Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РУШДИ МАОРИФ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

1558Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз бурдбориву комёбиву муваффақиятҳои нав ба нави мамлакатамон дар ҳама самтҳо буд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин Паём аз ояндаи дурахшони мамлакату миллатамон гувоҳи медиҳад.
Дар ин замина, хизматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва илму маориф барои пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон дар ҳар як сухани ин марди фозил ва инсони наҷиб бараъло мушоҳида мешавад.
Рушди соҳаи маориф – ин кафолати боэътимоди пешрафти на танҳо ҳалли масъалаи зеҳнӣ, балки воситаи асосии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ низ маҳсуб меёбад. Албатта, дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Зеро масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати ҳар як кишвар қарор дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбии худ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати соҳаи маориф ва неруҳои ақлонӣ диққати махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ дар самти ворид намудани тағйирот ба соҳаи маориф ва ба ҳудуди ягонаи маорифи ҷаҳонӣ ворид гардидан як қатор санаду меъёрҳо ва қонунҳоро барои ташаккул додани ин соҳа дар кишвар қабул кардааст.
Вобаста ба ин, масъалаи маориф ва таваҷҷуҳ додан ба он ҳамасола дар Паёмҳои Президенти кишвар зикр мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин соҳаи иҷтимоии давлат диққати махсус медиҳанд. Дар Паёми солонаи худ 28.12.2024 Пешвои миллат таъкид карданд, ки: «Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву тадқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамин тавр, омӯзиши забонҳои хоричӣ дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Пешвои миллат, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар паёму суханрониҳояшон пайваста омӯзиши забонҳои русиву англисиро таъкид медоранд. Сарвари давлат бунёди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи Ватан номидаанд.
Дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ғафорӣ Маҳбуба Ғафор

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...