Саҳми занон дар пешрафти ҳаёти сиёсии ҷомеа ва нақши онҳо дар рушди Артиши миллӣ
(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ тамоми имконияту шароитҳоро ба хотири дастгирии ин қишри осебпазири ҷомеа ва роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Зимни аксарияти суҳбату вохӯриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин, дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила зоҳир менамоянд.
Изҳори нигарони карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои созгор ва арзандаи паҳлуҳои гуногуни кору фаъолияти занон таклифу пешниҳодҳои мушаххасу асоснокро ба миён мегузоранд. Ҳамасола ба муносибати таҷлили Рӯзи модарон дар маросими бошукуҳи расмӣ суханронӣ намудани Пешвои миллат гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Имрӯз теъдоди ҳарчи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар давраи соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз ягон самти фаъолияти сохторҳои давлатиро бидуни иштироки фаъолонаи занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истода, дар баробари ин, боз мудофеони Ватанро тавлид намудаву ба воя мерасонанд, ки муҳофизи Модар-Ватананд.
Заҳмату талош, ташаббусҳои созанда ва некбинонаву ватандӯстонаи занону модарон, нақши онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватан ва рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ эҳсос мегардад. Дар ташаккулу таҳкими Артиши миллӣ нақши модар хеле бузург аст, чунки ӯ ҳамеша қаҳрамону паҳлавону бавиҷдону поквиҷдонро мехоҳад тарбия кунад. Инсонҳои боҷасорат, паҳлавонони бонангу номус медонанд, ки хизмат ба Ватан як гӯшаи имон аст. Дӯстдории Ватан ҳам имон аст. Аз ин хотир, зан дар домони худ ана ҳамин ҷасуронро мепарварад, то онҳо ҳомии ин Ватан бошанд. Ҳангоме, ки онҳо ҳомии Ватананд, ҳомии модару хоҳар, падару бародар ва дигар наздикону пайвандон хоҳанд шуд.
Нақши зан дар ҳимояи марзу буми кишвар назаррас буда, дар баробари мардҳо саҳми бонувон ҳам кам нест. Аз ин рӯ, имтиёзҳое, ки мардон дар артиш доранд, занон ҳам аз он имтиёзҳо истифода мебаранд. Дар воқеъ, барои ташаккули Артиши миллӣ саҳми занону модарон бузург буда, Артиши миллиро бе зани тоҷик тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Занони тоҷик пайравӣ аз қаҳрамонзанҳо, амсоли Томирису Гурдофарид ва дигарон карда, имрӯз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қатори мардҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд. Албатта, 23-юми феврал танҳо ҷашни мардҳо набуда, балки ҷашни он занҳое низ ҳаст, ки дили мардона, нангу номуси Ватандорӣ доранд.
Яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибиистиқлолии давлатӣ дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи Президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ва аз ҳама муҳим дар заминаи амали сохтани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор, ташаббусҳои созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои муносиб ва имкониятҳои арзанда барои боло рафтани мавқеи зан дар ҷомеа фароҳам оварда шудаанд, ки онҳо назир надоранд.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз равиши тоза гирифта истодааст.
Гуфтаҳои боло аз он далолат мекунанд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷиҳати фаъолияти босамари онҳо дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа тадбирҳои амалӣ ва саривақтӣ меандешанд, зеро занон ва модарони мо воқеан нерӯи тавонои ақлонӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд.
Ҳаминро бояд иброз намоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзун ва бемисли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ занон ва ва бонувони кишвар, тамоми нерӯю ғайрат ва кушишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон равон намоянд. Мо бо тамоми ҳастиашон талош хоҳанд кард, то кохи истиқлоли давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилову муҳташам ва устувору бегазанд бошад.
Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
капитани милитсия
Сулаймонзода Рустами Неъматулло