Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули мактаби сиёсии Пешвои миллат

1383(Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Пайдоиши он ба барҳамхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва марҳилаи нави геополитикӣ (марҳилаи Беловежск) рост меояд. Барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале, ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳилаи таърихи навини тоҷикон, ки таърих ва фарҳанги қадима доранд, ба бархӯрди нави геополитикӣ ва буҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном чун «фоҷиаи миллӣ» дучор мегардад. “Низои сиёсии тоҷикон - ҳамчун таҳаввулоти шаклҳои ҷустуҷӯӣ аз байн бурдани фазои зиндагӣ, айният бо муносибатҳои давлатҳои навтаъсисёбанда қаламдод карда мешавад”, - менависад сиёсатшинос Смененко О.Ю.
Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фазои сиёсии Тоҷикистон солҳои 90-уми асри XX тағйир ёфт. Тоҷикистон ҳамчун давлати собиқи Шуравӣ низоми сиёсии куҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ пурра ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иктисодӣ, суст ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо Афғонистони ҷангзада боиси сар задани низои сиёсии тоҷикон гашт.
Профессор Раҳимзода Р.Ҳ. менависад: “Зимоми давлатдорӣ замоне ба дасти Пешвои миллат расид, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ, кашмашиҳои дохилӣ, зиддиятҳои мазҳабӣ талаву тороҷи моликияти давлатию шахсӣ қарор дошт".
Он рӯзҳо солҳои (1992-1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин «фоҷиаи миллӣ» кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои ноумед, ҳатто фикр мекарданд, ки на сарвари сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда ба ваҳдат биёрад.
Ба ин масъала олимону муҳаққиқон баъди имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ташаккули мактаби сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.
Собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан дар нашри махсуси маҷаллаи русии «Огонёк» соли 2001 ҳамчун дӯсти тоҷикон навишта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».
1384Лекин ибтидои ташаккули мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шурои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: “Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам”.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳои сиёсӣ дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад».
Ҳанӯз солҳои 427-347 то мелод файласуфи Юнони Қадим Афлотун дар асари худ - «Давлат», қайд карда буд, ки дар давлат «бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукумфармо бошад».
Ба ақидаи Афлотун, “сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати идоракуниро тақозо менамояд”.
Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос - ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими ташаккули мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсии вай мебошад.
Ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, ба ақидаи сотсиологи рус Кравченко А.И., дар заминаи ташаккули институти сиёсии ҷомеа, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеа ба шумор рафта, таъиноти асосии он амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Бинобар ин, ба ақидаи мо, ташаккули мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон то ба арсаи сиёсати бузург омадани ӯ ба ҳайси намояндаи Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида, ба марҳилаҳои зерин ҷудо мешавад:
- марҳилаи якум, солҳои 1990-1991, то қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.08.1990. - 09.09.1992);
- марҳилаи дуюм, даъвати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтидои муттаҳидшавии халқи тоҷик дар атрофи сарвари сиёсӣ (16.11.1992 - 06.11.1994);
- марҳилаи сеюм, ташаккули муносибатҳои нави сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти ҷумҳурӣ (06.11.1994. - 27.06.1997);
- марҳилаи чорум, имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ва таъмини амният дар фазои баъдиҷангӣ (27.06.1997 - 11.03.2002);
- марҳилаи панҷум, имзои “Аҳдномаи ризоияти миллӣ аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ” (11.03.2002 - 22.06.2003);
- марҳилаи шашум, гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.06.2003 - 2006);
- марҳилаи ҳафтум, интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (11.10.2020 то рӯзҳои мо).
Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик З. Мамадҷонова, «бисёр олимон чунин ақида доранд, ки равандҳое, ки дар ҷомеаи тоҷикон мегузаранд, ин давраи қонунии бунёди шууру худогоҳии ҳар як халқ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо тағйиротхои дарднок дар муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба вуҷуд меояд».
Яке аз ин қисматҳои муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ ин бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аст, ки ба марҳилаи таърихи навини худ ворид шудааст. Дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон буда, ин давраро «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ё худ «Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон» ҳам номидан мумкин аст.
Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардӯстии мактаби сиёсии худро эълон намудаанд. Аз ҷумла, ӯ менависад: «Мо ба ягон кас модели демократияи худро бор намекунем, ки решаҳои худро дошта бо системаи дунявии ҷомеа асос ёфтааст. Лекин мо ва ин ҳуқуқи демократии мост, ки моделҳои таҳмилшавандаи дигаргунсозии давлати худро қабул надорем, ки метавонанд вазъиятро дар кишвар ноором гардонида ба ҷудоиандозӣ, буҳрони сиёсӣ, аз даст рафтани истиқлолият оварда расонанд».
Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби амрикоӣ, мактаби англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири тоҷикон ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, Низомулмулк, Аҳмади Дониш хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намунаи олӣ мебошанд. Абунасри Форобӣ - яке аз мутафаккирони асримиёнагии тоҷик буд, хусусият ба хислатҳои сарварии сиёсиро пешниҳод намудааст, ки қимати илмии худро то ҳол гум накардаанд.
Ба ақидаи муҳаққиқи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода А.Ш. барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароитҳои муайяни иҷтимоӣ зарур аст, ки ба ин шароитҳо инҳо дохил мешаванд:
- шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
- шароитҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ;
- шароитҳои фарҳангӣ.
Барои ҳамаи ин шароитҳо мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои созанда пешниҳод намуда, равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро омили муҳими давлатдорӣ меҳисобад.
Барномаҳои рушди иқтисодӣ (бунёди роҳҳо, НБО-ҳои хурду бузург, корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ ва ғ.), рушди институти демократия дар Тоҷикистон (таъмини бисёрҳизбӣ, озодии матбуот, дину виҷдон, иштироки васеи мардум дар раванди идоракунии давлатӣ), Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи қишрҳои ниёздоштаи ҷомеа, танзими расму оин, барномаҳои фарҳангӣ - эҳёи сунатҳои миллӣ ва динӣ, фарҳанги қадима, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ (1100-солагии давлати Сомониён (1999), соли 2006 - Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии ёдгории Саразм, соли 2009 - Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҷаҳонӣ гаштани Иди Наврӯз, пешниҳоду ташаббуси Тоҷикистон марбути экология ба СММ оид ба Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Барномаҳои муштараки инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, ин номгӯи он масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки самтҳои асосии ташаккули мактаби сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муайян месозанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ қайд менамоянд, «…ҳамватанони мо хуб мефаҳманд, ки маҳз таҳлили дурусту баҳои оқилонаи раванди воқеаҳо, ботамкинӣ ва дурандешии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳоят, дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои ба мо дӯсту бародар ва хайрхоҳ имконият доданд, ки мо на як бору ду бор хатари табаддулоти давлатӣ ва такроран ба ҷанги хонагӣ кашидани мардуми азияткашидаамонро бартараф созем. Имзои намояндагони бештар аз 50 ҳизбу созмонҳо дар «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» низ иқдоми накӯ ва боэътимодест барои таъмини якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмӣ дар сар то сари кишвар».
Дар маҷмуъ, хусусиятҳои муҳими ташаккули мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аз инҳо иборат мебошанд:
- фароҳам овардани фазои муътадил дар ҷомеа барои рушди босуботи он;
- густариши арзишҳои демократӣ бо назардошти фарҳанг ва ҳувияти миллӣ;
- таъмини гуногунандешӣ, озодии дину виҷдон, матбуот;
- риояи принсипи таҳаммулпазирӣ, эътирофи ҳуқуқ ва расму русуми халқҳои гуногуни сокини Тоҷикистон;
- ривоҷи институти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти динӣ дошта;
- бақои принсипи дунявияти давлат;
- равобити гуногунсамтии сиёсати хориҷӣ, эълони сиёсати «Дарҳои кушод» бо кишварҳои хориҷӣ;
- пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;
- давра ба давра кам намудан ва аз байн бурдани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
- ҳимояи қишрҳои осебпазири ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо;
- танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он аз ҷониби давлат;
- танзими расму оин, кам намудани хароҷотҳои зиёдатӣ ва бо ин роҳ ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ;
- самти афзалиятнок эълон намудани соҳаи маориф ва илму техника, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ, наздикшавӣ ба ҷомеаи технологӣ;
- ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва таъмини амнияти дохилӣ ва берунии он;
- танзими равандҳои муҳоҷират, ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани шаҳрвандон;
- ҳимояи тарзи солими ҳаёт, тандурустӣ, ташкили фароғати шаҳрвандон бо нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ-этникӣ;
- табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои демократии таракқикардаи ҷаҳон.
«Бо боварӣ гуфта метавонем, ки давраи нави инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар фаро расидааст, ки муносибати комплексиро дар бунёди низоми инкишофи миллӣ талаб менамоянд», - қайд намудаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Хулоса, таҳлил ва тадқиқи илмӣ нишон медиҳад, ки масъалаи мазкур хеле мубрам буда, то ҳол ба таври мавзуи алоҳида дар илми сиёсатшиносӣ тадқиқ нашудааст. Моҳият ва паҳлуҳои гуногуни мактаби сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадқиқоти пурраи фундаменталиро тақозо менамоянд.
Бозоралӣ Асламов,
ходими калони илмии шуъбаи адъюнктура,
полковники милитсия
Шавкат Убайдуллоев,
дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети№2,
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...