Пазироии музаффариятҳои шогирдон дар Академия
Китоб ва китобхонӣ барои парвариши ҳисси адабиётдӯстӣ, ташаккули андешаи миллӣ, рушди иқтидори зеҳнӣ ва таҳкими ҳувияту худшиносии абнои башар мавқеи аввалиндараҷа дорад. Садриддин Айнӣ ба ҳама инсон дар ҳама ҳолат рӯй овардан ба китобро амри зарурӣ донистааст: “Моро лозим аст, ки китоб хонем, илм омӯзем, маънои ҳаёт ва ҳаводиси зиндагиро донем. Агар мо аз илму маърифат баҳравар шавем, яъне соҳиби дониш гардем, метавонем нодонию ҷаҳолатро аз худ дур созем. Баръакс, агар бе илму маърифат ба воя расем, ҷаҳлу нодонӣ ба мо ҳамла меорад ва мо дар асорати он заифу нотавон ва қашшоқ мемонем. Тавсеаву такомули маҳорати китобхонӣ раванди бисёр душвор, тӯлонӣ ва мустақим аст. Даҳсолаи охир дар асоси сиёсати маънавии меҳвари Пешвои миллат дар баробари анҷоми корҳои бузурги фарҳангӣ бо дарки баланди нукоти омӯзанда, созанда, панду андарзҳои ҳакимонаи осори ниёгонамон нашри 50-ҷилдаи осори суханварони классик ва муосирон дар силсилаи «Ахтарони адаб» (с.2017) дастраси ҳамагон карда шуд.
Барномарезии дуруст барои кор бо китобҳои бадеӣ имкониятҳои васеъ барои эҷодкорӣ ва маърифатнокиро фароҳам месозад ва яке аз роҳҳои судманди ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷомеа ташкили озмун ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун мебошад. Аз маҳсустарин корҳои дар ин самт анҷомпазируфта дар саросари кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозии озмунҳои мухталиф барои ҷалби сокинон ба мутолиаи осори адабӣ мебошад, ки самараи хуб ба бор оварда истодааст. Ҳадафи ташкили Озмуни “Китобхони беҳтарин” таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чунин шарҳ ёфтааст: “Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад”. Баргузории озмуни мазкур аз шоёнтарин иқдомҳои фарҳангии ҳукумати кишвар аст ва он лаёқату маҳорати эҷод¬корию маърифатпарвариро тақвият бахшида, барои дарёфти дӯстдорони каломи бадеъ, истеъдодҳои нодир аз байни наврасону ҷавонон ва ба ин васила арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёти миллӣ мусоидат карда метавонад, ҷаҳонбинии хонанда вусъат ёфта, дараҷаи фаҳми мазмун, ғоя ва дарёфти маънову муҳтавои асар вусъат меёбад.
Бо истиқбол аз ин иқдоми наҷибу созанда дар самти эҳё ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон садорати факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён П.А. моҳҳои март то майи соли 2024-ум Озмуни дохилии китобхониро доир намуд. Озмун дар се бахш “Ҳифзи абёт”, “Хушхонӣ” ва аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» баргузор гардида, ҳайати ҳакамон ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталаб аз рӯйи меъёрҳои зерин: а) барои таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагӣ, инсондӯстӣ, хайру саховат, накӯкорӣ, васфи ҷашнҳои миллӣ Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада; б) ба тарзи қироат, шарҳи мухтасари мазмуни байтҳо, тавсифи қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиб, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, луғатдонӣ ва шарҳи маънои вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтаво, таассурот аз хондани асарҳо баҳогузорӣ ва қадршиносӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки рухдоди муҳим – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024 курсанти соли дуюми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавони соҳибмаърифату ватандӯст Манучеҳр Султонзода барои кулли устодону курсантони Академия мояи ифтихори бузург маҳсуб дониста мешавад. Манучеҳр Султонзода курсанти боистеъдод, худогоҳу худшинос, ватандӯст ва соҳиби ҷаҳонбинии васеъ буда, дар факултаи чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳои аъло таҳсил мекунад. Ӯ дар даври вилоятии озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» иштирок намуда, ғолибият ба даст овард ва ба даври чоруми озмун роҳхат гирифт. Ба пазироии ин муваффақият, яъне барои дар даври вилоятӣ соҳиби ҷойи якум гардиданаш аз ҷониби роҳбарияти Академия бо рутбаи ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуд.
Мутолиаи фаровон ба ӯ имконият доданд, ки санаҳои 14-16 ноябри соли ҷорӣ дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардад.
Ҳайати комиссияи озмун низ мутолиаи чуқур ва доманадори ӯро ба назар гирифта, ба ӯ аз 50 холи муайяншуда, 49 холро лоиқ донистанд.
Манучеҳр Султонзода дар заминаи адабиёти классикии тоҷик беш аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, чанд қасидаи комил, анвои шеърии мусаллас, мураббаъ, мухаммас, мусаддас, маснавӣ, достон ва қитьа, инчунин беш аз 25 асарҳои насрии классиконро мутолиа намуда, ба ин восита бо нозукиҳои шеъру сухани шоирони гузашта ошно гардидааст.
Ӯ аз ғазалу қасидаҳои шоирони бузург Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Ҳаким Саноӣ, Мавлонои Балхӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Фахриддини Ироқӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ - Фонӣ, Камолиддини Биноӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Урфии Шерозӣ, Толиби Омулӣ, Ҳилолӣ, Зебунисо, Бедил, Саййидо, Соиб, Ғании Кашмирӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Раҳматуллои Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Шамсиддини Шоҳин ва дигаронро азёд намудааст.
Дар баробари ин, бузургтарин офаридаҳои осори насрии гузаштагони адабиёти классикии тоҷикро мутолиа намуд. Маълум аст, ки дар асарҳои классикон масъалаи ахлоқ дар ҷойи аввал меистад ва донистани ин матлабҳо дар фаъолияти шахсию давлатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бисёр муҳим мебошад.
Манучеҳр Султонзода аз осори хаттии аҳди бостон, яъне аз «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Пандномаи Бузургмеҳр», «Дарахти Асурик» мутолиаро оғоз намуда, шаш ҷилд «Самаки айёр», «Китоби Ҳаким Синдбод», «Калила ва Димна», «Тӯтинома», «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ, «Насиҳатнома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Сад панд», «Даҳ фасл», «Рисолаи Дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Хористон»-и Маҷди Хофӣ, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро пурра хонда баромада, луғатҳои тоҷикию арабии ин китобҳоро дар дафтари алоҳида навишта, азбар намудааст.
Барои як нафар ҷавоне, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ таҳсил мекунад, мутолиа намудани ин қадар осори зиёд ва аз байни донишҷӯёни филологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар воқеан дастоварди бузург аст.
Ин натиҷаҳо бояд барои ҳар як ҷавоне, ки дар соҳаи ҳифзи қонуну тартибот таҳсил менамояд, сабақи ибрат бошад. Зеро замони муосир талаб мекунад, ки ҳомиёни қонун низ бояд соҳиби ахлоқу маърифати баланд бошанд. Курсантон, афсарони оянда мебошанд ва онҳо бояд ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта бошанд, ки ҳар як афсар бо одобу ахлоқ, қобилияти ташкилотчигию маданияти баланди муносибату муошират бояд барои дигарон намунаи ибрат бошад, зеро мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи онҳо вогузор намудаанд. Боварӣ дорем, ки Манучеҳр Султонзода минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварӣ таҳсил намуда, ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар соҳиб мегардад.
Ҷомеаи башарӣ ҳамеша ниёз ба сухани асил ва маърифати ҳикмати бузургон дорад. Имрӯзҳо, ки тамоми ҷаҳон дар кашокашу парешониву саргаштагиҳо қарор дорад, насли наврас ва ҷавон ба ҳидоят ва тарбияти дуруст ниёзманданд ва эҳтиёҷ ба китобхонӣ ва фарҳанги миллӣ бештар эҳсос мегардад. Мутолиаи ҳар чи бештари китобҳои бадеӣ барои муҳассилин се ҷанбаи асосӣ дорад: маърифатӣ, ғоявӣ ва ахлоқӣ. Аз нуқтаи назари маърифатӣ бо падидаҳои гуногуни ҳаёт шинос мешаванд, аз ташвишу ғаму ғуссаи қаҳрамонон эҳсоси ҳузну андуҳ ва аз комёбиву пирӯзиҳои онҳо шод мегарданд. Ҷанбаи ғоявии асарҳо дар он зуҳур менамояд, ки арзишҳои миллӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ормонҳои ҷомеа бе тарғибу даъватҳои махсус ба онҳо таҳмил меёбад. Ҷанбаи ахлоқӣ аз он нукта бармеояд, ки баробари гирифтани лаззати воқеии маънавӣ аз мутолиаи осори адабӣ мавқеи қаҳрамон, муҳиммияти гаравидан ба тамоюлҳои мусбат ва хубу накӯро дарк менамоянд. Ба ҳамин тариқ, онҳо тадриҷан ба таҳлили фикрӣ машғул мешаванд, байни ҳодисаҳои тасвиршуда ва ҳодисаҳои дар ҳаёти гирду атроф рухдода шабоҳат пайдо мекунанд. Мавқеи қаҳрамонони барҷаста дар зиндагиашон намунаи ибрат ва шоистаи тақлид мегардад. Бо барқарор намудани робита бо таърих ва фарҳанг ва дарки мафҳуми худшиносӣ тамоюли шинохти аслу гузаштаи худ ташаккул меёбад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо бо донишҳои адабиву таърихии зерин мусаллаҳ намудани онҳо зарур ба назар мерасад: сохти давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ; корнамоиҳои фарзандони тоҷик дар таҳкими фарҳангу адабиёти миллӣ; сабабҳои рух додани ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он; шароитҳои таърихии ба даст омадани соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Зеро ҳар гоҳ машғули хониш ва маърифат гардем, ҷилваҳои нави сухан, ҳадафҳои тозаи мусанниф дарк шудан мегиранд. Муҳим он аст, ки ин кор ба таври муназзам идома ёбад ва муҳассилин ба китобхонӣ ҳар чӣ бештар роғиб мегарданд.
Осори арзишманди ниёгони мо асрҳо ин ҷониб ҳидоятгари мардуми кишварҳои на танҳо Шарқ, балки Ғарб низ ба сӯйи иҷрои корҳои шоиста, инсонпарварӣ, умед ба фардои дурахшон, кӯшишу талош баҳри ба даст овардани саодату осудаҳолӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ гардидааст.
Барои ташкили муҳити омӯзишу парвариш мутобиқ ба замони муосир ҳамагон бояд масъул ва бунёдгузори равандҳои ҷадиди мутолиаву таҳқиқи мероси ниёгон бошем.
Худшиносӣ ин мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Ҳатто метавон гуфт бидуни тамаддуни кӯҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан ғайри имкон аст. Наврасону ҷавонон набояд фаромӯш созанд, ки миллати тоҷик бо таърихи қадимаи давлатдорӣ, маънавиёти баланд ва фитрати фарҳангофариашон ҷаҳоншумул буданд.
Дарку фаҳми осори бузургони форсу тоҷик мушкилиҳои ба худ хосе дорад, ки музаффарияту ғолибият дар ин бахш таффакур ва дониши баландро тақозо дорад ва ишғоли ҷойи дуюм дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» бозгӯи фазилату истеъдоди амиқи курсанти соли дуюми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Султонзода аст.
Ҳамчунин роҳбарияти Академия аз роҳбари илмӣ ва раҳнамои соҳибмаърифат, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети мазкур, майори милитсия Султонзода Беҳзодро бо муваффақияти шогирд табрику таҳниятҳо гуфта дар фаъолияти кориву эҷодӣ нусрату комёбиҳои бештарро орзу менамояд.
Ғолибият муборак бошад!
Сардори қисми таълими
факултети №4, н.и.ф.,
подполковники милитсия
Муяссара Тоҳирӣ