Иқтисоди рақамӣ – омили рушди иқтисоди миллӣ
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 28 декабри 2024, ш.Душанбе)
Пешравии иқтисоди миллӣ бештар аз вусъатёбии барқароркунии истеҳсолот, ба кор даровардани корхонаҳои хурду калони соҳаҳои гуногун, таҷдиди илм дар истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ташкили илмии меҳнат вобастагӣ дорад.
Вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.с.2023) таъкид карданд, ки: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд».
Бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон дар тайи 32 сол тавонист ба яке аз кишварҳои дар созмонҳои ҷаҳонӣ соҳибминбар баромад намояд. Мунтазам татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати кишвар, дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад. Махсусан, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфт. Дар ин росто ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд. Хушбахтона, дар корхонаҳои хурду бузурги кишвар зиёда аз 90 дарсади коргарону мутахассисонро танҳо сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, ки қисме аз онҳо таълимдидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошанд.
Ин ҳама самараи истиқлол ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди миллӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардида, боиси бештар ва рушду пешрафти давлат гардид. Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти маҳсулот, таъсир расонид.
Дар ин марҳила бояд, диққати ҷиддӣ дод, ки техникаю технологияи муосири ба доихили Тоҷикистон ворид шаванда сифати баланд дошта бошад ва он солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор гирад. Ҳамзамон доир ба нарху шартҳои сабук ворид кардани технологияҳои муосир диққат дидан лозим аст, ки то он боиси баланд рафтани арзиши маҳсулоти истиеҳсолшаванда нагардад ва дар бозори дохилӣ харидор пайдо карда тавонад.
Хушбахтона, соҳибкорони тоҷик барои ворид кардани технологияҳои муосир ба Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодаанд, ки он дар рушди соҳаи саноат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ таъсири назаррас дорад. Бо дастгири Ҳукумати Тоҷикисон нисбати санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна маратория эълон карда шуд ва ҳамзамон илова бар ин, даҳҳо номгӯй имтиёзҳои дигарро низ мукаррар намуданд, ки ин сиёсат ба рушди соҳаи саноат таъсири назаррас дорад.
Имрӯзҳо бисёри намуди маҳсулоти ниёзи мардум аз беруни кишвар ворид карда мешаванд, ки аҳолии кишвар асосан аз он молҳо харидорӣ менамоянд. Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ низ маҳсулотҳои гуноун истеҳсол карда мешавад, ки он ба талаботи бозор ҷавобгӯ буда, ба рушди саноат ва иқтисоди миллӣ нақши назаррас дорад.. Гарчанде имрӯз дар Точикистон имконияти истеҳсоли технологияҳо муосир нест, аммо истеҳсоли махсулоти ниёзи мардум дар рушди иқтисодиёти мамлакат ниҳоят муҳим мебошад. То он замоне, ки маҳсулотҳои талаботи мардум аз кишварҳои берун ворид карда мешавад, пешрафти иқтисодиёти мамлакат ғайриимокн аст ва он вақт истиқлолияти сиёсӣ низ ҳамеша зери хатар қарор мегирад. Аз ин рӯ, дастгири намудани соҳибкорони тоҷик баҳри ворид кардани технологияҳои муосир ва ташкил кардани корхонаҳои саноатӣ дар кишвар дар самти таҳкими иқтидори сиёсиву иқтисодиёти мамалакат қадами асосӣ ба ҳисоб меравад.
Соҳибкорӣ дар кишвари мо мувофиқи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 майи соли 2002 метавонад бо истифодаи меҳнати кироя ва бе истифодаи он, бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсиси он амалӣ гардонида мешавад.
Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, шахсони хориҷӣ ва бешаҳрванд, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд. Соҳибкор дар пешбурди фаъолияти иқтисодӣ комилан озод аст. Ӯ ҳуқуқи мустақилона ба муомилот баровардани молҳои истеҳсолкарда ва бадастовардаашро дорад. Дар муносибат бо давлат соҳибкор танҳо дар асоси шартнома фаъолият дошта метавонад. Кам кардани бекорӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои гуногун - сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани рақобати молҳои ватанӣ бо молҳои хориҷӣ самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишварамон ироа карда шуд. Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” дар Паёми навбатии Пешвои миллат на танҳо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиамонро муайян мекунад, балки зарурати тағйиротҳои бунёдиро дар низоми иқтисодӣ ва идораи он таъкид мекунад.
Воқеан, рушди иқтисоди миллӣ на танҳо ба ғанӣ намудани буҷаи давлат, ҳамчунин, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Маҳз дар баробари рушди саноат, иқтисоди сабз, энергияи сабз, ҷалби сармоя ва рушди сайёҳӣ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ боис мегардад, ки шаҳрвандон, махсусан насли ҷавони кишвар, тамоми неруи хешро баҳри корҳои созандагиву ободкории Ватани хеш сафарбар намоянд.
Дар охир бояд ҳаминро дарҷ намоям, ки имрӯз тамоми шароит барои такмил додан ва ташкил намудани иқтисоди рақамӣ ба ҷавонон ва мутаххасисони соҳаҳои гуногун аз тарафи давлат таъмин карда шудааст. Ин ҳама заҳмарҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар мақолаи мазкур самтҳои афзалиятности рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимтарин дастурҳои Паём ва нақши рақамикунонӣ дар ин раванд баррасӣ щудааст.
Сулаймонзода Рустами Неъматулло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Факултети №2, капитани милитсия