ба илм ва маърифат такя карданд. Яъне, агар анъанаҳои гузашта бо рамз ва хурофот пур шуда бошанд, пешрафт танҳо вақте имконпазир аст, ки бо уфуқҳои навин - уфуқи маърифат ва илм кушода мешавад. Дар ин ҷо мо бо таҳаввули дарки таърихӣ рӯ ба рӯ мешавем. Хурофот бештар бо тарси кӯр-кӯрона инсонро танзим мекунад, дар ҳоле ки илм ва маърифат ба инсон виҷдони озод мебахшанд. Пас, ин даъват танҳо сиёсӣ нест; он як даъвати онтологӣ, маърифатшиносӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки ба мо роҳи баромад аз ҷаҳолат ба рӯшноии маърифат ва худшиносии миллиро нишон медиҳад. Таърихи миллатҳои ҷаҳон собит кардааст, ки танҳо миллатҳое ба пешрафту комёбӣ ноил шудаанд, ки ба ҷои хурофот ва ҷаҳолат ба илм ва маърифат такя карданд.
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 14 апрели соли 2015 бахшида ба Рӯзи илм изҳор намуда буднд: “Илм метавонад ҳама гуна асрору нодониро равшан созад ва хурофотро аз тафаккури инсон дур кунад. Мо бояд наслҳои ояндаро бо рӯҳи илм ва хирадгароӣ тарбия кунем”.
Пас, аз баҳс дар бораи он ки хурофот на танҳо иштибоҳ, балки шакли ибтидоии маъниофарӣ аст, метавон илова кард:
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба нақши илм дар мубориза бо ҷаҳолат мегӯянд: «Мо бояд решаҳои ҷаҳолат ва хурофотро аз тафаккури мардум решакан созем. Зеро ҷомеае, ки аз донишу маърифат дур аст, ба хурофот ва таассуб гирифтор мешавад».
Хурофот ҳамчун таҷрибаи маънавии инсон дар баробари асрори ҳастӣ зуҳур кардааст. Башарият, ки дар рӯ ба рӯи нерӯҳои табиат худро нотавон мебинад, ҷаҳонро бо рамз ва нишона тафсир мекунад. Ба таъбири файласуфи франтсавӣ Пол Рикёр “ Рамз ҳамеша зиёда аз худ мегӯяд”.
Ҳамин тавр, ҳар рӯйдоди тасодуфӣ ба ҳар ҳодисаи ноаён табдил меёбад. Дар асл, хурофот на танҳо иштибоҳи мантиқ, балки шакли ибтидоии маъниофарӣ ва муколамаи инсон бо ҳастӣ мебошад.
Хурофот таҷрибаи инсон аст дар ҷаҳоне, ки маънии ниҳоӣ надорад. Файласуф ва рӯҳшиноси австралиягӣ Виктор Франкл мегуяд: «Инсон метавонад қариб тамоми ранҷро таҳаммул мекунад, агар маъное барои он пайдо кунад». Хурофот ҳамин маъноро ба шакли ибтидоӣ месозад: он изтиробро бо асорат ором мекунад ва ҷаҳони тасодуфиро ба як низоми маънавӣ табдил медиҳад.
Аз нигоҳи герменевтикӣ, хурофот ҳамеша анъанаро интиқол медиҳад. Файласуфи немис, асосгузори фалсафаи герменевтикӣ Ҳанс-Георг Гадамер бошад, мегӯяд: «Фаҳмиш ҳамеша дар анъана ҷой дорад». Пас, хурофот на танҳо мероси ҷаҳолат, балки қисми хотираи таърихӣ ва уфуқи анъанавии фаҳмиш аст, ки дар он таҷрибаи инсоният дар бораи асрори ҳастӣ ба наслҳо интиқол меёбад.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳо, нишон медиҳанд, ки агар илм ҷаҳонро ба воситаи таҷриба ва қонун фаҳмонад, хурофот ҷаҳонро ба воситаи рамз ва маъно шарҳ медиҳад. Омӯзиши хурофот ба мо имкон медиҳад, ки решаҳои маърифат ва фарҳанги инсоният, гузариши ӯ аз тарс ба маъно ва аз рамз ба илмро дарк намоем.
Аслан мафҳуми хурофотро бояд шарҳ дод.
Хурофот, дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ҳамчун эътиқоди ботил, боварҳои беасос ва дур аз ақлу мантиқ, ки бештар аз нодонӣ ва тарс сарчашма мегиранд, шарҳ дода шудааст.
Эътиқоди кӯр-кӯрона, ба шахс бовар мекунад, ки баъзе ашё, рақам ё ҳаракат метавонад ба зиндагии ӯ хушбахтӣ ё бадбахтӣ меоварад.
Набудани асоси илмӣ ин гуна эътиқодҳоро бештар ба миён меорад, ки ба таҷриба, озмоиш ё далели илмӣ такя намекунанд.
Манбаъҳои фарҳангӣ ва таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки хурофот аз одатҳои аҳди қадим, динҳои ибтидоӣ ва ҷаҳонбинии мардумӣ сарчашма мегирад.
Хурофот як шакли маърифатии ивазкунанда аст: вақте ки ақл ва илм ҷавоби равшан намедиҳанд, одамон тавассути аломатҳо ва рамзҳо ҷаҳони худро шарҳ медиҳанд.
Аз диди иҷтимоӣ, хурофот ҳамчун воситаи назорати рафтор ва ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ амал мекарданд. Масалан, парҳез аз баъзе амалу одатҳо.
Аз нигоҳи равоншиносӣ, онҳо воситаи коҳиши изтироб мебошанд: шахс бо иҷрои як маросим ё риояи як қоидаи ғайримантиқӣ худро ором ҳис мекунад.
Дар забони тоҷикӣ бештар калимаи хурофот истифода мешавад, ки решаи арабӣ дорад ва маънояш гуфтори ботил ё афкори беасос мебошад. Боварии ботил, шакли равшантар ва фаҳмотар барои истифодаи илмӣ мебошад.
Хурофот дар фарҳанги форсии Амид, эътиқодоти ботил, боварҳои беасос, сухани беҳуда маънидод шудааст.
Дар луғатномаи Деҳхудо бошад хурофот: ҷамъ барои хурофот, ақидаҳои беасос ва бе¬бунёд, суханони ғайривоқеӣ, ки ба шакли ҳикоя дар миёни мардум роиҷ шудаанд.
Дар фарҳанги форсии Муъин бошад: ақидаҳо ва афкори беасос, ки одатан аз тарс ё ҷаҳолат бармеоянд, хурофот эътироф шудаанд.
Ҳамин тавр, хурофот бештар ба маънои боварҳои нодуруст, эътиқодоти мардумӣ, ки бо дин ва илм созгор нестанд, истифода мешавад.
Дар луғатҳои форсӣ хурофот ҳамеша бо се маъно тавзеҳ шудааст:
Эътиқоди ботил, ақидаҳои беасос ва дур аз илм. Сухани беҳуда ва беасос.
Дар Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» бошад: Суеверие – хурофот, эътиқоди ботил, боварҳои беасос; Суеверный человек – хурофотпараст, одами хурофотӣ. Суеверие – эътиқоди хурофотӣ, имон ба аломатҳо, мӯътақид будан ба таъсири қувваҳои ғайритабиӣ ба зиндагии одамон. Суеверные представления - афкори хурофотӣ, эътиқодоти ботил; Суеверный обычай - одати хурофотӣ, маросими ботилшарҳ дода мешавад.
Эътиқоди хурофотӣ, боварҳои ботил, имон ба аломатҳо. Дар забони тоҷикӣ маъмултарин тарҷумаи мафҳуми «суеверие» – хурофот аст. Вале вобаста ба услуб ва мақсад, метавон аз шаклҳои дигар низ истифода кард:
Чаро инсон ба афкори ғайриилмӣ рӯ меорад? Бояд гуфт, ки хурофот аз ҷиҳати ҳастишиносӣ на танҳо иштибоҳи тафаккур аст, балки шакли ибтидоии муносибати инсон бо ҳастӣ мебошад. Дар асрҳои миёна инсон бо нерӯҳои табиат рӯ ба рӯ шудааст, ки аз ӯ бузургтар буданд ва тавони дарки онҳо надошт. Аз ин рӯ, ӯ ҳастиро ба аломатҳо шарҳ медиҳад. Дар асл, хурофот ифодагари кӯшиши инсон барои маъниофарӣ дар ҷаҳони номаълум аст.
Хурофот ҳамчун воситаи назорати рафтор ва устувории иҷтимоӣ амал мекунад. Ҷомеа қоидаҳоеро ба миён мегузошт, ки ба шакли хурофотӣ дар зеҳн сабт мешуданд: Касе қонунро мешиканад, балое меояд. Ин гуна хурофот баробари мантиқӣ будани худ, ҳамчун қонуни ахлоқӣ ва қонуни тарс амал мекард. Дар таълимоти файласуф Мартин Ҳайдеггер, ки инсон ҳамеша дар ҳолати будан дар ҷаҳон қарор дорад ва ин будан пур аз тарсу ноумедист. Яъне, хурофот маҳз изтироби ҳастиро табдил медиҳад.
Назарияи маърифатшиносӣ, хурофотро марҳилаи гузариш байни миф (ривоят ё ҳикоят) медонад. Агар илм асос ба таҷриба ва санҷиш дорад, хурофот асос ба таҷрибаи ҳамбастагии тасодуфӣ дорад. Аммо набояд онро танҳо иштибоҳ ҳисобид: хурофот қадами аввалини ташаккули фарҳанги маърифатшиносӣ буда, ки баъд бо пайдоиши илм иваз шуд.
Дар фарҳанги исломӣ хурофот ҳамеша танқид шудааст, зеро он бо ин афкор мухолиф будааст. Мутафаккир Ибни Халдун хурофотро натиҷаи ҷаҳолат ва дурӣ аз илм медонист. Аммо дар фарҳанги тоҷик, ки ҳам аз ислом ва ҳам аз анъанаҳои пеш аз ислом таъсир гирифтааст, хурофотро дар шакли фолбинӣ, мардумӣ, аломатшиносӣ ва маросимҳои анъанавӣ ёдовар мешавад. Ҳамзамон, он ҳамчун қисми фарҳанги мардумӣ ва хотираи таърихӣ нақш мебозад.
Бо вуҷуди рушди илм, хурофот ҳанӯз дар асри XXI зинда аст. Низоми астрология, фолбинӣ, эътиқод ба рақамҳо ва назарияҳои энергияҳои пинҳонӣ нишони онанд, ки инсон ҳамоно дар баробари нофаҳмиҳои ҷаҳон ба шаклҳои хурофотӣ паноҳ мебарад. Аз диди равоншиносӣ, ин падида воситаи кам кардани изтироб ва пайдо кардани эҳсоси назорат бар ҷаҳони ноустувор аст.
Дар ташаккули асрҳои миёна инсон бо нерӯҳои табиат рӯ ба рӯ шуда буд: садои тӯфон, заминларза, марг, зулмот. Он чизе, ки аз марзи ақл гузашта, инсонро ба тарсу эҳсоси худбегонагӣ мебурд. Ба гуфтаи Мартин Ҳайдеггер, инсон ҳамеша дар ҳолати изтироби ҳастӣ зиндагӣ мекунад, зеро ҳастӣ барои ӯ ғайримуқаррарӣ аст. Хурофот дар ин замина кӯшиши маъниофарӣ ва оромбахшӣ буд, то асрори ҳастӣ ба шакли рамзӣ ва идорашаванда табдил ёбад.
Хурофот ин танҳо иштибоҳи ботил нест, балки шакли ибтидоии муколамаи инсон бо ҳастӣ аст. Он таҷрибаи маънавии инсонро ифода мекунад, ки дар баробари асрори ҳастӣ ба рамзҳо ва нишонаҳо паноҳ мебарад. Агар илм ҷаҳони моддиро фаҳмонад, хурофот ҷаҳони маънавиро бо рамзҳои ибтидоӣ маънидод мекунад. Аз ҳамин сабаб, омӯзиши он на танҳо ба соҳаи таърих ё сотсиология тааллуқ дорад, балки ба маркази фалсафаи ҳастӣ ва маърифати инсон низ вобасастагӣ дорад.
Тибқи афкори виҷдонӣ бингарем, хурофот на танҳо тарси кӯр-кӯрона, балки як шакли пурсиши виҷдон низ аст. Вақте инсон мегӯяд: Агар ман қонунро вайрон кунам, ҷазо мегирам, ин танҳо тарси хурофотӣ нест, балки як шакли ибтидоии шуури ахлоқист. Дар асл, хурофот метавонад ҳамчун заминаи аввалини бедории виҷдон маънидод шавад: инсон бо воситаи рамзҳо ба худ мефаҳмонад, ки рафтораш паёмад дорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки хурофотро на танҳо ҳамчун иштибоҳ ё нодонӣ, балки ҳамчун марҳилаи аслии шуури маънавиёти инсон арзёбӣ кард.
Хурофот таҷрибаи инсон дар марзи миёни тарс ва маъно, миёни воқеият ва рамз аст. Он ба инсон имконият медиҳад, ки бо асрори ҳастӣ ба гуфтугӯ дарояд, ба тарси худ маъно диҳад ва ба виҷдонаш шакли ибтидоӣ бахшад. Агар илм ҷаҳони моддиро фаҳмонад, хурофот ҷаҳони маънавӣ ва асрорро ба шакли рамзҳо таҷассум мекунад.
Герменевтика нишон медиҳад, ки ҳар тафсир як навъ муколама бо матн ё воқеият аст. Агар илм воқеиятро бо қонунҳои мантиқӣ ва таҷрибавӣ тафсир бикунад, хурофот онро бо рамз ва паём шарҳ медиҳад. Инсон ба ҷаҳон гӯш медиҳад ва онро ҳамчун матн мехонад: садои парранда, ҳаракати шамол, нишонаи ситора, ҳама матнҳоеанд, ки тафсир мешаванд. Дар ин ҷо ҷаҳон ба як китоби пӯшида табдил меёбад, ки хурофот онро мехонад.
Дар асл, хурофотро метавон як шакли маъниофарии ибтидоӣ номид. Ҳар вақте ки воқеаи тасодуфӣ рӯй медод, инсон онро бе маъно қабул намекард; ӯ маҷбур буд ба он маънии рамзӣ бидиҳад. Ин зарурат аз ниёзи инсон ба тафсир ва маънодиҳӣ ба ҷаҳон бармеояд.
Ҳамин тавр хурофот на танҳо боиси тарси ҷисмонӣ, балки тарси маънавӣ ва виҷдонӣ мешавад. Аз ин рӯ, омӯзиши хурофот барои фалсафа аҳаммияти ҷиддӣ дорад: он ба мо нишон медиҳад, ки маърифат ҳамеша бо рамз оғоз мешавад ва баъд бо илм ба қонун табдил меёбад.
Назарияи маърифатшиносӣ шарҳ медиҳад, ки хурофотро метавон на танҳо иштибоҳи тафаккур, балки як марҳилаи гузариш байни ривоят (миф) ва илм арзёбӣ кард. Агар мифология ҷаҳони табииро тавассути ҳикояҳо ва ривоятҳо шарҳ медод, илм онро тавассути таҷриба ва қонуниятҳои санҷишшаванда тавзеҳ мекунад. Хурофот дар байни ин ду қадам истодааст: он воқеиятро бо ҳамбастагиҳои тасодуфӣ шарҳ медиҳад, вале ҳанӯз ба таҳқиқи таҷрибавӣ такя намекунад.
Фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҳамчун шаклҳои кӯҳнаи бовар ба қувваҳои пинҳонӣ идома ёфтанд. Бо вуҷуди тараққиёти илм, технология ва маърифати муосир, хурофот дар асри XXI на танҳо аз байн нарафт, балки шаклҳои навини густариш пайдо кард. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншавии хурофотро осонтар кардаанд: аз астрология ва тарҳи энергияҳои пинҳонӣ то назарияҳои осебпазир ва сеҳру ҷодуи маҷозӣ. Ин нишон медиҳад, ки инсон ҳатто дар ҷаҳони илмӣ низ ба шаҳрванди дунёи рамзҳо боқӣ мемонад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ инсоният бо ноустувориҳои нав рӯ ба рӯ шудааст: тағйирёбии иқлим, пандемияҳо, бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ. Ҳар вақте ки воқеаҳои ҷаҳонӣ тавзеҳи соддаи илмӣ надоранд, инсон ба шаклҳои хурофотӣ рӯ меорад, то тарси худро коҳиш бидиҳад.
Аз дидгоҳи равоншиносӣ, хурофот як навъи психотерапевтӣ аст. Виктор Франкл таъкид мекунад, ки инсон бе маъно зиндагӣ карда наметавонад. Хурофот дар замони муосир ба шахс эҳсос медиҳад, ки ҷаҳонро метавон назорат кард, ҳатто агар ин назорат хаёлист. Масалан, иҷрои маросими хурофотӣ пеш аз имтиҳон ё сафар метавонад изтиробро коҳиш диҳад, гарчи ҳеҷ робитаи воқеӣ бо натиҷа надошта бошад.
Аз ин рӯ, омӯзиши хурофот имрӯз на танҳо мавзӯи таърих, балки мавзӯи фалсафаи ҷомеа ва маърифат низ мебошад.
Инсон дар рӯ ба рӯйи асрори ҳастӣ марг, тақдир, офатҳои табиӣ такя мекунад, то бо ҷаҳони ноаён муколама кунад. Яъне, хурофот шакли ибтидоии фалсафаи ҳастӣ мебошад.
Аз ин рӯ, омӯзиши хурофот як қисми ҷудонопазири фалсафаи инсоншиносӣ мебошад: он ба мо имконият медиҳад, ки решаҳои маърифат ва фарҳанги инсониятро бишносем ва дарк кунем, ки чӣ гуна инсон аз тарс ба маъно, ба илм ва аз хурофот ба фалсафа гузашт.
Зарарҳои хурофот:
Хурофот инсонро аз асолати ҳастӣ дур месозад. Ба ҷои рӯ ба рӯ шудан бо воқеияти зиндаи ҳастӣ, инсон ба дунёи худсохтаи рамзҳо ва хаёлот паноҳ мебарад. Ин раванд маънои онро дорад, ки инсон бо бегонагии ҳастӣ зиндагӣ мекунад. Бар ивази маъноофарии ҳақиқӣ, дар хурофот ба рамзҳои тасодуфӣ табдил меёбад.
Аз нигоҳи маърифатшиносӣ, хурофот падидаи раднопазир аст: он ҳеҷ гоҳ бо таҷриба ва далелҳо муқоиса намешавад. Агар воқеа мувофиқ ояд, онро тасдиқи асрор меноманд; агар мухолиф ояд, онро бо таъбирҳои дигар сафед мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки хурофот қобилияти ислоҳи худ надорад, дар ҳоле ки илм маҳз бо ислоҳи пайваста рушд мекунад. Ҳамин тавр, хурофот ақли интиқодиро суст намуда, ҷомеаро ба ҷаҳони хаёлӣ мебарад.
Хурофот виҷдонро ба шакли тарснок маҳдуд месозад. Инсон кори некро на аз рӯи арзиши худи он, балки аз тарси ҷазои ғайриманқул анҷом медиҳад. Хурофот ин масъулиятро аз инсон мегирад ва ба нерӯҳои хаёлии берунӣ нисбат медиҳад.
Фарҳанг зери таъсири хурофот ба як музейи овозаҳо табдил мешавад. Ба ҷои офаридани илм, санъат ва адабиёти созанда, ҷомеа худро дар доираи таъбирҳои кӯҳна маҳдуд месозад. Таърих нишон медиҳад, ки замони боло рафтани илм фарҳанг рӯ ба инкишоф аммо замони боло гирифтани хурофот, фарҳанг ба таназзул рӯ ба рӯ мешавад.
Хурофот ба ҳаёти инсон зарари мустақим мерасонад:
Дар тиб: радди ваксина, радди табобати илмӣ, такя ба ҷоду, ки метавонад ба марг бирасонад;
Дар иқтисод: қарорҳои нодуруст, ки бар асоси овоза ва фолбинӣ гирифта мешаванд;
Дар сиёсати ҷамъиятӣ: паҳншавии назарияҳои дасисаангез, ки суботи давлатро халалдор мекунанд.
Дар асри XXI, хурофот ба як монеаи бузурги пешрафти ҷомеа табдил мешавад. Миллате, ки ба хурофот такя мекунад, аз рақобати ҷаҳонӣ қафо мемонад. Дар ҷаҳони имрӯза хурофот маънои канорагирӣ аз оянда ва худмаҳрумӣ аз тараққиро дорад.
Хурофот танҳо эътиқоди ботил нест, он як низоми пурқуввати маҳдудкунанда аст, ки дар чанд сатҳ зарар мерасонад:
- ҳақиқатро бо хаёлот иваз мекунад;
- ақлро суст мекунад;
- ҷомеаро ба тарс мутеи қувваҳои хаёлии ноаён месозад;
- виҷдони озодро ба виҷдони тарснок иваз мекунад;
- эҷод ва навовариро маҳдуд мекунад;
- ба ҳаёт ва саломатии инсон хатар меорад;
- роҳ ба ояндаро мебандад.
Пас, мубориза бо хурофот як кори сиёсӣ ё иҷтимоӣ нест, балки вазифаи фалсафии ҳастӣ ва маърифат аст. Танҳо ҷомеае, ки ба ҷои хурофот ба илм, маърифат ва виҷдони озод такя мекунад, метавонад ба саодат ва пешрафт даст биёбад.
Хурофот, ки дар таърихи маърифатшиносӣ ба унвони шакли ибтидоии маъниофарӣ зуҳур кардааст, имрӯз ба яке аз монеаҳои асосии рушди маънавӣ, иҷтимоӣ ва илмии ҷомеа табдил ёфтааст. Аз диди онтологӣ, он на танҳо иштибоҳи зеҳнӣ, балки як шакли будан дар ҷаҳон аст, ки инсонро аз рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқати ҳастӣ бозмедорад ва бо асрори хаёлии худ асорати маънавиро ба вуҷуд меорад. Аз диди маърифатшиносӣ, хурофот низоми раднопазир аст, ки ҳеҷ гоҳ ба санҷиши таҷрибавӣ роҳ намедиҳад, дар ҳоле ки илм маҳз аз танқид ва ислоҳи пайваста қувват мегирад. Аз диди ахлоқӣ бошад, хурофот виҷдони инсонро ба виҷдони тарснок маҳдуд месозад ва масъулияти шахсро ба нерӯҳои ноаён вогузор мекунад.
Омилҳои пешгирии хурофот дар ҷомеа
Пешгирии хурофот на танҳо масъалаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, балки масъалаи ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва ахлоқӣ мебошад. Барои дарк намудани роҳҳои пешгирӣ, бояд онро аз чанд паҳлуи фалсафӣ ва илмӣ таҳлил кард.
Аввалан, баланд бардоштани маърифатшиносӣ дар ҷомеа. Илм ва хурофот ҳар ду роҳи маъниофарӣ ҳастанд, аммо илм роҳи санҷидашуда ва танқидпазир аст. Барои пешгирии хурофот, ҷомеа бояд фарҳанги ақли интиқодиро рушд диҳад.
Дуввум, омӯзиши методологияи илм дар мактабҳо, донишгоҳҳо.
Саввум, фазои иҷтимоӣ воситаи калидии аз байн бурдани эътиқодҳои раднопазир мебошад.
Ҷаҳорум, ворид намудани фанҳои мантиқ, фалсафаи илм ва методологияи таҳқиқот ба барномаҳои таҳсилотӣ.
Панҷум, таъсиси марказҳои илмии кушод барои мардум (музейҳои илмӣ, лабораторияҳои таҷрибавӣ, клубҳои илмии ҷавонон).
Шашум, ахлоқи масъулият, яъне барои пешгирии хурофот, виҷдони инсон бояд аз виҷдони камҷуръат ба виҷдони масъулиятнок табдил биёбад. Ин маънои онро дорад, ки шахс бояд кори некро на аз тарси ҷазои ноаён, балки аз эҳсоси масъулияти ахлоқӣ анҷом диҳад.
Ҳафтум, хурофот аксар вақт ба ҷойи қонун, қонуни тарсро таҳмил мекунад. Барои пешгирии он бояд институтҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ устувор гарданд.
Ҳаштум, ҷомеа вақте ба хурофот паноҳ мебарад, ки ба адолат ва қонун эътимод надорад. Пас, барқарории адолати иҷтимоӣ яке аз шароити асосии аз байн бурдани хурофот аст.
Нуҳум, фарҳанг бояд асрори хурофотро ба забони илмӣ таҳқиқ кунад. Масалан, латифаҳои мардумӣ метавонанд ба шакли мероси фарҳангӣ ҳифз шаванд, вале на ҳамчун «қонуни ҳаёт».
Даҳум, омилҳои тиббӣ ва ҳаётӣ мебошад. Яке аз хатарноктарин паёмадҳои хурофот дар рад кардани тибби илмӣ ва рӯ овардан ба «фолбинӣ» мебошад. Барои пешгирӣ аз ин, бояд низоми саводнокии тиббӣ рушд дода шавад. Марказҳои тиббӣ бояд ҳамзамон бо табобат, мардумро ба илму далелҳо ошно кунанд, то фосилаи байни табиб ва фолбин аз байн биравад. Тиб на танҳо илм, балки масъулияти ахлоқӣ аст. Табибон бояд ба мардум на танҳо муолиҷа, балки эътимод ба илм бубахшанд. Ҳар гоҳ ки мардум ба табиб эътимод дошта бошанд, ҷой барои хурофот кам мешавад.
Ёздаҳум, ҷомеаи муосир бояд ба ҷомеаи доно табдил биёбад. Ин маънои онро дорад, ки дониш на танҳо барои олимон, балки барои ҳар шаҳрванд дастрас бошад.
Ахиран, интернет ва зеҳни сунъӣ бояд барои паҳн кардани дониш истифода шаванд, на барои паҳн кардани хурофот. Пешгирии хурофот дар асри XXI ба саводнокии расонаӣ вобаста аст. Ҷомеае, ки иттилооти ботил аз иттилооти илмӣ ҷудо карда наметавонад, ба осонӣ гирифтори хурофот мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ бояд дастгирии шабакаҳои санҷиши маълумоти илмии оммафаҳм бошад.
Пешгирии хурофот ба:
- рушди саводнокии илмӣ ва мантиқӣ;
- тарбияи виҷдони масъулиятнок ва озод;
- барқарории адолат ва қонуни воқеӣ;
- хондан ва герменевтикии анъанаҳо;
- саводнокии тиббӣ ва ахлоқи табибон;
- гузариш ба ҷомеаи доно ва сиёсати иттилоотии илмӣ.
Хурофот танҳо вақте аз ҷомеа решакан мешавад, ки инсоният ба ҷои тарс аз нерӯҳои ноаён, ба илм, маърифат ва виҷдони озод такя кунад. Ин роҳ на танҳо роҳи илм, балки роҳи ҳастӣ ва маънои ҳақиқии инсон мебошад.
Афкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи решакан кардани хурофот ва мақоми он бо илм ва маърифат на танҳо як барномаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, балки як баёнияи фалсафии ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва ахлоқӣ мебошад. Танҳо миллатҳое ба пешрафт ва саодати воқеӣ ноил шудаанд, ба ҷойи хурофот ба илм, худшиносӣ ва виҷдони озод такя кардаанд. Ин даъват, дар асл, гузариши инсонро аз тарс ба маъно, аз асорат ба озодии дониш ва аз ҷаҳолат ба худогоҳии миллӣ бурдааст.
Аз ин рӯ, мубориза бо хурофот танҳо вазифаи сиёсӣ ё иҷтимоӣ нест; он як вазифаи фалсафии ҳастӣ ва маърифат мебошад. Танҳо ҷомеае, ки илмро ба унвони меъёри ҳақиқат ва виҷдони озодро ба унвони меъёри ахлоқ қабул мекунад, метавонад аз ҷаҳолат раҳо ёфта, ба сатҳи нави маърифат, худшиносӣ ва эҷодиёт қадам гузорад.
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, дотсенти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.