Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст. Бо ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

P1171822        Дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатхо амал мекунад.Ҳамаи миллатҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
P1171830       «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад. Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд..
P1171831           Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ, беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо дар муассиса синфхонаи омӯзиши забони англисӣ ва синфхона барои омӯзиши забони русӣ ташкил карда шудаанд. Синфхонаҳо бо аёниятҳои замонавӣ оро дода, аз ҷониби омӯзгорон низ ҳар гуна аёниятҳои дастии худсохт барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълим аз фанни забони англисӣ ва русӣ омода карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо бо мақсади ҷалби бештари курсантону омӯзгорон ба омӯзиши ин фанҳо омӯзгорон вобаста ба мавзӯи дарс аз тахтаи электронӣ, дастгоҳи линогфонӣ, видеопроекторҳо, видеороликҳо ва ҳар гуна маводҳои дидактикӣ истифода менамоянд.

P1171834      Дар кафедраи “Забонҳо»-и Академия аввали соли хониш ҷадвали баргузории дарсҳо ва маҳфилҳои фаннӣ тартиб дода шуда, аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда шудааст. Аз ҳисоби курсантону омӯзгрони фаъол гурӯҳи тарғиботӣ созмон дода шуда, дар радио ва студияи телевизонии Академия бо маърӯзаҳо баромад менамоянд. мебошад.
   Таҳсил дар Академия аз рӯи барномаҳои давлатии таълимии таҳсилоти касбӣ дар шакли таҳсили рӯзона ва ғойибона вобаста ба ихтисосҳои пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.Барои гирифтани таҳсилоти олӣ Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Вобаста ба ихтисосҳо бо дарназардошти хусусияти хосси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ, Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳо (самтҳо) аз ҷониби Академия дар мувофиқа бо муассис таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.Забони асосии таҳсил дар Академия забони давлатӣ мебошад. Таҳсил бо дигар забонҳо дар сурати ташкили гурӯҳҳои дорои теъдоди зарурии таҳсилгирандагон ва фароҳам овардани шароит оид ба фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.

P1171842         Пешвои муаззами миллат хосатан таъкид намуданд, ки “...фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
   Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод» иброз доштанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки донистани забонҳои хориҷӣ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиш ва такмили он дар асоси Барномаҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

    Дар асоси Фармоиши сардори Академияи ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло санҷиши навбатии омодагии донишҳои забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд, ки дар он Зиёратшозода М.З. - профессори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Мақсудзода Рустам Мирзоалӣ - дотсенти кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, Маҷонова Назрбегим - муаллими забони англисии кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, Муродзода Аслиддин Ғулом – сарнозири шуъбаи таълим, подполковники милитсия аз ҳайати омӯзорони факултетҳо ва шуъбаҳои Академия  аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ санҷиш гирифтанд, ки натиҷаи он хуб арзёбӣ мегардад.


Зиёратшозода М.З., профессори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...