Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамои дониш барои омодасозии кадрҳо

1235Чун анъана ҳамасола дар саросари ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ ҳисобида, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи маориф мунтазам таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ теъдоди шумораи мактабҳои олӣ, миёнаи умумӣ, махсус ва муассисаҳои томактабӣ хеле афзоиш ёфт.
Бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф 1-уми сентябри соли 2024 баъд аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд: «Қобили зикр аст, ки тайи солҳои 2017-2023 дар шаҳри Душанбе барои 72000 нафар хонандагон мактабҳои замонавӣ дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Ҳангоми мулоқот Пешвои миллат вазъи геосиёсии ҷаҳонро таҳлил намуда, таъкид намуданд, ки солҳои охир бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсию низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст. Пешвои миллат мисол оварданд, ки танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45000 одамон кушта шуда, ки зиёда аз 17000 –и онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Оқибатҳои бади авҷ гирифтани терроризму экстремизм, исломситезию мусулмонбадбинӣ, тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили хатарзо табдил ёфтааст.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки мардуми Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта ба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ки яксаду панҷоҳ ҳазор ҳалок гардида, панҷову панҷ ҳазор кӯдакон ятим монда, якуним миллион шаҳрвандон гурезаи иҷборӣ гардида, инфрасохтори иҷтимоӣ вайрон гардида буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро дида, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифт ва барои инкишофи соҳаи маориф маблағҳои молиявӣ ҷудо намуд. Аз он ҷумла, дар солҳои истиқлолият сӣ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ва ёздаҳ лоиҳаи дигар ба маблағи 4, 6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 5,5 миллиард ва соли 2024 ба соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аз 1-уми июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи маориф 40 % афзуд.
Дар баробари пешравиҳо Пешвои миллат як қатор камбудиҳои соҳаи маорифро муайян намуд, аз ҷумла, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 314 бинои муассисаи таълимӣ, бе таъмир мондани 378 бинои муассисаҳои таълимӣ, дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз сабаби нарасидани ҷойи нишасти хонандагон дар се баст таҳсил менамоянд, ки ин ба сарбории омӯзгорон оварда мерасонад. Дигар ҷиҳати манфӣ ин нарасидани муассисаҳои томактабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аст. Танҳо 22 % кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд, ки хеле кам аст. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар асоси Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 бояд то 50 % кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки барои пешрафти маориф дар ҷумҳурӣ се қонуни миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки ҳадафи онҳо тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва муқовимат бо зуҳуроти ифротгароӣ мебошад.
Президенти кишвар дастур доданд, ки минбаъд тахассуси омӯзгорон баланд бардошта шавад. Муассисаҳои таълимӣ ҳар панҷ сол аз аккредитатсия ва муаллимон ҳар се сол аз аттестатсия гузаронида шаванд. Дигар масъалаи муҳим ин ҳатмӣ будани маълумоти миёнаи умумӣ мебошад ва падару модарон вазифадоранд, ки ҳатман ба фарзандон маълумоти ҳатмии умумӣ диҳанд. Дар баробари маълумоти умумӣ хонандагон бояд дар мактаб ва коллеҷҳо соҳиби ягон ихтисос гарданд, ки дар оянда барои онҳо манбаи даромад ва ташкили оила гардад.
Дигар масъалаи муҳим ин нашри китобҳои дарсӣ мебошад, ки на ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талабот ҳастанд, яъне Пешвои миллат дастур доданд, ки тамоми китобҳои дарсӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва ҷаҳонбинии илмӣ аз тахшис гузаронида шаванд. Айни ҳол аз 203 номгӯйи китоби ташхисшуда 82-тои онҳо нашр нагаштаанд. Дигар масъалаи муҳим ин бо кабинетҳои таълимӣ таъмин кардани мактабҳо мебошад, ки дар ин самт шаҳри Душанбе пешқадам буда, онро 96,3 % иҷро намудааст. Дар вилояти Суғд 73 %, Хатлон 48 %, шаҳру тобеи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29% ва ВМКБ 7 % - ро ташкил додааст, ки хеле ташвишовар аст. Пешвои миллат ба Ҳукумат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки ин камбудиҳоро бартараф созанд. Масъалаи дигар ин ташкили марказҳои малакаҳои касбӣ мебошад, ки дар ин самт ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва Хуҷанд пешсаф мебошанд. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин марказҳо созмон дода шаванд.
Масоили дигари муҳим ин ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор мебошад. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод гардад. Ба иҷрои ин дастур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда шуданд. Ҳамчунин Пешвои миллат панду насиҳат намуданд, ки агар омӯзгор намебуд, ҳеҷ кадоми мо ба ин дараҷаҳои баланди роҳбарӣ ва касбӣ расида наметавонистем. Бинобар ин ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки ба омӯзгор арҷ гузорем ва ӯро эҳтиром намоем.
Ҳамчунин Пешвои миллат барои пешгирӣ аз ҳаргуна хурофот, аз байн бурдани либосҳои бегона, тарғиби фарҳанги миллӣ гузаронидани озмуни ҷумҳурияии «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳод намуданд. Инчунин Пешвои миллат дастур доданд, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ шабакаи нави телевизионӣ аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Президенти кишвар дастур доданд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар баробари хонандагон, донишҷӯён ҳамчунин худи омӯзгорон низ ширкат намоянд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки тоҷикон миллати фарҳангӣ буда, дорои забон, таърих ва расму оинҳое мебошанд, ки онро кулли башарият аз қабили Наврӯз ва дигар оинҳо эътироф намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҷашн мегиранд. Бинобар ин вазифаи тарбияи насли наврас вазифаи умумихалқӣ ва ҳар як оилаи тоҷик мебошад. Ҳар як аъзои оила падару модар, бобою модаркалонҳо дар тарбияи кӯдак то он вақте, ки ҳастанд саҳм гузоранд, чунки ояндаи миллат ва давлат дар дасти наврасону ҷавонон мебошад.
Дар фарҷом роҳбари давлат ҳамагонро бо Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику муборакбод намуда, саломатӣ, хониши аъло ва барори кор орзу намуданд.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи барвақти 1-уми сентябри соли 2024 тамоми ҳайати шахсӣ ва роҳбарият суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо мароқи зиёд аз шабакаҳои телевизионӣ бодиққат тамошо намуданд. Баъд аз анҷоми тамошои суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, барои иҷрои саривақтии дастурҳои Пешвои миллат бо курсантон, шунавандагон ва омӯзгорон мулоқоти самимӣ намуданд. Вазири корҳои дохилӣ барои густариши таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимии ВКД, аз ҷумла Академияи ВКД дастурҳои мушаххас доданд.
Бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло барои иҷрои саривақтии дастурҳои Пешвои миллат ва тавсияҳои Вазири корҳои дохилӣ дар самти тақвияти таълиму тарбия, гурӯҳи корӣ ва Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷрои онҳо таҳти назорати ҳаррӯзаи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони факултетҳои Академия вогузор гардид.
Ҳамин тариқ, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои зарурӣ бароварда тасмим гирифтанд, ки барои боз ҳам такмил додани раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ саҳми арзандаи худро гузошта, дар тарғиби сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бо навиштани мақолаҳои илмӣ, Роҳнамои дониш ва дигар дастурҳо ва воситаҳои таълимӣ пешсаф бошанд.
Асламов Б.С., Дадазода Д.О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...