Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи пиряхҳо
Тавре маълум аст, бо пешниҳоди навбатии Роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли байналмилалии пиряхҳо ва ҳифзи пиряхҳо Маҷмааи умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми СММ, рӯзи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, ки қатъномаро оид ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул намуда, дар ин замина ширкаткунандагони Иҷлосия «Рӯзи 21 мартро ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, таъсис додани Фонди бовари байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуданд. Бояд гуфт, ки ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишварҳои узви СММ қабул шудааст.
Бар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои зерини сарвари давлат аз ҷониби кишварҳои узви СММ қабул карда шуд.
- эълон намудани 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо;
- эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- таъсиси Хазинаи байнулмилалии эътимод дар СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
- соли 2025 гузаронидани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Ҳифзи пиряхҳо, ки дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва мутаносибан дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирии калон пайдо кардааст. Сарфи назар аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба рушди устувор, фарқияти байни кишварҳо дар сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва технологӣ афзоиш ёфта, тамоюли таъсири манфӣ ба системаҳои муҳити зист ҳамчунон боқӣ мемонад. Ин нав мушкилотест, ки инсоният дар марҳилаи асрҳои 20 ва 21 рӯбарӯ шудааст яъне тағирёбии иқлим, гум шудани гуногунии биологӣ, муҳити зист бӯҳрон, ноустувории нархи нерӯи барқ ва истифодаи об, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ ва мушкилоти дигарро ба вуҷуд овардаанд, ки кисман ё бавосита бо нигох доштан ва мухофизати минбаъдаи пиряххо алокаманданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол мекунад.
Агар ба ҳолати мавҷудаи пиряхҳо нигарем, танҳо ҳаминро таъкид намудан зарур аст, ки майдони яхбандиҳо нисбат ба яхбандии давраи Лахш ба маротиб кам гардида, ҳолати ташвишоварро ба вуҷуд овардааст. Пиряхи калонтарини минтақа – пиряхи Федченко (Муқсу), ки дар давраи яхбандии Лахш дарозии он ба 171 км баробар буд, имрӯз дорои дарозии 77 км мебошад, яъне қариб 100 км дарозии он коҳиш ёфтааст. Чунин ҳолат дар дигар пиряхҳои калонтарини кишвар ба мушоҳида мерасад. Дарозии пиряхи Зарафшон дар давраи яхбандии Лахш ба 104,6 км буд, имрӯз ба 27,8 км, яъне чор маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Гармо (Вахё) дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш 73,5 км буда, имрӯз ба 30,4 км баробар шудааст, яъне зиёда аз ду маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Ҷамъияти географии Рус (Ванҷ) дар давраи яхбандии Лахш 62,5 км буда, имрӯз ба 23,2 км баробар шудааст, яъне се маротиба коҳиш ёфтааст. Дарозии пиряхи Мазор дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш ба 40 км буд, имрӯз ба 16,8 км, яъне 2,5 маротиба кам гаштааст. Дарозии пиряхи Бозбайтал дар ҳавзаи дарёи Бартанг дар давраи яхбандии Лахш ба 38,0 км баробар буд, имрӯз бошад он ба 4,6 км баробар аст, яъне қариб даҳ маротиба кам гаштааст.
Яке аз ҳадафҳои ташаббуси навбати роҳбарияти сиёсии кишвар ин ҷалб намудани ҷавонон ва занон дар ҳалли масъалаҳои об ва тавсияи ҳамкории илмиву технологӣ мебошад.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои зикргардида маҳз ба таълим ва бозомӯзии мутахассисони ҷавон ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи об ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об нигаронида хоҳанд шуд.
Ташаббуси навбатии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, барои таъмини суботи экологӣ, ҳалли мушкилоти захираҳои яхию обии кишвар, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос, таъмини иштироки занон ва духтарон дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обию пиряхӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сайёра омили такконбахш мегардад.
Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.
Дар асл масъалаи ҳифзи пиряхҳо яке аз мушкилоти ҷомеаи башарӣ мебошад, ки бар асари тағйири иқлим ба миён омадааст. Бо назардошти мавҷудияти пиряхҳо, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи оби ошомиданӣ дар минтақа пешсаф аст ва аввалин шуда дар ин масъала ташаббус нишон дод.
Вобаста ба ин, бояд таъкид кард, ки раванди тағирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони мо ба шумор меравад. Таъсири манфии ин раванди ҷаҳонии замони муосир ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сайёра таъсир расонидааст.
Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир беш аз сеяки ҳаҷми худро аз даст додаанд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми пиряхҳо дар Тоҷикистон 845 км3 буда, масоҳати онҳо 6-8%-и қаламрави кишварро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти охирини мониторинги обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим масоҳати пиряхҳо то 8,5 км2 кам шудааст. Имрӯз, тибқи ҳисобҳои гуногун, дар пиряхҳои Тоҷикистон 550 км3 об мавҷуд аст. Шиддати обшавии пиряххо дар баробари таъсири тагйирёбии иклим то андозае ба хушк шудани бахри Арал мусоидат кардааст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ин иқдомҳоро дарк карда, обшавӣ ва аз байн рафтани манобеи оби тозаи ошомиданӣ дар сайёраро эҳсос мекунад ва дар оянда дар аксари кишварҳо офатҳои зиёди ҳаёт, иҷтимоӣ ва иқтисодиро интизор аст.
Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон бузургтарин маркази яхбандии замони мо дар Осиёи Марказӣ аст. Пиряххое, ки дар мамлакати мо вокеъ гардидаанд, на танхо манбаи оби тоза, балки танзимкунандаи оби дарёхо ва иклим хам мебошанд. Пиряххо ва барфхои абадии Тоҷикистон манбаи асосии бо об таъмин намудани дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд.
Қобили зикр аст, ки захираҳои об сарвати бебаҳо ва сарвати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пиряхҳо, дарёҳо, кулу обанборҳо ва дигар манбаъҳои обро дар бар мегиранд.
Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ мебошанд, як раванди нигаронкунанда аст ва мо бояд барои пешгирии он чораҳои муассир ва ҳамдастӣ андешем».
Воқеан, ҳадафи аслии иқдоми Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти ин масъала ва андешидани тадбирҳои қатъӣ барои коҳиш додани таъсири манфии тағйири иқлими ҷаҳон ба пиряхҳо мебошад.
Аз таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ ва созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ бармеояд, ки санаҳои муайян ба эътирофи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, ки барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа доранд, вобаста аст.
Лозим ба ёдоварист, ки сабабҳои тағирёбии иқлим дар тули даҳсолаҳои охир баҳсҳои илмиеро, ки аз иқлим ва обу ҳаво ба миён овард. Сухан дар бораи гармшавии глобалӣ - афзоиши дарозмуддати ҳарорати миёнаи сатҳи сайёра меравад. Аз мушоҳидаҳои иқлим маълум аст, ки дар давоми асри 20 ҳарорати миёнаи солона 0,89°С зиёд шудааст.
Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ин мафҳумро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маълумотҳои ба даст овардаи муҳақиқон пешниҳод менамоянд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯз моро зарур аст, ки мо бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки бе об дар олами ҳастӣ ҳайёт вуҷуд надорад.
Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети № 2
капитани милитсия
Сулаймонзода Рустами Неъматуло