Ташкили самараноки корҳои тарбиявӣ ва ватандӯстии курсантони Академияи ВКД
Дар раванди тағйиротҳои демократӣ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тарбияи ҳайати шахсӣ тавассути шуъбаи кадрҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангии курсантону шунавандагон ва афсарон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Роҳбарияти воҳидҳои таълимӣ-низомии Академияи ВКД чорабиниҳои гуногунро дар якҷоягӣ бо факултетҳои Академия ба нақша гирифта, амалӣ мегардонад, ки ин дар самти амалигардонии сиёсати давлатии тарбия, Консепсияи миллии тарбия дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Масъалаи тарбия - ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ баромад карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ташаккули инсони ҳамаҷониба «Инкишофёфта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умумибашарӣ, аз ҷумла ҳадафхои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад» - қайд намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба муносибати Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013.
Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Хизмат дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ яке аз намудҳои амалигардонии ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Ватандӯстӣ марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар намудааст. Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарбиявӣ нисбати ҳайати курсантон, коллективи кафедраҳо, факултетҳо ва шуъбаҳо гузаронида мешаванд.
а) Ташкилкунандагони кори тарбиявӣ; роҳбарияти Академия, шуъбаи кадрҳо, муовинони сардори Академия, муовинони сардори факултети, кафедраҳо, шуъбаҳо, факултетҳои Академия ба шумор мераванд.
Дар ин самт кафедраи Забонҳои Академия таҳти рохбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшозода А., кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С.А., ва дигарон хеле калон мебошад, ки онҳо дар Академия мунтазам чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ мегузаронанд.
б) Тарбиятгарон, сарварони бевосита ва асосӣ, омӯзгорон, роҳбарони (кураторон)-и гурӯҳҳои таълимӣ, шахсони сарпараст маҳсуб меёбанд.Ҳар ҳафта дарсхои кураторӣ, чорабинихои тарбиявию фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд.
Роҳбарияти факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Мансурзода А.М., ва раиси Шурои кураторони Академия подполковники милитсия Самиъзода Б.С., чунин намудҳои тарбия амалӣ карда мешаванд;
-тарбияи касбӣ;
-тарбияи ахлоқӣ;
-тарбияи хукуқӣ;
-тарбияи ватандӯстӣ ва инсондустӣ;
-тарбияи эстетикӣ;
-тарбияи экологӣ;
-тарбияи ҷисмонӣ.
Баҳри солимӣ ва омодагии ҷисмонии курсантон аз ҷониби кафедраи тактикаи махсус ва омодаги ҷисмонии факултети №2 пайваста мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд, ки курсантон ғолиби мусобиқахои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мегарданд.
Дар Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Максадҳои тарбиявии Академия хамчун муассисаи олии махсус, аз талаботҳои фаъолияти касбии МКД бар меояд, Онҳо дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хизматӣ ва фаъолияти ҷамъияти илмии курсантон амалӣ мегарданд.
Хусусияти дигари ташкили кори тарбиявӣ аз ҷониби шуъбаи кадрҳои Академия инчунин кори инфиродӣ-тарбиявӣ гузаронида мешавад, ки дар ҳар як курсҳои воҳидҳои таълимӣ-низомӣ, кормандони факултети №2, кормандони шӯъбаи кадрҳо дар якҷоягӣ бо сардорони курсҳои воҳидҳои таълимӣ-низомӣ гузаронида, дар дафтарҳои махсус қайдҳо мегузоранд.
Рохбарияти факултети №2, шуъбаи кадрхо барои амалӣ намудани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон робитаи доимӣ бо волидайнро барқарор намуда, моҳе як маротиба ва пеш аз оғози имтиҳонҳои хатмкунӣ маҷлисҳои падару модарон гузаронида шуда, аз фаъолияти хар як курсант падарону модаронро шинос менамоянд, ки натиҷаҳои хеле хуб ба бор меорад.
Танҳо дар нимсолаи якуми соли хониши 2024-2025 аз ҷониби шуъбаи кадрҳо бо курсҳои воҳидҳои таълимӣ-низомӣ теъдоди зиёди чорабиниҳои мухталиф ба нақша гирифта шуда, пайваста ба анҷом расонида шуданд. Курсантони Академияи ВКД ба ғайр аз чорабиниҳои дохилии Академия ба чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ, сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Агар мо хоҳем, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои хизматии худро аз рӯи виҷдон иҷро намояд, бояд дар ташкили корҳои тарбиявӣ дар ҷузъу томҳои МКД муносибати ғамхорона ва дилсӯзона дошта бошем, чунки оянда аз ҷавонон мебошад. Маҳз чунин муносибат аз ҷониби кормандони воҳидҳои таълимӣ-низомии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад, ки боиси пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҳайати шахсӣ мегардад.
Шоҳиён Ш.Ш., Қурбонзода Х.А., Абдулҳамидзода А.Д.