Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият - омили рушди ҷомеаи демократӣ

1228Дар таърихи навини давлатдории миллии мо тоҷикон Истиқлолияти сиёсӣ, бузургтарин дастовард мебошад, ки дар охири саддаи асри ХХ ба он шарафёб гардидем. Ҳоло бошад, бахти баланди миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатиро бо тантана истиқбол менамоем.
Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу Ваҳдати комили ҷомеа, ки хизматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имконият фароҳам гардидааст, ки бо диди амиқи илмӣ ба шинохти муҳимтарин арзишҳои давлатдории муосир рӯ оварда асосҳои бунёдии онро мукаммал намоем.
Дар 33 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардид. Яке аз дастовардҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ҳифзи нигоҳдошти Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи нав, гузаштан ба низоми идоракунии президентӣ, анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гузаштан ба низоми демократӣ, бозсозии давлати миллӣ, парлумони дупалатагӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ метавон ном бурд, ки рукнҳои муҳимми Истиқлолияти давлатии кишвар ба шумор мераванд.
Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафту ояндаи кишварро сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона намоем, ки ин барои мо тоҷикон бақои миллат, нишони аз орзуву ормонҳои таърихӣ гузаштаи хеш мебошад.
Маҳз ба шарофати Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳамчун заминаи муҳимми таъмини амният ва суботи давлат муаян намуд.
Воқеан, имрӯз масъалаи ҳифзи Истиқлолият, инчунин ба ҳайси унсури муҳимтарини давлатдории миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой намудани ин арзиш, дарки воқеии дастовардҳои замони Истиқлолият аз ҷониби шаҳрвандон, шинохти Ваҳдат ҳамчун омили таҳкимбахши Истиқлолият, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навин ва ҷойгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ, басо назаррас мебошад, ки дар назди ҳар яки мо истодааст.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи такими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол , демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳоии муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муаян шудаанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз бо шарофати истиқлолияту ваҳдат имкони хондан, таҳсил гирифтан, озодона кору фаъолият намудану зистан пайдо мешавад. Аз ин рӯ, ба қадри ин ҳама неъматҳо бояд расид ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста ба синну сол бояд ҳиссаи арзандаи худро тавассути меҳнати ҳалолу пурарзишаш ба ояндаи ватан гузорад. Пешвои муаззами миллат моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».
Мо низ итминони комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда ба пешравиҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида, дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаро касб хоҳем намуд.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим - омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия.1229

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...