ТАЪРИХИ ИНКИШОФИ ТЕННИСИ РӮИМИЗӢ
Тенниси рӯимизӣ бозии шавқангез, аз лиҳози рангорангӣ беҳудуд ва барои ҳамаи синну сол дастрас аст. Дар бобати пайдоиши тенниси рӯимизӣ ақидаҳо басо гуногунанд. Асосгузори ин бозӣ то ҳанӯз муайян нагардида, муаммое боқӣ мемонад. Бархе аз мутахассисон бар онанд, ки тенниси рӯимизӣ дар Осиё -Ҷопон ё Чин пайдо гардидааст, вале далелҳое низ мавҷуданд, ки ин бозӣ дар Аврупо ба вуҷуд омадааст.
Пайдошавии ракетка барои бозӣ бо тӯб ба асрҳои миёна рост меояд. Дар асри ХVI дар Англия ва Фаронса бозии шавқангезе пайдо гашт, ки ягон қонуну қоидае надошт. Дар нимаи дуюми асри ХIХ бошад, дар Англия бозие пайдо шуд, ки онро намуди ибтидоии теннис, тенниси рӯимизӣ ва бадминтон шуморидан мумкин аст. Тӯби теннис воқеан сабук - резине буд, ки ба пашми гӯсфанд печонда шуда буд. Воланҳо бошанд, аз пари парандагон сохта мешуданд.
Дар оғоз бо тенниси рӯимизӣ дар ҳавои кушод шуғл меварзиданд. Аммо ба зудӣ ин бозӣ аз ҳавои кушод ба дохили биноҳо роҳ ёфт. Бозӣ дар рӯйи фарш сурат мегирифт. Пасон бозие ба вуҷуд омад, ки дар болои ду мизи паҳлуи ҳам гузошташуда сурат мегирифт. Донишҷӯёни англис аз китобҳо монеае бунёд мекарданд, ки вазифаи тӯрро иҷро менамуд ва дар ин майдончаи рӯимизӣ бо тӯбчае бозӣ мекарданд, ки аз навъи чӯби мулоим ё каучук сохта мешуд. Ракетка шакли элипсӣ дошта, ба он коғази дурушти ноҳамвор часпонида мешуд. Боз муддате сипарӣ гардиду дар байни ду нимаи миз тӯр кашиданд.
Одамон ҳатто бо пӯкҳои шишаҳои шароб низ бозӣ мекарданд. Бозӣ бо либоси шомгоҳӣ сурат мегирифт: занҳо дар либосҳои дарозу зебо, мардон дар смокинг бозӣ мекарданд. Бо мурури замон бозӣ ба шуғли оилавӣ табдил меёфт. Дар солҳои 1900 - 1902 бозӣ дар Ҷопон доман афрохт; солҳои 1905 - 1910 дар Вена ва Будапешт низ бо ин бозӣ шуғл меварзиданд. Дар асри ХIХ бозӣ дар Россия пайдо гардид. Соли 1860 дар Петербург маҳфили «Крикет и лаут–теннис» таъсис ёфт, вале мисли пешин волан, лапта ва тамбурин бозиҳои дӯстдоштаи мардум боқӣ мемонданд.
Бозии тамбуринро, ки онро «же де пом» низ меномиданду он бо ракеткаи доирашакле сурат мегирифт, ки даста надошт, шакли ибтидоии тенниси рӯимизӣ номидан мумкин аст. Дар бораи «теннис» ном гирифтани бозӣ ақидае мавҷуд аст, ки гӯё дар он 10 бозингар ширкат меварзиданд, 5 - нафарӣ дар ҳар нимаи майдон.
Қоидаҳои аввали бозӣ дар Англия муайян гардида буданд. Ҳар бозӣ то 30 хол идома меёфт.
Ихтирои сарбози зархариди англис Ҷеймс Бибос дар ривоҷи теннис такони бузурге бахшид: Ӯ аз Амрико тӯби селулоидиеро овард, ки ҳам сабук буду ҳам таранг ва он тӯби то ҳамон вақт мавҷудбударо иваз намуд. Бо сабаби он ки қоғази ба ракетка часпонидашудаи дурушту ноҳамвор садои «пинг–понг» мебаровард, бозиро низ «пинг-понг» номиданд. Пасон он тенниси рӯимизӣ ном гирифт. Бо мурури замон шакли ракетка низ тағйир мепазируфт. Ракеткаҳои фанерӣ низ пайдо шуда, вазни онҳо то се маротиба камтар гардид. Дастаи кӯтоҳкардашуда зарурати ба таври дигар ба даст гирифтани онро ба вуҷуд овард.
Босуръат доман густурдани тенниси рӯимизӣ зарурати таъсис додани ташкилоти байналмилалӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои ягонаи бозироба вуҷуд овард. Моҳи январи соли 1926 бо ташаббуси Георг Леман дар Берлин Федератсияи байналмилалии тенниси рӯимизӣ–ФБТР таъсис дода шуд. Раиси аввалини он адиби машҳури англис, ходими пешқадами ҷамъиятӣ - Айвор Монтегю таъин гардид. Монтегю то соли 1966 дар ин вазифа кор кард ва яке аз муаллифони қоидаҳои бозӣ ва ташкилкунандагони чемпионати ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Соли 1936 конресси ФБТР қарор қабул намуд, ки номи бозӣ иваз карда шавад. Ба ҷойи номи пешинаи «пинг–понг» истилоҳи «тенниси рӯимизӣ» пайдо гардид. Дар ҳамин конгресс вақти бозӣ як соат муайян карда шуд. Аммо ба зудӣ маълум гашт, ки ин тағйирот кофӣ набудааст ва вақти як вохӯрӣ то 20 дақиқа ихтисор карда шуд.
Баландии мизи бозӣ ба таври расмиву тағйирнопазир аз фарш 76 см муайян гардид. Ҳамчунин ҳангоми партофт чарх занонидани тӯб бо ангуштон манъ карда шуд. Ҳамаи ин тағйиротҳо ба фаъол гаштани бозӣ мусоидат намуданд. Ҳамин тавр, дарозии мизи теннис ба 2, 74 м расид, баландии тӯр то 15, 25 см поён шуд, тӯби бозӣ сахт гардид. Вақти вохӯриҳо маҳдуд карда шуда, партофте, ки ҳангоми он тӯб бо ангуштон чарх занонида мешуд, манъ гардид.
Рекордҳои тенниси рӯимизӣ
Хар як соҳаи варзиш рекордҳои худро дорад. Рекордҳо гузошта мешаванду тағйир меёбанд, баъзеи онҳо чанд дақиқа вуҷуд дошта, бархе солҳо боқӣ мемонанд. Дар соҳаи тенниси рӯимизӣ низ рекордҳои хосса мавҷуданд.
*Масалан, бозингари машҳуртарин ва серҷоизатарин шаҳрванди Венгрия Виктор Барна(1911–1972) аст, ки 15 медали тиллои чемпионатҳои ҷаҳонро соҳиб гардидааст.
*Зани аз ҳама машҳуртарин низ шаҳрванди Венгрия Мария Меднянски(1901–1979) мебошад. Ӯ сазовори 12 медали тиллои чемпионатҳои ҷаҳон гардидааст.
Бозии муосири тенниси рӯимизӣ он қадар мураккаб гаштааст, ки гумон аст, касе дар ягон давру замоне ин рекордҳоро тағйир бидиҳад.
*Рекорди бозии босуръаттарин – 148 зарба дар як дақиқа ба теннисбозони Англия– Линда Ховард ва Мелоди Люди тааллуқ дорад, ки 11 октябри соли 1977 дар Блэкпул гузошта шудааст.
* Рекорди бозии тӯлонитарини ҷуфти мардона (101 соату 1 дақиқаву 1 сония) дар СЕЛА, соли 1979 миёни ҷуфтҳои Лаисе – Вия ва Воррен–Виен ба қайд гирифта шудааст.
* Муборизаи тӯлонитарин барои ба даст овардани як хол 14 марти соли 1936 дар Прага, дар чемпионати ҷаҳон байни теннисбози лаҳистонӣ А. Эрлих ва варзишгари Руминия П.Факаше, ки 1 соату 58 дақиқа бехато тӯбро аз болои тӯр ба ҳам равона мекарданд, ба қайд гирифта шудааст.
ҚОИДАҲОИ БОЗИИ ТЕННИСИ РӮИМИЗӢ
Ҳисоб. Техникаи бехатарӣ.
Ҳар як бозӣ қоидаҳои худро дорад. Қоидаҳои асосии тенниси рӯимизӣ мураккаб нестанд. Тарзи соддаи он талаботи ба нимаи мизи рақиб зарба расониданро дорад, ки дар ин ҳол тӯб бояд аз болои тӯр гузарад. Тӯб бо роҳи партофт ба бозӣ дароварда мешавад. Бозингар зарбаи ҷавобиро танҳо пас аз дар нимаи аз миз ҷастани тӯб метавонад иҷро намояд, агар ин шарт иҷро карда нашавад, он гоҳ хол аз даст меравад онро рақиб ба даст меорад. Талаботи ҷорӣ ҳаминҳоянд.
Тибқи қоидаҳои муобиқот миз бояд росткунҷа бошад бо дарозии 274см, бари 152см ва баландии 76см. Сатҳи миз, ки дар он бозӣ карда мешавад, бояд уфуқӣ, ҳамвор, баробар бошад ва хуб мешавад, ки ранги сабзи баланд дошта бошад. Дар чор тарафи рӯйи миз хатҳои сафед кашида мешавад ва бори бозии дунафарӣ хати мобайнӣ бо хатҳои тарафҳо параллел кашида мешавад. Талаботи асосии сифати миз як навъ аз онҳо ҷастани тӯб аст. Дар болои миз тӯри дарозиаш 183см кашида мешавад. Баландии он баробар бо бари миз бояд 15,25см ро ташкил намояд. Қисмати поёниаш бевосита ба сатҳи миз бирасад. Ракетка метавонад андозаҳои гуногун шаклҳо ва вазни гуногун дошта бошад, вале асоси он бояд паҳн ва сахт бошад.
Тӯб бояд шакли кура, диаметри 40мм (аз 39,50мм то 40,50мм хатогӣ имконпазир аст) ва ҳаҷми 2,7гр (2,67гр то 2,77 хатогӣ имконпазир аст) дошта бошад. Тӯб бояд аз селлулоид ё изи ба он монанд бояд сохта шавад. Тӯб бояд сабук сафед ё норинҷӣ бошад.
То 1 октябри соли 2012 тӯбҳо диаметри 38мм ва ҳаҷми 2,5гр доштанд (инқилоб) дар Куала Лумпур дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Малайзия 23 феврали соли 2000-ум баргузор шуда буд, ба вуҷуд омад. Маҳз дар ҳамин рӯз бо овози бештари намояндагони мамлакатҳои иштироккунандаи ИТТФ стандарти нави тӯб 40мм қабул гардид. Ин қарор 1-уми октябри соли 2000-ум ҳукми қонунро гирифт.
Бозӣ
Вохӯрии рақибон аз қуръапартоӣ оғоз меёбад. Варзишгаре, ки ҳуқуқи интихобро дорад метавонад интихоб намояд:
•партофтро, қабули партофтро (дар ин маврид рақиб тарафро интихоб мекунад), ё тарафро (он гоҳ рақиб партофтро интихоб менамояд);
•ба рақибаш ҳуқуқи интихоби аввалро бидиҳад.
Бозӣ аз партофт оғоз меёбад. Тӯб аз хати ақиби миз бо роҳи аз кафи даст ба баландии на камтар аз баландии тӯр партофтан ба бозӣ ворид карда мешавад, то ин ки ҳангоми парвоз ва зарба он ба довар ва бозингар намоён бошад. Тӯбро напартофта ба бозӣ даровардан, ҳангоми партофт қадами зиёдатӣ гузоштан ё партофтро аз рӯйи миз анҷом додан мумкин нест. Дар ин маврид танҳо тӯби афтодаистодаро задан мумкин аст. Партофт аз нав иҷро карда мешавад, агар тӯб ба тӯр ва пояҳои он бирасад, вале дар ҳамин ҳолат ҳам ба тарафи рақиб гузарад. Шумораи партофтҳо маҳдуд нест. Партофт бохта ҳисоб мешавад, агар варзишгар тӯбро партофта, зарба назанад, зарба хато равад ё тӯбро бо даст биқапад. Варзишгаре, ки партофтро қабул мекунад тӯбро дар қисмати худ, ки аз миз ҷастааст бояд ба тарафи рақиб бо зарба фиристад. Рақиб бошад дар навбати худ тӯбро бояд баргардонад ва ин ҳолат то он лаҳзае давом мекунад, ки яке аз тарафҳо ба хатогӣ роҳ диҳад. Ҳар як хато ба рақиб як хол меорад.
Баъди ҳар ду партофт (то 1уми сентябри соли 2001ум - баъди ҳар панҷ партофт) партофт ба рақиб мегузарад. Партия бурда ҳисоб мешавад, вақте яке аз бозингарон бо фарқияти на камтар аз ду хол соҳиби 11 хол (то 1 сентябри соли 2001 – соҳиби 21 хол) мегардад. Дар ҳолати 10 бар 10 (то 1уми сентябри 2001 20 бар 20) будани ҳисоб партофт баъд аз ҳар як афтодани тӯб ба рақиб мегузарад. Баъд аз ҳар як партия рақибон тарафҳояшон навбати партофтро иваз менамоянд. Бозӣ аз 5 ё 7 партия (то 1уми сентябри соли 2001 3 ё 5 партия) иборат аст. Варзишгар соҳиби хол мешавад, агар рақиби ӯ яке аз хатоҳои зеринро роҳ диҳад:
•пеш аз он, ки тӯб ба миз бирасад бо ракетка ё банди дасте, ки ракеткаро медорад ба тӯб бирасад;
•ҳангоми баргардондани тӯб он ба тарафи рақиб нарасад;
•ҳангоми баргардон тӯбро бо ракетка медорад ва ё зиёда аз 1 маротиба ба тӯб мерасад;
•ҳангоми бозӣ ягон узви бадани ӯ, ки аз миз болотар аст ба тӯб мерасад;
•партофти дуруст иҷрошударо пас аз ҷаҳиши аввали он дар тарафи худ баргардонда натавонад;
•тӯбро бо ракеткаи пеш аз зарба аз даст раҳо карда ё дасте, ки ракетка надорад баргардонад;
•ҳангоми бозӣ ба ҷуз тӯб тӯр ва ё пояҳои он, ҳамчунин тарафи мизи тарафи рақибро боя гон воситае бирасад;
•ҳангоми бозӣ ба сатҳи миз бо дасте, ки ракетка надорад бирасад.
Ҳамчунин донистан зарур аст, ки:
•сабқат боз дошта ва аз нав бо партофт оғоз карда мешавад, агар ба бозингар ҳолатҳои ғайриинтизор хала расонанд: халалрасонии шахсони бегона, тӯби аз мизи дигар ба миз расида, чароғи хомӯшшуда;
•афтодани бозингар ҳангоми бозӣ ва ё бархӯрди варзишгарон дар мусобиқаҳои дунафарӣ барои
Накат аз рост аз нав оғоз кардани бозӣ сабаб гардида наметавонанд;
•тӯбро бо дасти холӣ (бе ракетка) баргардонидан мумкин нест;
•ҳеҷ гуна ҷаҳиши тӯб барои аз нав оғоз кардани бозӣ сабаб намегардад;
•тӯб дуруст шуморида мешавад, агар он ба тӯр ё сутуни он расад, аммо ба тарафи дигар гузарад;
•тӯбе, ки ба назди тӯр расида бо сабаб тоб хӯрдан ба тарафи дигари миз гузарад барои бозингаре, ки онро баргардонда танавонист бохта ҳисоб меёбад.;
•паз аз ҳар як партия теннисбозон тарафҳо ва навбати партофтро иваз менамоянд;
•ба бозингар танҳо ҳангоми танаффус, ки дар вақти иваз кардани ҷойҳо байни рақибон ба вуҷуд меояд, маслиҳат додан мумкин аст.
Ҳамунин оид ба тӯбҳое, ки ба кунҷи миз бармехӯранд ташреҳ (шарҳ) вуҷуд дорад. Моҳияти он чунин аст: самте, ки тӯб ба он равона карда шуда буд, чархзании он ва самте, ки вай ҷаста баргаштааст, метавонанд муайян кунанд, ки тӯби дурусти ба кунҷ расидаро аз тӯби нодуруст поёнтар аз кунҷи миз расида фарқ кунем. Агар нуқтае, ки тӯб ба хати паҳлуӣ ё оқиби миз расидааст аз варзишгаре, ки зарба мезанад дур бошад, пас дар бештари ҳолатҳо ин тӯб (зарба) дуруст аст. Танҳо тобхӯрии аз ҳад зиёд ба поёнтар аз кунҷ расидани тӯб сабаб гашта метавонад.
Қоидаҳои нави партофт
1.Партофтро вақте оғоз мекунанд, ки тӯб дар кафи кушодаи ҳамвор ва беҳаракати даст озод истодааст.
2.Партофтгар бояд тӯбро ба хати амуди ба боло камаш 16 сантиметр онро тоб надода партояд, ки тӯб пас аз ҳангоми афтодан, агар зарба зада нашавад, ба чизе нарасад.
3.Ҳангоми афтодани тӯб партофткунанда бояд онро тарзе бизанад, ки тӯб аввал ба майдони бозии тарафи худи ӯ пасон аз болои тӯр гузашта ба майдони рақиб бирасад; дар мусобиқаҳои дунафарӣ тӯб бояд пайдарҳам ба тарафи рости майдонҳои партофткунанда ва қабулкунанда бирасад.
4.Аз аввали партофт зарба бо ракетка задашуда тӯб бояд аз сатҳи майдон баландтар ва аз паси хати охирини партофткунанда ҳаракат намояд, ки дар ин ҳолат ягон қисмати тан ё либоси партофткунанда ва шарики ӯ дар мусобиқаи дунафарӣ набояд тӯбро аз қабулкунанда панаҳ намояд.
5.Бозингар бояд партофтро тарзе амалӣ намояд, ки довар ва ёвари довар шоҳиди он бошанд, ки ҳамаи талаботро, ки партофти дуруст талаб менамояд, иҷро менамояд:
6.Агар дар бозӣ ёвари довар иштирок нанамояд ва довар шубҳа дошта бошад, ки бозингар партофтро тибуи талабот иҷро намудааст, вай ҳуқуқ дорад бори аввал бозиро боз дорад ва бе додани хол партофткунандаро огоҳӣ диҳад.
7.Дар ҳама ҳолати минбаъдаи ин вохӯрӣ ҳангоми шубҳа кардан ба дурустии партофт аз тарафи партофткунанда ё шарики ӯ дар бозии дунафарӣ бо ҳамон сабаб ё сабаби дигар бояд ба қабулкунандаи партофт хол дода шавад.
8.Агар партофткунанда талаботи партофти дурустро ошкоро вайрон созад, ҳеҷ гуна огоҳӣ талаб карда намешавад ва ба қабулкунанда хол дода мешавад.
9.Дар ҳолати истисно довар метавонад талаботро ба иҷрои партофти дуруст сабук гардонад, агар бовар намояд, ки ба иҷрои комили партофт норасоии ҷисмонии бозингар халал мерасонад.
Бозии дунафарӣ
Ҳангоми бозии дунафарӣ зарба ба таври ҳатмӣ аз рӯи навбат амалӣ карда мешавад, вайрон шудани навбат бохтани хол аст.
Партофт ҳангоми бозии дунафарӣ. Партофт аз нимаи рости мизи ҷуфти партофткунанда ба тарафи рости мизи қабулкунанда ба амал оварда мешавад. Агар тӯб ба минтақаи кадоме аз тарафҳо нарасад, партофткунанда холро мебозад. Хати маркази дар ҳарду тарафи миз минтақаи бозӣ ҳисоб мешавад.
Навбатнокии тағйирёбии партофт. Қуръапартоӣ муайян мекунанд, ки кадом ҷуфт бояд аввалин шуда партофт ба амал орад. Кадоме аз бозингарони партофткунанда партофтро аввалин шуда иҷро мекунанд, худи ин ҷуфт муайян менамояд. Ҷуфти қабулкунанда дар навбати худ муайян мекунад, ки кӣ аввалин шуда партофтро қабул намояд. Пас аз он, ки бозингари партофткунанда навбати партофти худро ба анҷом мерасонад, партофт ба тарафи бозингари қабулкунанда мегузарад. Дар ҷуфти партофткунанда тағйирот ба вуҷуд меояд – онҳо ҷой иваз мекунанд: он нафаре, ки партофтро қабул мекард, партофткунанда мешавад ва он нафаре, ки партофтро ба амал оварда буд ба шарики худ аввалин шуда қабул кардани партофтро вомегузорад. Ҳамин тариқ ҳамаи чор нафар бо навбат партофт мекунанд ва партофтро қабул менамоянд.
Системаи гузаронидани мусобиқот
Барои гузаронидани мусобиқаҳо одатан се системаро истифода мебаранд: олимпӣ, олимпӣ бо хориҷшавӣ пас аз ду мағлубият ва даврӣ. Системаи олимпӣ барои зудтар муайян намудани ғолибони мусобиқаҳо истифода бурда мешаванд. Он барои мусобиқаҳои оммавӣ бо теъдоди зиёди иштирокчиён мувофиқ аст. Норасоии ин усули гузаронидани мусобиқаҳо он аст, ки варзишгарон таҷрибаи кофии мусобиқа кардан ва сарбории заруриро гирифта наметавонанд ва пас аз як-ду вохӯрӣ аз мусобиқа хориҷ мегарданд. Бинобар ин барои ҳангоми қуръапартоӣ зарур аст, ки сатҳи маҳорати иштирокчиён ба наза р гирифта шавад.
Системаи олимпӣ бо хориҷ шудан пас аз ду мағлубият мувофиқтар аст. Вале, ин системаи гузаронидани мусобиқаҳо на ҳамеша имкон медиҳанд маҳорати мусобиқакунандагон дуруст муайян карда шавад, гарчанд теннисбоз имкон надорад, ки бо варзишгари пурқувват дар аввал вохӯрда наметавонад ва пас аз як бозиро бохтан вай имкон пайдо мекунад, ки барои ҷойи сеюм мубориза барад.
Системаи даврии гузаронидани мусобиқаҳо имкон ба вуҷуд меорад, ки сатҳи маҳорати иштирокчиён дуруст муайян карда шавад, зеро ҳар як иштирокчӣ бояд бо ҳар як иштирокчиёни дигар мубориза барад. Вале, шумораи мусобиқаҳо, ки барои муайян кардани ғолиб заруранд нисбат ба системаҳои дигар хеле зиёдтар хоҳанд буд. Барои гузаронидани мусобиқаҳо хуб мешавад, ки ҳайати доварон созмон дода шавад.
Техникаи бехатарӣ
Талаботи умумӣ. Ҳангоми машғулиятҳо бо тенниси рӯимизӣ ба назар гирифтан зарур аст, ки тенниси рӯимизӣ ба гурӯҳи бозиҳои варзишии фардии бебархӯрд (ба ҳам нарасида) дохил мешавад, ки хусусияти ҳаракатҳои ғайристандартӣ ва фаъолияти тағйирёбандаро доранд. Дар шахсоне, ки бо тениси рӯимизӣ шуғл меварзанд дастгоҳи такягоҳу ҳаракат бештар осебпазир аст: қисматҳои китф, зону, буҷулаки пой, ки дар иҷрои ҳаракатҳои бозӣ ширкат меварзанд. Либос ва пойафзоли варзишӣ бояд ба қад ва андозаи иштироккунандагон комилан мувофиқ бошад. Риштаҳои пойафзоли варзишӣ ба ҳаракат халал нарасонанд. Тавсия мешавад, ки мӯйҳои дароз баста шаванд.
Талабот ба толори варзишӣ. Толоре, ки ҳавояш тоза карда мешавад. Таъмини равшании зарурӣ.
•Андозаи минималӣ барои як миз -- 7,5 х 4,5 метр. Таҷҳизоти стандартӣ барои тенниси рӯимизӣ: мизҳо, тӯрҳо, тӯбҳо, ракеткаҳо.
•фарши толор бояд ба талабот мувофиқ бошад лағжонак (набошад).
6.Талаботи бехатарӣ пеш аз оғози тамринҳо:
•варзишгарон дар толори варзишӣ танҳо дар ҳолати ҳузур доштани мураббӣ—муаллим ҳузур дошта метавонанд;
•пеш аз оғози машғулиятҳо ҳар чизе, ки метавонад ба тамринҳо халал расонад, бояд бартараф ва хориҷ гардад;
•бидуни иҷозати муаллим мизҳоро гузоштан ва машғулиятро оғоз кардан манъ аст.
7.Талаботи техникаи бехатарӣ ҳангоми машғулиятҳо:
•иҷрои вазифаҳо танҳо бо иҷозати мураббӣ;
•ҳангоми машғулиятҳо бояд аз бархурдҳо бо ҳамдигар канора ҷуст ва ба майдони бозии варзишгарони дигар ворид нашуд;
•ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати сӯхтор бояд тибқи қоидаҳои дастур (дастур оид ба бехатарии зидди сӯхтор) истифода бурда шавад.
8.Талаботи техникаи бехатарӣ баъд аз анҷоми машғулиятҳо:
•паз аз анҷоми машғулиятҳо машқкунандагон бояд тамоми лавозимотро ҷамъ оранд;
•машқкунандагон бояд қоидаҳои беҳдоштиро комилан риоя намоянд.
9.Талаботи техникаи бехатарӣ дар ҳолатҳои садамавӣ:
•дар ҳолати захм ё осеб бардоштан расонидани ёрии аввалини мустақилона манъ аст - зарур аст, ки муаллим огоҳ карда шавад; ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати садамавӣ низ муаллимро огоҳ кардан зарур аст. Дар ҳолати зарур будан барои бартараф кардани ҳолати садамавӣ ба қадри тавон бояд кӯмак расонд.
Муаллими калони
кафедраи ТМ ва ОҶ
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Нурализода А.
Муаллими кафедраи ТМ ва ОҶ
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия Саъдуллозода К.С.