Баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, зери сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат
Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем».
Эҳтиром ба занон ва нигоҳ доштани мавқеи баланди онҳо дар фарҳанги миллати мо решаи таърихӣ дошта, зан - модар дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси занон буда, онҳо ба зиндагӣ ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшанд. Вақте занон дар зиндагӣ пешоҳанг бошанд, маърифатнокии онҳо имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа якчанд қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳо қабул гардидааст. Аз ҷумла:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробари ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010»;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030)
– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»
Пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан аз модарони босаводу соҳибмаърифат вобастагии калон дорад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад.
Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар». Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои шодбошӣ бахшида ба Рӯзи Модар баён доштанд. Фармони таърихии Сарвари давлат аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки аз қабули он 25 сол сипарӣ гаштааст, далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва корҳои идоракунӣ ҷалб гардидаанд ва ин раванд минбаъд низ бо вусъати тоза идома хоҳад ёфт.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ низ дар ҷомеаи муосири мо хеле муассир аст.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “мову шумо нафақат дар як рӯзи модар, яъне 8 - уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
Пешвои муаззами миллат инчунин қайд намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ки шумораи зиёди онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин неруи бузурги стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.
Зан дар оилаи тоҷик аз қадим ҷои махсусро ишғол мекард ва имрӯзу дар оянда низ чунин хоҳад монд, иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки дар оила зан соҳибмаърифат аст, албатта фарзандони солиму солеҳа ва соҳибмаърифатро ба воя мерасонад.
Солимии ҷомеа аз солимии оила ва оилаи солим аз фарзандони солим ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.
Алимзода Д.А., муаллими калони кафедраи ташкили
тактикаи ФОҶ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия