Мақсад ва ҳадафи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин
Таърихи ҷомеаи инсонӣ собит сохтааст, ки дин дар баробари нақши мусбат доштан дар ташаккули фарҳанги башарӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва муттаҳидии инсонҳо бо мақсадҳои ғаразнок ҳам истифода гардидааст. Дар зери шиорҳои динӣ ҷангҳои хунину кушторҳои зиёде ба анҷом расидаанд, намояндагони илму маърифат, мардони зиёди сиёсат бо баҳонаи ширку бидъат ва кофирию бединӣ таъқибу террор шудаанд.
Муайян намудани ҷойгоҳи воқеии дин дар рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита бо ҳама унсурҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ба сӯйи созандагию пешрафт равона намудани он яке аз ҳадафҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат буд.
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардид, ки аз он чунин хулосабарорӣ кардан мавриди зикр аст.
9 марти соли 2024 дар “Кохи Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.
Дар ин мулоқот Пешвои миллат дар бораи таҳсили ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат сухан намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои он чунин изҳор намуданд: «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки мамлакатҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманона ворид месозанд».
Президенти ҷумҳурӣ инчунин иброз намуданд, ки «Дар замони то соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, 15 калисо, ду куништ (синагога) фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудияти қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ».
Мутаассифона бар ивази ҳама тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгирию пуштибонии давлату Ҳукумат баҳри муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии дорои хусусияти динӣ ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил меёбанд.
Гумони ғолиб он аст, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии дорои хусусияти динӣ дар шароити кунунӣ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар ҳолати пешгирӣ нагардидан ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Бинобар ин аҳли зиё ва намояндагони динро мебояд ҳисси баланди ифтихори миллӣ дошта бошанд, дар фаъолияташон арзишҳо ва манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он дониши баланди сиёсӣ талаб менамояд. Агар ҷомеа, хусусан ходимони дин бо донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва вазъи печидаю мураккаби геополитикии муосирро дарк намоянд, метавонанд аз манфиати миллату давлат ҳамеша пуштибонӣ намоянд ва аз ҳама муҳим, ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатхоҳ гирифтор нашаванд.
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Тавре зикр гардид, мутаассифона ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Таъкид гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.
Дар рафти мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ кардаанд.
Аз ин хотир пешниҳод карда шуд, ки шахсоне ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накӯи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра, иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷӯҳи махсус диҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.
Ходими дин, пеш аз ҳама, бояд нисбат ба тақдири ватанаш бетарафу бепарво набошад. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум буд, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат маҳсуб мешавад.
Ҳамин тариқ, вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ба тарбияи маънавию ахлоқӣ ва дуруст ба роҳ мондани муносибати давлат ва созмону ташкилоти динӣ-мазҳабӣ, дарки дурусти манфиатҳои миллӣ таъсири амиқ гузошт.
Музафарзода Ёдгора Музафар, муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия