Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМИ ОМӮЗГОР ВА РИСОЛАТИ МАКТАБ ДАР ҶОМЕА

2284Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ
эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Дар вокеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст.
Шарҳи ҳарфҳои калимаи “муаллим’’- ро дар риштаи тавсиф пешниҳод намоем: муаллим қувватбахшандаи нерӯи зеҳнии инсон буда, ба василаи маърифат, ақлу хирад, қобилияти фикрӣ ва лафзи саршор аз муҳаббату маънӣ шахсро ба камолот мерасонад.
Ҷойгоҳи муаллим, рисолати омӯзгор, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон ва умуман низоми маорифи миллӣ дар афкори педагогии чеҳраҳои мондагори миллат, классикони адабиёти форсу тоҷик баръало зикр гардидаанд.
Алалхусус, илми тарбияи насли наврас дар Машриқзамин қариб се ҳазор сол қабл, ҳамчунин дар китоби «Авасто» арзи вуҷуд мекунад – «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек». «Агар тамоми китобҳои Шарқу ғарбро варақ – варақ биҷӯед, волотаре, арзандатаре, гуворотаре аз ин се ибора пайдо намекунед» [1, С.45]. Яъне метавон гуфт, ки дар таълимоти зардуштиён, хосатан дар китоби муқаддаси «Авасто» доктринаи мукаммали низоми маорифи миллӣ вуҷуд дорад. Далели гуфтаҳои боло ин аст, ки мавқеи омӯзгор дар ин доктрина муайян гардида то ҳадде, ки номҳои чанде аз омӯзгорон хосатан зикр ёфтаанд.
Аз ҷумла олимон, файлосуфон, адибон, мутафаккирони классики тоҷику форс, ки аз муваффақтарин муаллимони даврони хеш ва саромади касби пуршарафи омӯзгорӣ ҳисоб меёбанд, дар асарҳои илмӣ, назмию насрии худ масъалаҳои марбути илмӣ, таълиму тарбия хеле фикрҳои муфид гуфтаанд
Инчунин афкори педагогии Шоҳиди Балхӣ (879 – 937), Абӯшукури Балхӣ (915 – вафоташ номаълум), Дақиқӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан 977 – 79), Фирдавсӣ (934 – 1021), Ибни Сино (980 – 1037) ва дигарон нисбати тарбияи насли наврас аҳаммияти худро ҳоло ҳам гум накардаанд.
Афкори педагогии халқи тоҷик чун адабиёти классикии он хеле ғанӣ аст. Бештари асарҳои вакилони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, ҷавонмардӣ, донишу амал – ҳамаи намудҳои тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намудаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Чунончи, «Тадбири манзил», «Шифо», фаслҳои аввали «Ал – қонун» - и Ибни Сино, «Рӯшноинома» ва «Саодатнома» - и Носири Хисрави Қабодиёнӣ (1004 – 1088), «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ (1203/8 – 1292), «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) ва дигарон.
Ҳамчунин, дигар асарҳои хоси парвариши панду ахлоқи ниёгон, аз қабили «Қобуснома» - и Унсурулмаолии Кайковус», «Ахлоқи Носирӣ» - и Насируддини Тӯсӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ» - и Ҷалолиддини Давонӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ» - и Ҳусайн Возизи Кошифӣ ва дигарон дар тарбияи наслҳои имрӯзу оянда, аҳаммияти бузург доранд. Баъзе ин асарҳо дар давоми қарнҳо дар мактабу мадрасаҳо ҳамчун дастури таълимӣ ва дар хонаводаҳо, бахусус барои волидайн, ҳамчун воситаи тарбияи кӯдакон истифода мегарданд. Бояд гуфт ки классикони адабиёти тоҷику форс, ҳамеша ҷамъияти адолатпаноҳро орзӯ мекарданд ва билохира итминон доштанд, ки оқибат дар ҷомеа ақлу хиради инсон ва адолат тантана мекунад.
Аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино (980 – 1037) оид ба тамоми намудҳои тарбия, фикрҳои муфид баён кардааст, ки имрӯз ба дарди касби педагогӣ низ даво аст. Аз онҳо фақат чанд лаҳзаи марбутро зикр кардан кифоя аст, ки бо гуфтаҳои боло ҳамоҳангӣ доранд:
а).Ибни Сино тарафдори таълими марбут ба қобилияти шогирдон буд. Дар рисолаи «Тадбири манзил» навиштааст: «Устод, бояд бидонад, кӣ наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад» [2, С. 25].
б).Мутафаккири бузург бар муқобили таълими инфиродӣ таълими гурӯҳиро, ки дар замони мо маълум ба таълими коллективист, ташвиқ мекард. Ибни Сино калимаи «синфро» ифода накардааст, вале ифодаи «таълими гурӯҳии» вай маънои «дарси синфии» баъди 700 сол дар Аврупои Fарбӣ арзи вуҷуд намуда мебошад [3, C. 17].
Хоҷа Насриддини Тӯсӣ (1218 – 1293) дар «Ахлоқи Носирӣ» фикри Ибни Синоро тақвият дода, «табиати кӯдак ва сиришти ӯро» ба назар гирифта менависад: «Беҳтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кӯдак, назар ва тариқи фаросату зиракии ӯ эътибор диҳанд ва донанд, ки истеъдод чӣ навъ илму ҳунарро барои ёд гирифтан дар ниҳоди ӯ сиришта бошад, ӯро ба он навъи ҳунар машғул гардонанд. Зеро ҳама кас ба ёд гирифтани ҳама чизҳо истеъдод надорад» [4, С. 79].
Фаъолияти омӯзгорӣ асосан аз ду самт ё ҷанбаҳои муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба якдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст.
Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бошад, метавон қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти касби омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.
Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаст.
Барои мисол метавонем суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарами Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки санаи 29 августи соли 2025 сурат гирифт, махсус қайд намоем. Чунки, дар вохӯрии мазкур бори дигар ба таври мушаххас вазъи соҳаи илм ва маориф, мақоми омӯзгор ва рисолати мактаб мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузориҳо қарор дода шуда, дурнамои соҳа муайян гардид.
Дар мулоқоти мазкур зикр карда шуд, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки бозгӯи возеҳи таваҷҷуҳ ба ин соҳа мебошад.
Дар суханронии мазкур, соҳаи маориф чун омили асосии таҳкимбахшанда ва муҳофизи амнияту субот арзёбӣ гардида, бахусус қайд карда шуд, ки «… мактабу маориф василаи ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Инчунин, вазъи мураккаб ва тағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз равандҳои хатарнок, мураккабу ҳассоси ҷомеа нигаронии ҷиддӣ карда шуд.
Дар ин замина қайд карда шуд, ки ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад».
Дар суханронӣ Сарвари давлат вобаста ба раванди ислоҳоти соҳаи маориф, таҳия ва қабули чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, афзоиши маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим, тадбиқи лоиҳаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳа, ҳамасола баланд гардидани маоши кормандони мактабу маориф, таъмини шароити арзанда барои таҳсили наврасону ҷавонон, арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқсозии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳо, саводнокии рақамӣ ва тарбияи шогирдон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва дигар чунин масъалаҳо мавриди таҳлилу натиҷагирӣ ва оянданигарӣ қарор дода шуданд.
Боиси ифтихори ҳар фарди ҷомеа, бахусус мо омӯзгорон мебошад, ки дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат мақоми омӯзгорро хело баланд арзёбӣ намуданд. Оид ба мақоми омӯзгор ва шаъну шарафи он дар ҷомеа, зимни суханронӣ таъкид гардид, ки «Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст».
Дар ин замина аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст, ёдоварӣ намуда, онро марҳилаи нав дар ҳаёту фаъолияти омӯзгорон арзёбӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаи тарбияи дастаҷамъонаи наврасону ҷавонон дар оила, мактаб ва ҷомеа дар суханронӣ қайд гардид, ки «Аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман тамоми ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд кӯшиш намоянд, ки ҷинояткорӣ ва ҳама гуна қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ карда шавад.
Мактаб низ ҳамчун ниҳоди муқтадири таълиму тарбияи насли инсонӣ ҷойгоҳи хосро дар ин раванд соҳиб мебошад. Мактаб даргоҳи муқаддасе мебошад, ки дар боргоҳаш қадам гузоштан инсонро барои шинохти шахсияти худ водор намуда, худшиносиву худогоҳии миллӣ, садоқату самимият, вафодорию ҷавонмардиро дар замири инсон ба вуҷуд меорад. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст.
Маҳз дар мактаб андешаи солим ташаккул ёфта, илму адаб ва фарҳангу маърифат устувор гардида, шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд.
Инсоният барои пешбурди рӯзгори хеш агар ба муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку пӯшок, саломатӣ ва дигар чунин талаботҳо ниёз дошта бошад, пас барои тарбияи маънавии ӯ мактаб омили асосии шахсиятсозӣ мебошад.
Возеҳ аст, ки тавассути рушди илм, мактабу маориф ва фарҳанг кишварҳо метавонанд дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа истодагарӣ намоянд.
Рисолат ва масъулияти омӯзгор ва мактабу маориф чун ниҳоди тафаккурсози ҷомеа дар замони муосир хело муҳим арзёбӣ мегарданд. Чунки раванди бо суръат инкишофёбандаи ҷомеа, бархурди манфиатҳои қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, доман паҳн намудани зуҳуроти номатлуби муосир ба монанди терроризм ва ифротгароӣ, таассубу хурофот, бегонапарастӣ ва дигар чунин падидаҳои хавфнок низоми мукаммали идоракунии субъектони муқовиматкунандаро тақозо дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо мактабу маорифи миллӣ мебошанд[5. С. 85].
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ва умуман пойбанди хурофоту таассуб, бегонапарастӣ ва дигар чунин амалҳои номатлуб гардидани бархе аз ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон, омили маърифатӣ-фарҳангӣ мебошад, ки дар ин ҷода пеш аз ҳама мактаб метавонад нақши созгор дошта бошад. Тибқи таҳлилҳо, аз доираи шахсони шомилгардида ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ 8-10% дорандагони маълумоти олӣ, 13-15% дорои маълумоти олии нопура ва миёнаи махсус ва 78-80% онҳо бошанд, маълумоти миёнаи умумии нопурра доранд. Вобаста ба сину соли чунин шахсони дар задухурдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ, метавон зикр намуд, ки 87,22% онҳоро ҷавонони аз 18-то 35 сола ташкил медиҳанд. Дар дохили онҳо сину соли аз 22 то 26 сола бошанд, 35,19%-ро ташкил медиҳанд, ки дар ҳақиқат аз надоштани донишҳои казоӣ, сатҳи пасти таълими мактабӣ ва тарбияи хонаводагӣ дарак медиҳад [6. с.24] .
Омили динӣ низ дар раванди ҷалб гардидани баъзан ҷавонон ба доираи фиреби чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ хело васеъ ва манфиатҷӯёна истифода мегардад, ки ҳодисаҳои баамаломада дар солҳои охир далели возеҳи гуфтаҳои мазкур мебошанд.
Бо дарназардошти андешаҳои баёнгардида, метавон хулоса намуд, ки мактабу маориф аз лиҳози тафаккури стратегӣ омили муҳимми таъминкунандаи амнияти давлат буда, неруи тавонои муқовиматкунанда ба тафаккури ифротгароӣ, террористӣ, хурофоту таассуб, бегонапарастӣ ва дигар чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошанд. Маҳз чунин рисолати арзишманди ин ниҳоди инсонсози миллат-мактабу маориф мебошад, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бесобиқаи он равона гардидааст.
Адабиёт:
1.М. Лутфуллоев. Эҳёи педагогикаи Аҷам. Душанбе, 1997, C. 45.
2.Абдӯалӣ Ибни Сино. Осори мунтахаб, ҷилди дуюм.- «Ирфон», 1983, C.25.
3.М. Лутфуллоев. Дидактикаи муосир. Душабе, 2001, C. 17.
4.Р Шарифзода. Пояи давлат набошад бе маориф устувор. Қонун ва ҷомеа. 2 апрели 2020. №13. 569.
5.Р.Ҳ. Раҳимзода Муҳиммияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. Монография – Душанбе: ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024. – С. 85.
6.Ҳ.С. Сафаров. Ш.Ҳ. Ҳафиззода. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ. Душанбе.-2017. С.24.
Самиъзода Бахтиёр Салим, ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...