Масоили глобалии сайёра вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ташаббусҳои Пешвои миллат
30 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Қатъномаи СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя ҳастанд.
Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.
Аз натиҷаи конфронс ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ қабул гардиданд, аз ҷумла:
- Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо- даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ;
- Хулосаи ҳамраисон — тавсияҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳои асосӣ;
- Даъвати Душанбе — паёми сиёсӣ ва платформа барои дурнамои ҳамкории байналмилалӣ.Конфронси Душанбе дар пешбурди барномаи иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо - муҳимтарин манбаъҳои оби тоза дар сайёра саҳми арзанда мегузорад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, баргузор гардид.
Дар кори конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда иброз дошт: «Обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, дар тӯли даҳсолаҳои охир, онҳо бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Ин раванди ташвишовар дар таърихи инсоният бесобиқа аст. Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Тағйирёбии иқлим, аллакай боиси нобуд шудани тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон гардидааст. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад. Пиряхҳо дар сайёраи мо, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии оби нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё месозад. Ҳамзамон бо ин, обшавии босуръати пиряхҳои қутбӣ сабаби обхезиҳо дар кишварҳо ва шаҳрҳои соҳилӣ шуда, миллионҳо одамонро аз манзилҳояшон маҳрум месозад. Гузашта аз ин, раванди мазкур боиси кам шудани ҳудуди хушкии кишварҳо ва омили муҳоҷиршавии аҳолӣ мегардад. Возеҳ аст, ки бе талошҳои фаврӣ ва фаъоли мутобиқсозӣ, ки ба ҳадафи якуним дараҷавии (1,5°C) Созишномаи Париж мувофиқат мекунад, ин тамоюл оқибатҳои фоҷеабор хоҳад дошт. Пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ дар гардиши уқёнусҳо нақши асосӣ доранд. Онҳо ҳамчун танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо амал мекунанд.Тибқи арзёбии коршиносон, дар ҳолати зиёд гардидани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, мутаносибан ҳаҷми зарари иқтисодӣ низ ба давлатҳои осебпазир афзоиш меёбад.Дар сурати то ду дараҷа (2°C) боло рафтани ҳарорати ҳаво, нобуд шудани сеяки дигари пиряхҳои ҷаҳон пешбинӣ мегардад.Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки иҷрои созишномаи Париж оид ба иқлим таъмин гардад ва тадбирҳои заруриро барои пешгирии афзоиши ҳарорати глобалӣ андешем.Обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли нерӯи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад.Ин раванд дар аксарияти ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд.Бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фуромадани ярч гардида, ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонад.Кишвари мо, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ҳамчунин, рӯ ба рӯйи офатҳои табиии вобаста ба об, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст. То кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, як ҳазору сесад адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад. Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад. Мехоҳам ба таври возеҳ қайд намоям, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки як буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Феълан дар кишвари мо ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд.Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имкониятҳои фаннию техникии мо мисли даҳҳо кишварҳои дигари дорои пиряхҳо маҳдуданд.а мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин, барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи пиряхҳо мо бояд ҳамкориҳои муассирро бо ҳама шарикон густариш диҳем.Дар ин замина, ҳамчунин, навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур мебошанд.Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд.Зимнан, ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад.Қобили зикр аст, ки омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (машҳур бо номи Федченко), дар ҷаҳон яке аз пиряхҳои калонтарини воқеъ дар хушкӣ, бо дарозии 77 километр ва ғафсии то як километр, метавонад барои инсоният таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор намояд.Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд.
Дар баробари сабабҳои асосӣ, мисли тағйирёбии глобалии иқлим ва олудашавии ҳаво, ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонанд, инчунин, хокборишҳои шадид дар тӯли чанд даҳсолаи ахир ба ин раванд дар минтақаи мо суръат мебахшанд. Яке аз мушкилоти дигари ба пиряхҳо хос дар кишвари баландкӯҳи мо хатари кандашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад, ки дар натиҷаи он минтақаҳои аҳолинишин ва инфрасохтори онҳо хароб шуда, дар баъзе мавридҳо ҳатто талафоти ҷониро ба бор меорад. Дар баробари ин, баъзе аз пиряхҳои Тоҷикистон хусусияти лағжиданро доранд, ки сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти ҷиддӣ мешавад. Бо дарназардошти он, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар баландии аз сеюним ҳазор метр то ҳафтуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва дар минтақаҳои душворгузари кӯҳистон ҷойгир шудаанд, роҳандозии ҳар гуна барномаҳо барои ҳифзи онҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор мегардад. Бинобар ин, мо пешниҳод менамоем, ки шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот бо мо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд. Аксарияти пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Ванҷях (Федченко) дар қаторкӯҳҳои Помир ҷойгиранд. Онҳо ҷузъи Боғи миллии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва ба номгӯи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ҳифзи гуногунии табиии ин боғи нодир барномаи махсусро роҳандозӣ намояд. Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад. Бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст. Зимнан, давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавиро зарур аст, ки ба мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд, ҳарчи бештар саҳми молиявии худро гузоранд. Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милал қатънома оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” якдилона қабул гардид. Бовар дорам, ки ҷонибдорӣ аз қатъномаи мазкур ба пешбурди мавзуи обу иқлим, махсусан татбиқи босамари ҳадафҳои пешбинишуда саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Бо дарназардошти аҳаммияти ин гуфтаҳо, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешад.
Дар ин радиф, Тоҷикистон амалҳои фаврии зеринро ҷиҳати коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо пешниҳод менамояд:
Якум. Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор;
Дуюм. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он;
Сеюм. Ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ ба мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим.
Ҷиҳати ҳалли ин масъала пешниҳод мегардад, ки кишварҳои дорои имконияти ҷамъоварии маълумоти дақиқ оид ба ҳолати пиряхҳо, бахусус, тавассути зарфиятҳои маҳвораӣ, табодули доимии иттилоотро бо кишварҳои дорои имкониятҳои маҳдуд дар ин ҷода роҳандозӣ намоянд;
Чорум. Татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ. Бахусус, барои ҳифзи наботот ва ҳайвоноте, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо аз шароити маъмулии зисти худ маҳрум мегарданд, бояд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Панҷум. Аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг ва наздик мебошанд. Бинобар ин, зарурати мусоидат ба кишварҳо дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар минтақаҳои осебпазир тавассути равишҳои ҳамгироӣ, аз қабили низомҳои огоҳсозии пешакӣ ва коҳиши хатари офатҳо ба миён меояд.
Шашум. Истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Ҳафтум. Таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда. Инчунин, пешниҳод менамоям, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад. Барои татбиқи минбаъдаи он бояд таҷрибаи дигар механизмҳои мавҷуда, ба мисли конвенсияҳо оид ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва монанди онҳо роҳандозӣ гардад. Тоҷикистон ин ташаббусро дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид матраҳ хоҳад кард ва аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал меоварад, ки аз ин иқдом пуштибонӣ кунанд. Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла Эъломияи Конфронси Душанбе ва муроҷиати иштирокдорони Конфронс ҳамчун даъват ба иқдомҳои амалгароёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар равандҳои муҳимми глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат хоҳанд кард. Ҳамчунин, натиҷаҳои нишасти имрӯза ба ташаккули Раванди нави Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо замина мегузоранд. Мақсади асосии мо ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим тавассути талошҳои муассири муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Ҳар зарраи талафшудаи пиряхҳо боиси афзоиши хатарҳо барои ояндаи инсоният мегардад. Бинобар ин, биёед ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, ҷиҳати ҳифзи ганҷи бебаҳои табиат – пиряхҳо, барои таъмини ояндаи дурахшони инсоният саҳмгузор бошем!Умед дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи саривақтии ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи босамару оқилонаи об беш аз пеш талош хоҳад кард».
Бояд ёдовар шуд, киҳанӯзсоли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.
Моҳи марти соли 2016 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким бо ирсоли нома аз интихоб ва пазируфта шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” хабар доданд. Қарор дар бораи таъсиси Панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт. Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.
Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок намуданд. Моҳи ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити оби Будапешт дар Венгрия иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёра ҷалб сохтанд.
Дар рӯзҳои охири ин соли таърихӣ, яъне 21 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд . Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Раиси Маҷмаи Умумии ин созмони ҷаҳонӣ Питер Томсон бо ирсоли номаи табрикӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди тоҷикро бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 самимона шодбош гуфтанд. Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея бо назардошти идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.
Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор», 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.
Тибқи маълумоти СММ, имрӯз тахминан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вобаста ба мавзӯи мазкур дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҷаллаи «Хроникаи СММ» моҳи марти соли 2018 таҳти сарлавҳаи «Об барои рушди устувор» чоп кардааст, чунин оварда шудааст: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон, то ҳоло зиёда аз 844 миллион одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 миллиард одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 миллиард одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то 2,3 миллиард мерасад».
Имрӯз бисёре аз сиёсатмадорон ва роҳбарони мӯътабари ҷаҳонӣ ақидаву пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷиконро дарк карда, дар суханрониҳои худ ба он такя мекунанд. Яъне, онҳо низ дарк кардаанд, ки масъалаи норасоии оби нӯшокӣ проблемаи кишвар ё минтақаи алоҳида набуда, балки умумиҷаҳонӣ аст ва бетаваҷҷуҳӣ ба он пайомадҳои хатарнок ва мудҳиш, аз ҷумла, хатари муноқишаҳои бузурги низомиро метавонад ба миён орад.
Попи Рим Франсиск, аз эҳтимоли сар задани муноқишаҳои бузурги ҷаҳонӣ барои об ҳушдор дод. «Ҳуқуқ ба об яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсон ва ояндаи инсоният аст. Аз худ мепурсам, ки оё мо ба сӯйи ҷанги бузури ҷаҳонӣ барои об равона нестем. Рақамҳое, ки СММ интишор намудааст, наметавонанд моро бетараф гузоранд. Ҳар рӯз ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Бояд таваққуф кард ва ин вазъиятро ба қафо баргардонид. Хушбахтона, ин ғайриимкон нест, аммо фаврӣ аст», — ин иқтибос аз суханони Попи Рим Франсиск дар сомонаи Znak. com. дарҷ шудааст.
Дар гузоришҳои вобаста ба об интишорнамудаи СММ низ дар мавриди хатари ба миён омадани муноқишаҳои ҷиддӣ ва низомӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки муддати 50 соли охир 507 муноқиша маҳз дар масъали об ба қайд гирифта шуда, дар 21 ҳолат муноқишаҳои лафзӣ ба муноқишаҳои низомӣ расидаанд. Ҳоло ҳам баҳсҳои зиёд дар мавриди обу истифодаи он боқӣ монда, ҳар лаҳза хатари ба ҷанг мубаддал гаштани ин баҳсҳо вуҷуд дорад.
Проблемаи мазкур мушкилоти рақами яки геополитикии инсоният дар асри XXI аст. Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Сарвари давлати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.
Мувофиқ ба маълумотҳои ба мо дастрасгардида, дар давраи аз 25 апрели соли 2016 дар ҷаҳон 7 миллиарду 289 миллион нафар одам зиндагӣ намуда истода, ҳамасола ҳаҷми афзоиши он тақрибан 83 миллионро ташкил медиҳад
Дар навбати худ, мувофиқ ба ин афзоиш, талабот ба истифодаи оби нӯшокӣ ҳаҷми 64 миллион кубометрро ташкил намуда, дар мавриди афзоиш ёфтани аҳолии рӯи замин дар ҳаҷми се маротиба, ҳаҷми истифодаи об аз ониби аҳолӣ 17 маротиба зиёд шуда истодааст, ки ин албатта ташвишовар аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистондар миёни давлатҳои ОсиёиМиёна азнигоҳизахираҳоиоббойтарин кишвар аст, ки амасола дар қаламрави он 64 миллиардметримукааб об ташаккул меёбад. Дар навбати худ, ин миқдор захираи об тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад, ки ин ба фоидаи кишвари мо хоҳад буд, аммо Тоҷикситон, ки дар ҳудуди минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, ягона давлатест, ки пайгири беҳтар намудани вазъияти захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб аст.
Агар ба масъалаи таҳлил намудани вазъи ногувори захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна баргардем, боиси қайд аст, ки агар дар ибтидои қарни XX масоҳати заминҳои обёришаванда дар Осиёи Миёна баробар ба 2,5 – 3 миллион гектар буд, дар охири садсола ин ҳаҷм ба 8,5 миллион гектар афзоиш ёфтааст ва дар навбати худ аҳолии ин минтақа, ки соли 1956 беш аз 20 миллион буд, имрӯз бошад ин шумора ба 65 миллион нафар наздик шудааст.
Илова бар ин, агар дар оғози солҳои 1960-ум минтақаи Осиёи Миёна дар як сол тақрибан 60 километри мукааб обро истеъмол менамуд, имрӯз бошад ин шумора ба 110 километри мукааб афзоиш ёфта, мувофиқ ба маълумотҳои гуногун то ибтидои соли 2030-юм афзоиши истеъмоли об дар минтақаи мазкур то 20 фоиз зиёд хоҳад гардид.
Ҳамин тариқ ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон баҳри ҳалли сари вақтии масоли обу иқлим , обшавии пиряхҳо дар минтақа ва ҷаҳон равона гардидаанд, ки аз ҷониби СММ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Асламов Б. С. , Убайдуллоев Ш. Э. - омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Адабиёт:
1. Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222 аз-21-уми декабри соли 2016 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”. [Захираи электронӣ]. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ. //Манбаи дастрасӣ: www. mfa. tjwww. president. tj. (санаимуроҷиат 23. 12. 2020).
2. Суханронии Попи Рим Франсиск. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: www. Znak. com . (санаи муроҷиат 25. 12. 2020. )
3. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 22. 03. 2018 дар Иёлоти МуттаҳидаиАмрико. [Захираи электронӣ]//Манбаи дастрасӣ www. president. tj. (санаи муроҷиат 23. 12. 2020).
4. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, 20-июни соли 2018, ш. Душанбе. [Захираи электронӣ]. Сомонаи расмии Президенти ҶТ. //Манбаи дастрасӣ www. president. tj. (санаи муроҷиат 23. 12. 2020).
5. Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим». Ню-Йорк, 26-сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлосияи 74- уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню—Йорк. [Захираи электронӣ]. //АИМТ. Манбаи дастрасӣ: www. president. tj. (санаи муроҷиат 23. 12. 2020.
6. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: «Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ». Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, моҳи декабри соли 2019, шаҳри Алмаато. [Захираи электронӣ]. Ежегодник, 2019. Манбаи дастрасӣ: www. cawater-info. (Санаи муроҷиат 23. 12. 2020).
7. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо. Душанбе, 30-майи соли 2025. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣwww. president. tj. (Санаи муроҷиат 31. 05. 2025).
8. Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эъломияи соли 2025 “Ҳифзи пиряхҳои табиӣ” аз 14 декабри соли 2022.