Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба мушкилоти мубориза бо экстремизм ва терроризм
21 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар конференсияи XI-уми байналмилалии илмӣ-амалии «Муқовимат ба экстремизм ва терроризм: ҷанбаҳои фалсафӣ, сотсиологӣ ва сиёсӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони ВКД Россия дар минтақаи Краснодар, намояндагони кишварҳои хориҷӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус, ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимии ВКД Россия, аз чумла 13 доктори илм, 44 номзади илм дар соҳаҳои фалсафа, психология, таърих, ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ иштирок намудаанд.
Дар конференсия роҳбарони масъули ВКД Россия дар минтақаи Краснодар ва роҳбарияти худи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд. Конференсия бо маърузаҳои доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Владимир Юревич Голубовский, роҳбари Маркази байналмилалии омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони Донишкадаи умумирусиягии такмили ихтисоси ВКД оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, номзади илмҳои ҳуқуқ Ростислав Николаевич Самойлюк, нозири калони Маркази ҳамоҳангсозии Донишгоҳи давлатии Кубан, номзади илмҳои иқтисодӣ Андрей Дмитриевич Эрок оғози худро ёфт.
Дар чорабинии илмии мазкур паҳлӯҳои гуногуни мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуданд, вале ҳар як сухангӯ ба мавзуъҳои муҳимтарин барои кишварҳои худ таваҷҷуҳ кард. Аз чумла, мудири факультети кор бо кадрҳои хориҷии Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор А. Матчанов оид ба вижагиҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ намуд.
Академияи ВКД Тоҷикистонро профессори кафедраи мубориза бо ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятии факултети № 6, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҳ.С. Сафарзода намояндагӣ карда, ҷиҳати натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ оид ба моҳияти экстремизми динӣ ва сиёсиро шарҳ дод.
Зимни баррасиҳо коршиносон имкон пайдо карданд, ки ҳалли як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории ҷомеаи илмӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо экстремизм ва терроризмро ба таври идеологӣ ва иҷтимоӣ пайдо кунанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр