Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ПЕШВО САРМАШҚИ КОРИ МО

1559Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 28 декабри соли 2024) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи раҳнамунсозе мебошад, ки дурнамои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, парлумон, вазорату кумита, муассисаву идора ва дигар ниҳодҳоро дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоҳанг сохта, вазифаҳои онҳоро ба таври мушаххас муайян менамояд. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз донишу таҷриба, имкониятҳои моддию техникӣ ва вазифаҳое, ки Паём дар наздашон гузоштааст, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
«Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад».
Аз ин рӯ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки ҳамчун муассисаи илмии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад ва айни ҳол дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад, ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025: қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №211, ки ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, кӯшиш намуда, ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ васеъ ба роҳ мондааст. Раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ намудааст. Омӯзиши таҷриба ва ҳамгироӣ бо мақомоти корҳои дохилии кишварҳои хориҷӣ, алалхусус дар самти дарёфти механизми тайёр намудани кадрҳои миллӣ, хуб ба роҳ мондашуда, ҷиҳати тайёркардани кадрҳои ба давлат ва халқу Ватан содиқ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки фаъолияти минбаъдаи ин муассисаи илмӣ дар асоси ҳамин нақша роҳандозӣ мегардад.
Дар паёмҳои Пешвои миллат аксари ҳадафҳо ва самтҳои пешрафти ҷомеаву давлат барои давраи дарозмуддат пешбинӣ гардидаанд ва ҳар сол раванди татбиқи онҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумурӣ натиҷагирӣ карда мешавад. Бо пешрафти мамлакат, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ табиист, ки такмил ёфта, ҳадафу самтҳои нав муайян мегарданд. Паёми имсолаи Президент, ки барои давраи дарозмуддат пешбинӣ шудааст, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Академияро вазифадор менамояд, ки иҷрои ҳар як нуктаи онро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намояд.
Дар ҷаҳони муосир, ки зарурияти наздикшавӣ ва мутобиқгардонии низомҳои миллии маориф бо мақсади бунёди фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти олӣ пеш омадааст, бе табодули таҷрибаи дохилию хориҷӣ ба он мувафақ гардадан номумкин аст. Аз ин рӯ ҳамкории байналмиллалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус барои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо як ҷузъи муҳими фаъолияти касбӣ ҳисоб меёбад.
Роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи дастури Пешвои миллат, оид ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бояд истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар раванди таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд.
Паём барои рушду низоми маориф ва илм заминаи боэтимод гузошт, ки мисоли равшани онро дар фаъолияти босамари Академияи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мумкин аст. Муҳимтарин дастоварди академия дар ин самт тавсеа бахшидани доираи ихтисосҳои замонавӣ ва мустақилона ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии ватанию хориҷӣ маҳсуб мегардад.
Пешвои миллат, Президенти кишвар дар Паёми хеш ишора ба таҳдиду хатарҳои замони муосир намуда, дар баробари мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизм, терроризм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, коррупсия инчунин афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дод.
Инчунин қайд намуд, ки «Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Тавре таърих собит мекунад, террор аслан нишонаи заифии сиёсӣ буда, ба ҷуз бадномии ташкилкунандагони он ягон самараи дигаре ба бор намеоварад. «Сухтан сохтан нест»,- гуфтаанд ниёгони хирадманди мо. Бинои дар давоми як чанд сол сохтаро метавон давоми як соат ба харобот табдил дод. Оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта исботи ин гуфтаҳост.
Доир ба ин масъала андешаву таҳқиқоти муътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар Академия тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии курсантон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.
Аксарияти коллективи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бесабаб нест, ки Пешвои миллат низ аз ҷавонон боварии калон дорад ва дар Паёми худ, оид ба ояндасозии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон таъкидҳо месозанд ва ҳамасола ғамхорӣ нисбати ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ изҳори ақида менамояд.
«Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.
Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин иброз доштанд, ки: «Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем».
Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, онро сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо дарки баланди масъулият ва ҳисси хештаншиносии миллӣ ҷаҳду талош хоҳанд варзид.
Шуҳрат ИБРОҲИМЗОДА
Сарнозири маркази тестии
шуъбаи таълими Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...