РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад.
Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони
худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, меҳвари доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Бо назардошти ин ҳидоятҳои ҳарсолаи Пешвои миллат кӯшиш менамоем, паҳлуҳои тарбиявии Паёмҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар онҳо рисолати омӯзгор матраҳ шудаанд, саҳифагардон намоем.
Ниёгони мо ҳамеша ситоиши омӯзгор мекарданд ва онро тарбиятгари асосии насли башар медонистанд. Бешубҳа, пешаи омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро дигаргун созад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Аз ҷониби дигар пойдорӣ ва устувории ҳар кишвар ба наслҳои барумандаш тааллуқ дорад. Сиришти чунин наслҳои ояндасоз маҳз аз заҳмати фидокоронаи омӯзгор вобаста аст.
Хушбахтона, танҳо истиқлолият имконият дод, ки мо ғояи худшиносии миллиро парчами замон кунем ва ба пояи сиёсати давлатӣ бардорем. Ин нуқтаро ҳанӯз Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатии хеш баён дошта буданд : “...то ин ки ифтихори миллӣ бо шири модар, бо аллаи фаромӯшнопазири ӯ ва бо нахустин ҳарфҳои устод дар мактаб ба дилу шуури ҳар фарди тоҷик абадан ҷой гирад”. / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2003 /.
Сиёсати иҷтимоии давлатӣ Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Ин санади сарнавиштсози кишвар тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва кафолатҳои давлатиро ба онҳо мутобиқи меъёрҳои санаддои байналмилалӣ муайян намудааст. Махсусан ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рукнҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Идома ва густариш додани ислоҳот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ба муқаррароти тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо бояд ба як ҳадаф - тарбияи насли аз лиҳози дониш, кордонӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ ва аз нигоҳи чисмонӣ солим равона гарданд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки ин нуқтаро Президенти кишвар дар ҳамаи баромаду суханрониҳои худ ёдовар мешаванд ва махсусан дар Паёми хеш баён дошта буданд, ки “Тарбияи кадрҳо хусусан барои соҳаи маориф, таъмини сифат ва сатҳи дониши кадрҳои омӯзгорӣ, дуруст ҷобаҷо кардани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо, пеш аз ҳама дар деҳот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошад, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати Вазорати маориф ва илм, ҳукуматҳои маҳаллӣ карор дошта бошад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 13 ҳазор муаллим намерасад ва ин масъала чанд сол инҷониб ҳалли худро намеёбад. Шояд вақти он расидааст, ки мақомоти дахлдор масъалаи ихтисори бастҳоро баррасӣ карда, маблағҳои аз ин ҳисоб озодшударо барои маоши иловагии муаллимоне, ки бо самара ва сифати баланд кор мекунанд, сарф намоянд. Дар сиёсати иҷтимоии давлат кафолати ҳадди ақали кӯмакҳои иҷтимоӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон мавқеи асосӣ дорад. Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини иҷрои чорабиниҳо дар бораи беҳдошти саломатии мардум, аз ҷумла занону кӯдакон, рушди илм, маориф, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо натанҳо аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, балки ҳукуматҳои маҳаллӣ низ вазифадоранд дар доираи салоҳият ва имкониятҳои худ барои амалӣ шудани ин сиёсат кӯшишҳои ҷиддӣ намоянд”. / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2004 /.
Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас сол ба сол афзоиш медиҳад.
Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза мактабу маориф ҳамчун омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза танҳо насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб омӯхтааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлисии Олии кишвар 23 апрели соли 2014 гуфта буданд : “Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад”. / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04. 2014 /.
Ногуфта намонад, ки ҳанӯз соли 2013 мақомоти қонунбарори кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дар таҳрири нав қабул кард ва дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд.
Президенти кишвар афзуданд, ки “ ... мо бори дигар нишон додем, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хоса дорад” . / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04. 2014 /.
Тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд.
Маҳз ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маорифро ба инобат гирифта, Президенти кишвар пешниҳод карданд, ки “... мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем”. / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04. 2014 /.
Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зиёд дорад.
Бояд гуфт, ки дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба масъалаҳои дохилии соҳаи маориф низ диққати ҷиддӣ дода мешаванд. Махсусан, аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз масъалаҳои муҳимму аввалиндараҷаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаллу фасл шудаанд. Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештарро касб кардааст.
Президенти кишвар, ҳанӯз дар Паёми хеш аз соли 2015 хитоб карда буданд, ки “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст”. / Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01. 2015 /.
Аз ин рӯ, аз ин талаботҳои судманди Пешвои муаззами миллат истифода карда ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим мунтазам дар соҳаи маорифи кишвар ба роҳ монда шудааст.
«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем» - иброз доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ соли 2022. / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 23.12. 2022 /.
Илму маориф ва фарҳангро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо маҳз нақши мактаб ва омӯзгорро омили калидӣ меҳисобад.
Бешубҳа, агар аксари донишмандон ва муттафакирони олам мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзгороне, ки дониши кофии назарию амалӣ надоранд, дар роҳи корбурди усулҳои судманди таълим низ мӯҳтоҷ мешаванд. Ба ҳамин далел саводнокии омӯзгор ва сифатҳои касбии дигари барои мактаб зарур дар дараҷаи аввал меистад. Агар чунин савияю фазилат набошад, ҳамагуна барномарезӣ, ҳазинагузорӣ ва ҷаҳду ҷадал бенатиҷа хоҳад монд. Ин ҳама ба пешрафти мактабу маориф бетаъсир намемонад.
Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ хитоб намуданд: «… агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 23.12. 2022 /.
Ҳамзамон, дар Паёми Президенти кишвар чиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионй ва фаъоли таълим, такмили сатҳи касбии омӯзгорон масъалагузорӣ шуда, таъкид шудааст, ки «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 23.12. 2022 /.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст. Агар ба нишондодҳои оморӣ назар афканем, маълум мегардад, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 12,6 фоиз зиёдтар аз соли 2021 маблағ ҷудо гардида, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат баён доштанд: «ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад». / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 23.12. 2022 /.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро пеш мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад.
Ногуфта намонад, ки танҳо дар сурати ҳамкории доими байни ниҳодхои муҳимтарин, ба монанди оила, мактаб ва ҷомеа метавонем насли ҷавонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созем.
Инкишофи илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки ангезандаи он рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Дар ироаи Паём низ Пешвои муаззами миллат муҳимияти ин омилро ёдоварӣ намуданд: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”. / Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 28.12.2023 /.
Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, истифодаи бештари технологияҳои иттилоотӣ, такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Боиси хурсандист, ки дар тамоми Паёмҳои Пешвои муаззами миллат мавзуи маорифи кишвар дар меҳвари асоси қарор дошта, рисолати омӯзгор мавқеи калидӣ дорад. Ин падидаҳо омӯзгорони кишварро бояд рӯҳбаланд намуда, дар тарбияи насли ояндасози кишвари азизамон бояд ҳиссагузор бошанд.
Руихати адабиёт
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2003.
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2004.
3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04. 2014.
4. Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01. 2015.
5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 23.12. 2022.
6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023.
БОЙЗОДА ҶАМШЕД ҶУМАБОЙ
ПОЛКОВНИКИ МИЛИТСИЯ,
АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН