80 – СОЛИ ҒАЛАБА ВА РОҲНАМОӢ ДАР ЗИНДАГӢ
Мирзоҳофизиён Мирзоалӣ Мирзоҳофиз
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сангарҳои мубориза, ҳамчун намунаи ибрат то охири умр дар тарбияи ҷавонон буданд ва нақши онҳо дар пешрафти тамоми соҳаҳо назаррас аст ва дар дили мо як умр боқи мемонад.Ҷанги хонумонсӯз аз тарафи Германия ба муқобили ИҶШС аз 22 июни соли 1941 оғоз гардида, бо Қарори Президиуми совети ИҶШС худи ҳамон руз “Ҳолати ҷангӣ” дар тамоми минтақа эълон карда шудааст.
Дар ин рузҳои мудҳиш халқи тоҷик низ дар қатори дигар халқият ба муқобили душман ва ҳифзи ватан сафарбар шудаанд. Гар чанде, ки вазифаи асосии Тоҷикистониён хизмат бурдан дар ақибгоҳ бошад ҳам, бисёре аз фарзандони тоҷик мардонавор дар сафи аввали ҷанг қарор доштанд ва бо душман дар набард буданд. Дар давраи ҷангӣ ақибгоҳ бо хатти аввали ҷанг аз якдигар вобастагии калон доштанд. Тоҷикон новобаста аз таъминот ва фаъолият намудан дар ақибгоҳ, боз бо хурока, либоса, қисме аз маоши худро ва дигар боигарии захиравии худро барои ҷанговарон равона мекарданд, ки дар натиҷа аз болои душман ғалаба ба даст оварданд. Дар давраи ҷангӣ, дар умум аз Тоҷикистон 151 қатора кумак ба ҷанг фиристода шудааст.
Дар ин солҳо дар миқёси Тоҷикистон бисёр ҷамъшавии оммавӣ ва бо бонги хатар шаҳрвандон ҷамъ омада буданд, ки мехостанд дар қатори аввал ба ҷанг иштирок намуда, ҷони худро дар ҳифзи ватан нисор намоянд. Аз рӯзҳои аввал бо хоҳиши худ мардони шуҷоъи ватан ва дар қатори онҳо занҳо низ худро, дар комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифтанд ва аввалин шуда ҳазорҳо мардон ва 63 зани тоҷик ба ҷанг бо руҳяи ватардӯстона гуселонида шуданд.
Тарбияи меҳанпарастии халқи тоҷик аз азал қалбӣ буда, дар ин рӯзҳои зарурияти муҳофизати ҷоннисорона ватан, фарзандони тоҷик мард ва занҳо ба набарди тақдирсоз раҳсипор мегаштанд. Ҳамарӯза дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хоҳишмандон барои иштирок дар набард бо душман зиёдтар муроҷиат менамуданд. Ин буд, ки дар давоми 1,5 соли аввали ҷанги хонумон сӯз 209 ҳазор тоҷикон ба майдони пеши набард бо душман роҳсипор гардида буданд.
Дар Тоҷикистон ба сангари набард, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барои сафарбар намудани онҳо, дар ҷумҳурӣ ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии 6 вилоятӣ, 67 шаҳрию ноҳиявӣ машғул буданд. Чун тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон низ сафи хоҳишмандоне, ки ихтиёрӣ ба фронт рафтани мехостанд, хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ қариб 6 ҳазор аризаҳои ихтиёриён омаданд, ки дар онҳо ҷавонмардон хоҳиши ҳар чӣ зудтар барои мудофиаи Ватан, ба фронт фиристоданро амали менамуданд.
Албатто дар майдони набард бе ҷонбохтан илоҷе набуд, чун душман ба ягончи раҳм надошт, ки бисёре аз фарзандони тоҷик аз майдони ҷанг барнагашта буданд. Бинобар Тоҷикистон вазифаи асосии таъминоти ақибгоҳи ҷангиро ба душ дошт, новобаста аз синну сол занҳо, мардҳо ва ноболиғон низ дар истеҳсолот ва кишту кори зироати кишоварзӣ ҷалб шуда буданд. Бо шиори “Ҳама ба ҷанг” таъминот бо либоса, хурока ва иқдомҳои патриотӣ асоси алоқамандии ақибгоҳро бо майдони набард пайваста буд.
Инчунин аз оғози ҷанг барои таъминоти лавозимоти зарури ба ҷанг, фарзандони тоҷик ба Белоруссия, Украина ва Балтика фиристода шуданд, ки дар заводу фабрикаҳои имконияташ гуногун кору фаъолият менамуданд. Аллакай дар солҳои аввали ҷанг тоҷикон дар баъзе минтақаҳо роҳбарии корхонаҳо, ташкилотҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилиро берун аз Тоҷикистон ба ӯҳда доштанд.
Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ милитсияи тоҷик низ саҳми босазо гузоштааст. Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозии комиссариати халқии корҳои дохилӣ таъсис дода шуда буд, ки дар натиҷа аз тарафи ин комиссариат 1084 амалиётҳои чангӣ гузаронида шуда, 2045 гумоштагони душмани фашистиро ошкор ва дастгир намуда буданд.
Сардори Комиссариати халқии корҳои дохилӣ С.И. Солитсев ба ӯҳда дошт,ки инчунин дастаи разведкавиро роҳбарӣ мекард, то охири ҷанг ба ситоди қушунҳои артиш маълумотҳои нодирро дастрас менамуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ баҳри тору мор сохтани қувваи ҷангии душмани фашистӣ вазифаи муҳим ба шумор мерафт.
Солҳои 40-50 муовини роҳбари мақомоти давлатии Комиссариати халқии корҳои дохилаи Тоҷикистон С.Самиев таъин шуда буд, ки дар қатори ӯ 4 нафар намояндаи ин мақомоти бонуфуз ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидаанд, ба монанди: Недошивин В.Г., Шарипов Э.Қ., Мирзоев М., Новоселтсев М.И., мебошанд. Солҳои 1946 баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ваколатҳои Комиссариати халқии корҳои дохилӣ дигар карда шуда, ба Вазорати корҳои дохилӣ табдил дода шуд.
Фарзандони тоҷик ва комиссариату идораву корхонаҳо дар набард бо душман на як каҳрамониҳо ва натиҷаҳои назаррасро дар тору мори душман анҷом додаанд. Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аввалин шуда дар набард бо душмани фашистӣ қалъаи машҳури Брест муқобилияти хунини мусаллаҳона нишон додааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар миёни садҳо халқу миллатҳои дигари Шуравӣ, фарзандони тоҷик низ дар мудофиаи ин қалъаи таърихӣ нақши намоёнро гузоштаанд. Дар сомонаи расмии “СААД” оварда шудааст, ки Тоҷикистони Шуравӣ аввалин шуда, дар набард бо душман дар қисмати пеши ҷанги хонумонсӯз хизмати ҳарбиро анҷом медоданд. Аз ҷумла дар мудофиаи Қалъаи овозадори Брест чанд нафар пулемётчиёни тоҷик (А. Маҳмудов ва диг.) қаҳрамонии бемисл нишон додаанд. Аз шаҳри Хуҷанд гурӯҳи ҷавонон соли 1940 барои хизмат дар ҳайати полки 125-уми тирандозӣ сафарбар карда шуда буданд, ки дар рузҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз ин гурӯҳи ҷавонони тоҷикони 64 нафара, ба муҳофизати Казармаи муҳандисии Дарвозаҳоии шимолии қалъаи Брест вобаста буданд ва он рӯзҳо бо фашистони мусаллаҳ дар сангар мубориза мебурданд.
Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳодияи Шуравӣ дар сангари муборизаи шадид бо душмани фашистӣ талафоти зиёдеро додааст. Беш аз 250 ҳазор нафар фиристодагони фарзандони тоҷик барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ шуҷоъат ва корнамоиҳои бузургеро нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдони набард бо душман ҷони худро аз даст додаанд. Зиёда аз 50 ҳазор нафар фиристодагони тоҷик бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардонида шуданд, 60 нафарашон Қаҳрамони Иттиҳодияи Шуравӣ, 15 нафарашон бо ордени “Шараф” сарфароз гардонида шуданд.
Баъди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва минбаъд аз ин набард ва сангари мубориза фарзандони тоҷик бо ҷароҳатҳо ва баъзеҳои онҳо солим ба ватан баргаштанд, ки дар тамоми самти фаъолитяи давлатӣ, тарбиятии ватандӯстии ҷавонони кишвар бевосита иштирок менамуданд.
Дар овони ҷавонӣ ва мактабхонӣ ҳар як ҷавони тоҷик номҳои Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба монанди: Т.Эрйигитов, Ҳ.Кенҷаев, Д.Азизов, И.Ҳамзаалиев, С.Турдиев, С.Амиршоев, Н.Қарабоев, ва дигаронро вирди забон намуда, аз онҳо ифтихор доштанд. Дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии сиёсӣ, мактабӣ ва донишгоҳҳо бе иштироки ин қаҳрамонони набард ва ёдовари аз он рӯзҳои мутҳиш хотима намеёфт.
Дар маҳви душман ҳиссаи авиаторон низ бузург аст ва дар таърих ҷои намоёнро дорад. Онҳо нуқтаҳои муҳими душманро муайян менамуда, он нуқтаҳоро бомбаборон мекарданд ва бо қувваҳои ҳавоии душман дар набард буданд. Дар байни авиаторон он вақта ба монанди: Иван Волухов, Тимофей Гаврилов, Иван Душкин, Василий Обухов, Михаил Родних, Григорий Таран, Павел Тихонов ва Серафим Ятсковский барин далерони майдони ҷанги ҳавоӣ, ки онҳо то оғози ҷанг дар нуқтаҳои баландкӯҳи Кӯҳистони Бадахшон парвоз мекарданд, хотирмон аст. Маҳз дар натиҷаи шуҷоату мардонагӣ ҳамаи номбурдагон сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагон аз Тоҷикистон қариб дар ҳамаи сангарҳои муҳорибаи ҷангӣ мардонагӣ нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми Шӯравӣ аз болои Олмони фашистӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Ҳеҷкас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад ва нахоҳад шуд. Мо пайравони фидокорӣ ва шуҷоату матонати шумоем қаҳрамонони шуҷоъи ватан!