Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳимояи ду рисолаи илмии Академияи ВКД дар як рӯз муборак бошад!

1437Асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ

Рӯзи 12 ноябри соли 2024, дар толори ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳимояи рисолаи илмии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Собирзода Аловуддин Ҷаббор баргузор гардид.
1438Таҳқиқоти илмӣ ба мавзуи “Асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ бахшида шуда, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат равона гардидааст.
1439Диссертатсия дар кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидааст.
РОҲБАРИ ИЛМӢ: Азиззода Убайдулло Абдулло, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
МУҚАРРИЗОНИ РАСМӢ:
Буризода Эмомалӣ Бозор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Бобокалон Ғоиб Мерган, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Бояд тазаккур дод, ки таъминоти иҷтимоӣ доираи васеи аҳолӣ ва гурӯҳҳои мухталифро фаро мегирад. Дар миёни онҳо кормандони мақомоти корҳои дохилиро махсусан ҷудо кардан зарур аст, ки онҳо дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, таъмини ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд қонуният, инчунин тартиботи ҷамъиятӣ нақши калон доранд ва ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ ҳаёт ва ҳаёти аъзои оилаи худро зери хатар мегузоранд.
Аз ин рӯ, ҳифзи иҷтимоии кормандони МКД ба афзоиши самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат намуда, яке аз масъалаҳои мубрам мебошад, ки муҳиммияти илмию амалӣ дорад.
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар душвортарин солҳои аввали Истиқлол суботу амнияти кишварро пуштибонӣ карда, дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор доштанд. Дар ин солҳои вазнин дар ҷумҳурӣ садҳо гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноятпеша амал мекарданд, ки бо тамоми қувва мехостанд вазъияти ноороми ҷумҳуриро боз ҳам ноустувор кунанд.
МКД ба шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, сатҳи пасти маош, нарасидани озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъминоти сусти моддию техникӣ, инчунин вазъи хатарнок, ҳолати носолими руҳию ҷисмонии ҳайати шахсӣ нигоҳ накарда, вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият дар Тоҷикистон ва субот ҷасорату мардонагӣ нишон додаанд.
Беш аз 2500 нафар кормандони милитсия ҷони худро барои расидан ба ин мақсад фидо карданд ва имрӯз номи онҳоро бо фахр ёд мекунем, садоқати онҳо бошад барои насли имрӯзаи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мебошад.
Мусаллам аст, ки самаранокии фаъолияти МКД бе баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявии кормандони он ғайриимкон аст. Дар ин ҷода масъалаи мазкур таҳқиқоти амиқ ва ҳамаҷонибаи илмиро талаб менамояд, ки дар он муайян намудани омилҳои асосии танзими хуқуқии таъминоти фаъолияти кормандони МКД, ошкор намудани камбудиҳоро дар ин раванд ва таҳияи пешниҳодҳои самаранок оид ба бартараф намудани онҳо, мувофиқи мақсад мебошад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад зарурати гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз нуқтаи назари таърихӣ-ҳуқуқӣ ва муқоисавӣ ба миён омад. Омӯзиши таърихи гузашта имконият медиҳад, ки ҷиҳатҳои мусбат ва манфии таъмини масъалаи мазкур дар Тоҷикистон муайян гардида, ҷанбаҳои мусбати он мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор гиранд.
Ҳамзамон, усулҳои таҳлили муқоисавӣ имконият медиҳад, ки дар асоси самаранокии танзими ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар кишварҳои хориҷӣ муайян намуда, онро барои такмили қонунгузории ватанӣ дар самти мазкур татбиқ намоянд. Ин ҷанбаҳо мубрамии мавзуи таҳқиқотшавандаро бори дигар тасдиқ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони МКД пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Масъалаи мазкур пайваста мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» 9 ноябри соли 2020 таъкид намудаанд, ки «Дар Тоҷикистон давлат ва Ҳукумат барои рушди заминаи моддиву техникии ин сохтори муҳим, аз ҷумла ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсӣ аҳамияти махсус медиҳад».
Танҳо дар ҳафт соли охир аз буҷаи кишвар барои эҳтиёҷоти кормандони мақомоти милитсия, аз ҷумла барои зиёд намудани музди меҳнат маблағи калон ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми дар соли 2016 пешбинишуда 15 маротиба зиёд мебошад.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таъмини кормандон бо манзилҳои истиқоматӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ 613 нафар кормандон бо манзили истиқоматӣ, 1031 нафар кормандон бо қитъаи замин ва беш аз 270 нафар бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд.
Аз ҷумла, дар даҳсолаи охир зиёда аз 400 нафар кормандони МКД бо хонаҳои истиқоматӣ, зиёда аз 60 нафар бо хобгоҳ ва беш аз 800 нафар кормандон бо қитъаи замин таъмин шудаанд. Роҳбарияти ВКД ба собиқадорон ва пиронсолони эҳтиёҷманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста аз аҳвол ва шароити зисту зиндагонии онҳо бохабар гардида, ба онҳо кумаки моддию молиявӣ мерасонанд.
Дар давраи зикршуда ба собиқадорон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои кормандони дар вақти адои хизмат фавтида, маъюбон ва бепарасторон ба маблағи зиёда аз 9 миллион сомонӣ кумаки моддӣ расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба масъалаи мазкур дар бораи муҳиммияти ин масъала дар сиёсати давлатии амалишаванда дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Мубрамии мавзуи тадқиқшаванда дар он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ таҳия шуда, давра ба давра такмил дода шуда истодааст (аз ҷумла, нисбат ба ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), ки пеш аз ҳама ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, инчунин ба стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ такя мекунанд.
Таҳия ва қабули як қатор ҳуҷҷатҳои хусусияти стратегидоштаро, ки дар онҳо сиёсати давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ муайян карда мешаванд, махсусан қайд кардан лозим аст - «Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»; «Консепсияи дурнамои рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025».
Новобаста аз ин, қонунгузории кишвар дар ин самт аз камбудию нуқсонҳо холӣ набуда, ба такмилдиҳӣ ниёз дорад, аз ҷумла, то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида оид ба ҳифзи иҷтимоии кормандони МКД қабул нашудааст.
Дар шароити афзоиши шиддатнокӣ дар муносибат байни кишварҳои ҷаҳон, зиёд гардидани шумора ва фаъол шудани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ба вуҷуд омадани роҳу воситаҳои нави содиршавии ҷиноят, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин, зарурати қабули чораҳои зарурӣ барои таъмини сатҳи ҳаёти мусоид ва шароити кории арзанда барои кормандони милитсия ба миён меояд.
Зеро бе ин таъмин кардани шароити мусоиди ҳаёт ва кор, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бошанд, ғайриимкон мебошад ва кормандони ВКД ба таҳдидҳои вуҷуддошта муқовимати самаранок нишон дода наметавонанд. Бинобар ин, зарурати таҳқиқи масъалаи мазкур муҳиммияти мавзуи таҳқиқотиро муайян менамояд.
Тибқи қарори Шурои мазкур ҳимояи рисолаи илмӣ дар сатҳи зарурӣ, мувофиқи талаботҳо, меъёрҳо ва санадҳо доир гашт.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...