Паёми сарнавиштсози миллат
Мусаллам аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид.
Паём пайки шодиву иқдоми нек дар тамоми соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба миён гузоштани вазифаҳои мушаххасро дар соли оянда муайян менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷае, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи хеш иброз намуданд, ин соҳаи иқтисод ва савдо буда, мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки дар ин замина дар рушду ташаккули соҳаи номбурда нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок аст.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди кишварамон дар зарфи сиву се соли сипаригардида ба дастовардҳои нодири таърихӣ ноил гардидааст, ки ин боиси шукргузорӣ, ифтихор ва қаноатмандӣ аст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоест дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, рушди устувори самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар. Воқеан ҳам Паём сухани самимӣ ва побарҷои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як фарди соҳибватани тоҷик буда, пайғоми пурифтихори насли имрӯзу фардои кишвар аст. Миллати соҳибфарҳанги тоҷик дар давоми сиёсати давлатдории худ ба ҳадафҳои созанда ва нерӯманди ҷомеаи ҷаҳонӣ ноил гардида, бо такя аз хиради азалӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонист, ки як қатор муваффақиятҳоро ба даст орад. Бояд зикр намуд, ки дар Паём Пешвои миллат на танҳо аз музаффариятҳо ва муваффақиятҳо ёдрас гардид, балки аз камбудиву мушкилотҳо дар як қатор сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯӣ карда, барои ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои муассир намуд.
Аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бармеояд, ки фарзандони бонангу номӯси Ватанамон пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то дар корҳои созандагӣ ва бунёдкории Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори таҳлил ва баррасии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон ба рушд ва ташаккули соҳаи иҷтимоиёти давлат, аз ҷумла ба вазорати маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муасирро роҳандозӣ намоянд.
Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то насли наврас ва ҷавон дар биноҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз, бо истифодаи технологияи ҳозиразамон таълиму тарбия гирифта, дар оянда баҳри кишвари маҳбубамон содиқона хизмат намоянд.
Дар низоми давлатдории миллӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат, гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати таърихӣ ва сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро дар Паёмашон соли бурдборӣ дар ҳаёти миллати сарбаланди тоҷик ёдрас гардида, қайд намуд, ки воқеан ҳам соли сипаригардида соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда аст.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дорои хусусиятҳои хоси худ буда, дар шароите ироа гардидааст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ҷашни муҳимтарини таърихӣ, яъне 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро бо қадршиносӣ аз миллату давлати хеш таҷлил хоҳад намуд.
Ҳамзамон, Паёми имсолаи Пешвои миллатро аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ маҳаки асосии таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ метавон арзёбӣ намуд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳиибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Қобили зикр аст, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Зеро ҳар як қавму халқиятро аз фарҳанги миллӣ, пос доштани арзишҳои умумибашарӣ ва дар ин замина арҷгузорӣ ба таърихи ниёгони худ баҳогузорӣ кардан мумкин аст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар муқоиса ба соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда ба 1 миллиарду 716 миллион сомонӣ омада расидааст.
Дар тӯли 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯз ҳар кадоми онҳо ба мардуми шарафаманди тоҷик хизмат намуда истодаанд.
Инчунин зимни суханронӣ Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, забондониро чун омили муҳимми дониш ва рушди дараҷаи касбияти ҷавонон арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпарсат, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Айни замон дар кишвар 61 фоизи шумораи умумии кормандонро маҳз ҷавонон ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.
Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд, ки бо боварӣ гуфта метавон, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худро барои рушди илму иноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ равона намуда, дар ин ҷода саҳми арзишманд мегузоранд.
Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо ин мақсад ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стартегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Воқеан ҳам мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд ва Тоҷикистони азизу маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта менамоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба риоя намудани меъёрҳои Конститутсия ва мустаҳакам намудани омилҳои давлатдорию давлатсозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид кардаанд, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро боз ҳам таҳким бахшида, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мустаҳакам карда, рушди устуворию иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Дар маҷмӯъ, он вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои мумбрам ва расидан ба ҳадафҳои стратегии дарпешистода барои соли 2025 дар назди мардуми кишварамон гузошта шуд, пеш аз ҳама, бо мақсади рушду тараққӣ додани раванди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакатамон равона шудааст.
Аз ин лиҳоз ҳар яки мо- кормандони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат намуда минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Кормандони шуъбаи таълими Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Баҳодурзода Ю.Б, капитани милитсия Исматзода Ҳ.М.