СУЛҲ ВА НАҶОТИ ИНСОНИЯТ: БО ТАКЯ БА АФКОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар уфуқи таърихи ҳастии инсон, сулҳ ҳеч гоҳ танҳо як падидаи сиёсӣ ё натиҷаи муомилоти дипломатӣ набудааст. Он, дар асл, шакли баланди ҳастии иҷтимоӣ ва маънавиест, ки дар зинаи иродаи озод, виҷдони умумибашарӣ ва адолати амалишуда қарор дорад. Сулҳ, ин на танҳо ҳолати набудани ҷанг, балки муҳити зинда ва эҷодкоронаи ҳамзистиест, ки дар он инсон қодир аст қобилиятҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнии худро ба таври комил таҷассум медиҳад.
Ҳар гоҳ ки инсоният дар гирдоби буҳронҳои ахлоқӣ, аз қабили зӯроварии бемаънӣ, фурӯпошии меъёрҳои ахлоқӣ, бегонапарастии худпарастона ва тиҷоратӣ шудани арзишҳои рӯҳӣ мегардад, сулҳ ҳамчун қувваи наҷотбахш зуҳур мекунад. Ин қувва, ки реша дар арзишҳои аслӣ ва ҷаҳонии инсонӣ дорад, на танҳо ба ҳастии инсон маънои нав мебахшад, балки низоми арзишҳоро аз нав созмон медиҳад, то зиндагӣ ба самти адолат, эҳтиром ва ҳамбастагӣ равона гардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо тафаккури виҷдонӣ ва шуури таърихӣ, ба мо хотиррасон мекунанд: «Сулҳ фақат як василаи ҳалли муноқиша нест, балки пояи зиндагии созанда ва инсонпарвар аст».
Ин изҳорот, аз дидгоҳи фалсафӣ, сулҳро ба сатҳи меъёри онтологӣ мебарад. Ва моро водор месозад, ки сулҳро ҳамчун воқеияти ҳамзамон маънавӣ ва иҷтимоӣ бинем, ки дар он фарҳанг, ахлоқ ва сиёсат дар як ҳолати ҳамоҳанг ва ҳамзистӣ амал мекунанд.
Сулҳ равандест, ки пайваста дар амал ва таҷрибаи инсонӣ тавлид мешавад. Сулҳ, дар ин маъно, як шакли ҳастӣ аст, ки инсонро ба ҷавҳари маънавии худ мерасонад марҳилае, ки дар он зиндагӣ, маърифат ва виҷдон ба ҳам омада, симои комили инсон буданро месозанд.
Сулҳ, шакли бунёдии ҳастии иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад, ки решааш дар тарзи будани инсон ҳамчун будан бо дигарон ҷой гирифтааст. Илова ба ин, инсон на дар танҳоӣ, балки танҳо дар фазои ҳамзистӣ ва иртиботи маънавӣ бо дигарон, бо дигари инсонӣ ва фарҳангӣ, ба маънии ҳақиқии ҳастии худ мерасад. Аз ҳамин рӯ, сулҳ на танҳо як имконият, балки як шарти зарурии ҳастии инсон аст, ки бе он таҷрибаи комили будан номумкин мегардад.
Сулҳ як воқеияти хомӯш ва бетараф нест, балки муҳите зинда, эҷодкор ва масъулиятталаб мебошад, ки дар он ҳар як шахс арзиш ва мартабаи худро дар иртиботи виҷдонӣ бо дигарон меёбад. Ин фазо ҳамон аст, ки фарҳанг, ҳуввият, маърифат ва ахлоқ дар он на танҳо ҳифз мешаванд, балки рушд ва такмил меёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайванди бевосита бо ҳамин маъно мефармоянд: Ҳар миллате, ки сулҳро ҳифз мекунад, воқеан ҳастии худро ҳифз мекунад.
Дар баробари ин афкор, сулҳ баробари он ки заминаи пойдории низоми иҷтимоӣ аст, ҳамзамон худ як падидаи фарҳангӣ ва маънавиест, ки бе иродаи умумӣ, бе виҷдони ҷамъиятӣ ва бе ҳассосияти ахлоқӣ устувор намемонад. Ин арзиши ҳастӣ дар таҷрибаи таърихии миллатҳо исбот шудааст: ҳар вақт сулҳ аз байн меравад, на танҳо суботи сиёсӣ, балки худи маънои будани як ҷомеа зери хатар меафтад.
Ин аст, ки сулҳро метавон на танҳо ҳамчун ҳадаф, балки ҳамчун шарти бунёдии ҳастии инсон маънидод кард. Ба забони ҳикмати, сулҳ ҳамон пояи ҳастӣ аст, ки бе он ҳар гуна шукуфоии маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ маҳдуд ва нопойдор мегардад.
Дар замони муосир инсоният бо маҷмӯи буҳронҳои ахлоқӣ рӯбарӯст, ки хусусияти онҳо на танҳо маҳдуд ба муноқишаҳои ҷудогонаи иҷтимоӣ ё сиёсӣ аст, балки ба сатҳи маънавӣ ва арзишшиносӣ иртибот мегирад. Ин буҳронҳо реша дар гум шудани меъёри устувори некӣ ва бадӣ доранд. Меъёре, ки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун виҷдонӣ ва мадании ҷомеа амал мекард.
Аз байн рафтани меъёри умумибашарии некӣ ва бадӣ, ки дар натиҷа ҳақиқат ва арзишҳо ба муносибати фурсати муваққатӣ табдил меёбанд. Ин падида хатари ҷиддӣ дорад, зеро бе меъёри устувор, ҷомеа наметавонад низоми устувори ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳ дорад.
Ин гуна ҳолатҳои ахлоқӣ, ки ба таври умум метавон онҳоро нишонаҳои пастравии маънавӣ номид, аз диди фалсафӣ бо мафҳуми аз Худбегонагӣ маънои дуршавӣ аз моҳияти воқеии инсон, аз виҷдон ва аз қобилияти худогоҳии маънавиро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатарро дар сатҳи амалӣ ва сиёсӣ низ дарк намудаанд, ҳушдор медиҳанд: Бидуни эҳёи арзишҳои ахлоқӣ, сулҳи пойдор имконнопазир аст.
Аз ин изҳорот бармеояд, ки сулҳ ҳамчун як падидаи устувор наметавонад танҳо бар асоси созишномаҳои расмӣ пойдор бимонад. Бояд дар хоки ҳосилхези арзишҳои ахлоқӣ реша давонад, зеро бе ин замина сулҳ монанди сохтмоне хоҳад буд, ки бар замини ноустувор бунёд ёфтааст.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар пояи ваҳдат, бахшиш ва ҳамзистии созанда ташаккул ёфтааст, худ як фарҳангӣ ва ахлоқӣ аст. Ин на танҳо ҳодисаи сиёсӣ, балки як мероси маънавии зинда мебошад, ки ҳар насл бояд онро аз нав бихонад, аз нав бифаҳмад ва ба воқеияти замони худ мутобиқ созад. Маҳз ҳамин қобилияти тафсиршаванда ва навсозии маъно аст, ки сулҳро ҳамчун падидаи пойдор нигоҳ медорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусусият ишора карда, бо суханони дорои умқи таърихӣ мефармоянд: Сулҳи мо мактаби бузурги зиндагӣ ва сабақи таърихист.
Агар ин изҳоротро бо методи герменевтикӣ бихонем, он нишон медиҳад, ки сулҳ на танҳо як пурра кардани саҳифаи низоъ аст, балки як мактаби маърифати зиндагӣ, ки рамзҳои бахшиш, ҳамзистӣ ва эҳёи виҷдонро дар худ ҷой медиҳад. Ин мактаб мисли ҳар мутолиаи нав маънии тоза меёбад, дар ҳар давраи таърихӣ бо шароити замон ҳамсурат мешавад ва ҳадафи ахлоқии худро дубора ифшо мекунад.
Сулҳ ҳамчун таърих дорои се хусусияти асосист:
Пайвастагӣ бо анъана, нигоҳ доштани решаҳои маънавӣ ва фарҳангие, ки сулҳ бар онҳо асос ёфтааст;
Қобилияти тафсири нав, мутобиқшавӣ ба талаботи замони ҳозира бидуни аз даст додани моҳияти аслӣ;
Самти омӯзишӣ, интиқоли таҷрибаи зиндагӣ ва ахлоқ ба наслҳои оянда.
Ин се хусусият сулҳро ба як манбаи маънавӣ табдил медиҳанд, ки на танҳо хотираи таърихӣ, балки захираи ахлоқӣ ва фарҳангиро низ ҳифз мекунад. Ҳар дафъае ки ҷомеа ба ин рӯ меоварад, на танҳо таърихро ба ёд меорад, балки аз он рамзҳои амалии зиндагии осоишта ва масъулиятнокро ба даст меорад.
Мафҳуми сулҳ ҳамчун роҳи наҷот аз дидгоҳи герменевтикӣ маънои онро дорад, ки сулҳ на танҳо ҳадаф ё воситаи сиёсӣ, балки пояи наҷоти ҳастии инсоният аст. Дар тафсири, сулҳ ба унвони як воқеияти зинда, бо тамоми сатҳҳои ҳастии инсон виҷдон, ҷомеа ва фарҳанг иртиботи мустақим дорад. Ва қодир аст, ки инсонро аз фурӯпошии маънавӣ ва аз худбегонагӣ низ раҳо бисозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина бо равшанӣ таъкид менамоянд: Ваҳдат ва сулҳ на танҳо амнияти кишвар, балки бақои фарҳанг ва маънавиёти миллатро таъмин мекунад.
Агар ин суханро дар доираи герменевтикӣ шарҳ бидиҳем, нишон медиҳад, ки сулҳ як шарти маънавӣ ва фарҳангӣ барои бақои ҳастии миллӣ мебошад. Яъне сулҳ бояд ҳамзамон ба пойдории ҳуввияти маънавӣ ва арзиши фарҳангӣ хизмат кунад.
Аз дидгоҳи онтологияи иҷтимоӣ, сулҳи тавлидӣ ин имкониятро фароҳам меорад, ки наҷоти виҷдонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар як маҷро амал мекунанд ва якдигарро тақвият бубахшанд. Ҳамин ҳамоҳангиест, ки ба сулҳ хусусияти пойдорӣ ва қудрати наҷотбахш мебахшад.
Ҳама сола, дар санаи таърихӣ ва маънавӣ 1-уми сентябр, ки дар Ҷумҳ урии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад, фазои маърифат ва ҳикмат дар тамоми муассисаҳои таълимӣ эҳё мешавад. Дар ин рӯзи ифтитоҳи соли нави таҳсил, ки ҳамзамон оғози як сафари маънавӣ аст, бо ташаббуси Пешвои миллат ва бо ҳадафи таҳкими шуури ҷамъиятӣ, устувории ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои маънавӣ, дар саросари кишвар “Дарси сулҳ” баргузор мегардад.
Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими дарси нахустин, ки ба мавзӯи Сулҳ бахшида мешавад, Сулҳро ба сатҳи таҷрибаи мустақими таълимӣ ва тарбиявӣ интиқол медиҳад. Дар ин амал, худи мафҳуми Сулҳ ба сифати амали зинда зуҳур мекунад, ки дар он донишҷӯён ҳамчун насли тавлидӣ ба ворисони маънавии таҷрибаи сулҳи тоҷикон табдил меёбанд.
Аз дидгоҳи герменевтикӣ, “Дарси сулҳ” на танҳо як чорабинии таълимӣ, балки як маросими маърифати ҳастӣ мебошад, ки дар он уфуқи маънавии насли нав бо уфуқи таърихӣ ва фарҳангии миллат як мешавад. Ин вохӯрӣ, ки ҳар сол такрор меёбад, шакли муколамаи уфуқҳо аст, ки Гадамер онро ҳамчун шарти фаҳмиш маънидод мекунад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худашон дар Рӯзи дониш чунин иброз доштанд: “Мо сулҳро барои наслҳои оянда ҳифз мекунем, то онҳо зиндагии созанда ва шоистаро дар фазои оромӣ ва дӯстӣ бунёд кунанд».
Ин гуфтор, агар аз уфуқи масъулияти байнинаслӣ хонда шавад, маънои онро дорад, ки сулҳ ҳамчун амонати маънавӣ ба наслҳо супорида мешавад. Дар ин иртибот, насли имрӯза на танҳо ҳифзкунандаи сулҳ, балки тавлидкунандаи муҳити маънавие мебошад, ки дар он наслҳои баъдӣ низ метавонанд ба шукуфоӣ бирасанд.
Аз дидгоҳи рамзшиносӣ, маросими “Дарси сулҳ” дар рӯзи аввалини соли таҳсил шакли таҷдиди муқаддас дорад, ки дар он арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва худогоҳии миллӣ на танҳо баён, балки таҷдид ва такмил мешаванд. Такрори солонаи он, бар пояи рамзӣ, маънои таҷдиди паймон бо сулҳ ва ваҳдатро дорад паймоне, ки ҳамеша зинда ва амалгаро мемонад.
Ба ин тартиб, “Дарси сулҳ” дар рӯзи дониш як даъвати маънавиест, ки дар он сулҳ ҳамчун арзиши олӣ, ҳамчун шарти ҳастӣ ва ҳамчун мактаби зиндагӣ ба насли навин ворид мегардад. Ин амал ҳамзамон таълимӣ, фарҳангӣ кафолат медиҳад, ки таҷрибаи сулҳ ва ҳуввияти маънавиёти миллат дар заминаи шуури таърихӣ ва виҷдони ҷамъиятӣ устувор мемонад.
Дар афкори Пешвои миллат ва ҷой додани онҳо дар уфуқи тафаккури фалсафии умумибашарист. «Сулҳ на танҳо поёни ҷанг аст, балки оғози зиндагии созанда ва инсонпарвар аст». Пешвои миллат дар ин ҷо ба таври возеҳ сулҳро ҳамчун муҳити тавлиди арзишҳои инсонӣ мебинанд, на танҳо ҳамчун натиҷаи созишномаи сиёсӣ. «Ҳар миллате, ки сулҳро ҳифз мекунад, воқеан ҳастии худро ҳифз мекунад».
Ин афкор маъно дорад: ҳастии миллӣ бидуни сулҳ шакл ва моҳияти пойдор надорад. Агар бо тафаккури Мартин Ҳайдеггер бихонем, сулҳ ҳамчун шароити будан бо дигарон барпо мешавад. Ҳамин тавр, ҳифзи сулҳ на танҳо кори сиёсӣ, балки амали ҳифзи худи моҳияти ҳастии миллӣ мебошад. Бидуни эҳёи арзишҳои ахлоқӣ, сулҳи пойдор имконнопазир аст.
Дар ин ҷо робитаи ҷудонопазири ахлоқ ва сулҳ баён шудааст. Ин афкор бо мафҳуми ҳолати меъёрӣ дар ахлоқ ҳамсон аст, ки мувофиқи ҳар низоми иҷтимоӣ барои устувор мондан бояд бар заминаи арзишҳои муштараки ахлоқӣ бунёд биёбад. Мисли назарияи Ҷон Роулз, ки адолатро пояи асосии низоми устувор мешуморад, Пешвои миллат арзишҳои ахлоқиро пояи пойдории сулҳ мешуморанд. Сулҳи мо мактаби бузурги зиндагӣ ва сабақи таърихист.
Аз дидгоҳи герменевтикӣ, ин изҳорот сулҳро ба унвони як матни зинда муаррифӣ мекунад, ки бояд пайваста хонда ва аз нав дарк карда шавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон як манбаи таърихӣ ва ахлоқиест, ки маънояш дар муколамаи наслҳо такмил меёбад. Ваҳдат ва сулҳ на танҳо амнияти кишвар, балки бақои фарҳанг ва маънавиёти миллатро таъмин мекунад.
Ин афкор Сулҳ ва Ваҳдатро ду ҷузъи ҷудонопазири бақои фарҳанг медонад. Аз нигоҳи онтологӣ, фарҳанг муҳити зиндаи ҳастии миллӣ аст; аз байн рафтани сулҳ маънои осеб дидани фарҳангро дорад. Ин тафаккур ба равиши ҳифзи муҳити маънавӣ наздик аст, ки дар фалсафаи фарҳангӣ таъкид мешавад.
Сулҳ дар уфуқи тафаккури таҷрибаи таърихӣ на танҳо ҳамчун як марҳилаи сиёсӣ, балки ҳамчун шакли олитарини ҳастии инсон зуҳур мекунад.
Тавре ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва афкори Пешвои миллат нишон медиҳанд, сулҳ танҳо дар он сурат пойдор мемонад, ки дар заминаи адолат, арзишҳои ахлоқӣ, ваҳдати миллӣ ва дарки фарҳангӣ бунёд ёфта бошад. Ба истилоҳи Юҳан Галтунг, ин ҳамон сулҳи мусбат аст, ки дар он ҷомеа на танҳо аз низоъ раҳо шудааст, балки муҳити офариниш ва рушди маънавӣ барпо гаштааст.
Сулҳ як матни зинда аст, ки бояд аз насл ба насл хонда ва тафсир карда мешавад. Ин матн ҳамеша бо воқеияти замон ҳамсурат мешавад ва маънои онро дар ҳар давраи таърихӣ аз нав ифшо мекунад.
Маҳз ҳамин қобилияти тафсиршавандагӣ сулҳро ҳамчун падидаи пойдор ва қодир ба мутобиқшавӣ нигоҳ медорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забоне, ки ҳамзамон дорои умқи ахлоқӣ аст, нишон медиҳанд, ки сулҳ барои Тоҷикистон ва инсоният на танҳо як шарти суботи сиёсӣ, балки заминаи наҷоти маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба шарофати сулҳ, ҷомеа қодир аст, ки аз буҳронҳои ахлоқӣ раҳо биёбад, ҳуввияти худро ҳифз кунад ва ба сӯи як уфуқи навини ҳамзистӣ ва офариниш ҳаракат намояд.
Дар натиҷа, мо метавонем хулоса кунем, ки дар ҷаҳони имрӯза, ки ба шиддат аз буҳронҳои ахлоқӣ ва маънавӣ ранҷ мебарад, сулҳ ҳамчун арзиши олӣ бояд на танҳо ҳифз, балки пайваста навсозӣ ва такмил дода шавад. Ин на танҳо вазифаи сиёсатмадорон, балки рисолати тамоми инсонҳо ва ҷомеаҳост.
Комилов Далер Рустамович - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.