Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он ба марҳилаи душвори солҳои аввали Истиқлолияти давлатиамон рост омад, барои сокинони кишвар кафили осоиштагиву оромии миллат гардид. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, сокинони кишвар бо иродаи қавӣ, бо умеди осоиштагиву муттаҳидӣ ва бунёди як давлати ободу пешрафта 6 ноябри соли 1994-ум дар қабули ин санади муҳим раъй доданд.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тақозои пешрафту дигаргуниҳои ҷомеа боз се маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Бо гузашти 30 сол, агар мо аз марҳилаи оғози қабули Конститутсия то имрӯз назар афканем, дар ин муддат дар кишвар дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Бо қабули Конститутсия заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳо гузошта шуд. Конститутсия роҳи рушди минбаъдаи кишварро муайян намуд... Дар ин муддат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург нолил гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд. Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро дар кишвари азиз ном бурдан мумкин аст:
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллиро эҳё намуда, ба волоияти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсиониро эҳё намуд.
Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсия қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.
Лозим ба ёдоварист, ки чун ҳамасола Паёми табрикотии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия, қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии давлатӣ арзёбӣ намуда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ баҳои баланд медиҳанд ва чунин ибрози назар мекунанд «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихиву сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Ҷолиби диққат аст, ки Конститутсия ҳуҷҷати оддӣ набуда, ҳуҷҷати муҳими созишиест, ки дар он манфиати тарафҳо ба қадри зарурӣ инъикос ёфтааст. Яъне на фақат пайдоиш, балки мавҷудият ва инкишофи Конститутсия низ ба созиши қувваҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҷамъият алоқаманд аст. Устувории Конститутсия дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо пойдории муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ки дар марҳилаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи худ, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳаё месозад.
Ҳаминро бояд дарҷ намуд, ки ба шарофати қабули Конститутсия, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эътибори баландро соҳиб гашт.
30 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он нуқтаро собит сохт, ки роҳи пешгирифтаи мо дуруст буда, бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд хоси давлати соҳибистиқлол аст.
Воқеан, вақте дар мавриди дастовардҳои ин даврон сухан меравад, бо фараҳмандӣ бояд зикр сохт, ки аз баракати пешравиву дигаргуниҳои ин даврон дар мисоли соҳаи варзишу маориф кишварамон сол ба сол дар ин соҳаҳои афзалиятнок ба навгониҳои арзишманд ноил гашта истодааст. Маҳз дар заминаи Конститутсия қонуну даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаҳои маорифу варзиш қабулгашта барои пешрафти соҳаҳои мазкур имкон фароҳам оварданд...
Боиси ифтихор аст, ки санаи имсолаи таҷлили Конститутсияамон ба таври рамзӣ сурат мегирад. Бо ибтикори сарвари давлат имсол 30 солагии қабули ин Санади олии қонунгузориамонро таҷлил менамоем ва ба ин муносибат соли 2024- “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гаштааст. Ба таҳлили олимони соҳаи ҳуқуқ, “Фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон яке аз муайянкунандаи асосии дараҷаи рушди маънавии ҷомеа буда, суботи иҷтимоӣ, фазои солими ахлоқӣ муҳити оромии ҷамъиятӣ, таҳкими пояҳои қонуният ва тақвияти рукнҳои адолату ҳамзистии осоишта ба он алоқамандии зиёд дорад...”.
Ҳаминро бояд иброз намоям, ки ҳар шаҳрванд, бахусус мо ҷавон бояд моҳияти Конститусияи кишварро амиқ дарк намоем, зеро Конститусия барои ҳар шаҳрванд роҳнамо аст ва бояд ба он эҳтиром гузошт.
Курсанти курси дуюми факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти милитсия Раҳмонзода Эмомалӣ Файзалӣ