Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои ободонию созандагӣ дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

152Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар якрӯзи ҳавои мусоид бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархезиТоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати Пешвои миллат аст, ки солҳои охир рӯҳи тозаи созандагиву ободонӣ дар қаламрави Тоҷикистон афзунтар гардида, мардумро пайи иҷрои амалҳои хайру созандагӣ раҳнамун сохта истодааст.
Устодону шогирдони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз даврони осоишта аз зебоиҳои айём бархурдор гашта, бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони ороишӣ ва корҳои сохтмонӣ, рангуборкунӣ дар гирду атрофи ин даргоҳи илму маърифат саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳайати кормандони факултет заминро аз сангҳо, партовҳо тоза намуда, ба гулпарварӣ мутобиқ гардониданд.

Дар ҳудуди факултет беш аз 300 бех ниҳолҳо аз қабили дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда, ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд.
Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ накунад, чӣ хурду бузург ба табиат ва растаниҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе муҳити зист ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст.
Ҳар як инсонро қарзи бузурги инсонӣ он аст, ки ҳастиҳои табиати нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, дар ободонӣ ва озодагии гирду атроф кӯшиш намояд. Дар афзудани манбаъҳои бузурги табиӣ ҷаҳд кунад ва нагузорад, ки табиат рӯ ба завол оварад. Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дошта, эҳтироми табиату манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст.

153Ба ҳар як кафедраи факултет қитъаи замин вобаста карда шуд, ки устодон дар он гулу гулбутта, гулҳои ороишӣ аз ҷумла, гулҳои садбарг, довудӣ, бобуна, мехчагул ва райҳон шинониданд. Боиси хушнудист, ки дар факултет устодоне низ ҳастанд, ки бо маҳсули дастони зебоиофарашон ва бо азми қавӣ барои ободии ин таълимгоҳ камари ҳиммат мебанданд. Гирду атрофи таълимгоҳро бо гулҳои баҳори лабрез намудаанд.
Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намуда, аз зебогиҳои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Агар обҳоро чун сарвати бебаҳо сарфакорона истифода барему тоза нигоҳашон бидорем, манбаи пайдоиши нуру зиё ва зебогии оламу одам мегарданд. Агар захираҳои табиатро муқаддас ҳисобему онҳоро сарфакорона истифода барем, зиндагиамон торафт ободу зебо ва хотирмону дилпазир хоҳад гашт.

Вазифаи устодони ин даргоҳ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ тарбия кардани шогирдон, ба роҳи рост ҳидоят намудан, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро устувор нигоҳ доштан, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода тавонистан, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст доштан ва пайваста саъй кардану ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонидан мебошад.
Ҳар нафаре, ки боре диёри моро дид, гӯш ба афсонаи дарё дод, қатрае аз он нӯш намуд, умре онро фаромӯш намекунад. Ҳамеша садои дарё, навои чашмасорон, оромии кӯҳҳои бовиқор истода дар пеши назараш, дар гӯшу ҳушаш садо дода, ҷилвагар мегардад.
Факултети № 4, ки як гӯшаи диёри зебоманзари Тоҷикистон мебошад, ҳайати олимон ва профессорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ободонии ин гӯшаи диёр саҳмгузор бошанд. Зеро, ки ободии диёр аз ҳар хонавода, маҳал ё худ оғоз меёбад.
Баҳодурзода Мутрибахон, муаллими кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...