Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон дар шароити муосири Тоҷикистон: таҳлил ва дурнамо

1214Таҷрибаи рӯзгори инсонӣ собит сохтааст, ки риояи қонун ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин гардидааст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеа, бахусус ноболиғону ҷавонон зарурати амиқ дошта, бе назардошти таъмини ҳолати мазкур, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун имконнопазир мебошад.
1215Бо дарки амиқи чунин зарурат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
1216Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ин Паём бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 ба имзо расид. Мақсад аз фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои волои фарогири масоили мазкур, бахусус баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
1217Бо мақсади таҷассум намудани мазмуну моҳият ва ҳадафҳои амиқу созандаи ин арзиши маънавии инсоният, яъне “Маърифати ҳуқуқӣ”, “Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар кишвар тасдиқ гардидааст, ки ифодакунандаи арзиши баланди маънавӣ ва аҳаммияти муҳимми иҷтимоии маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа мебошад.
1218Дар замони муосир масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғону ҷавонон, аҳаммияти бештар касб намудааст. Падидаҳои болозикр заминаи боэътимоди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, устувории риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, коҳиш додани нигилизми ҳуқуқӣ, василаи паст кардани сатҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.
Бешубҳа, маърифати ҳуқуқии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон аз омӯзиш, мутолиаи китоб, таълиму тарбияи манфиатпазир дар муассисаҳои таълимӣ маншаъ гирифта, дарки воқеии талаботи Конститутсия ва қонунҳо танҳо дар доираи ҷаҳонбинии комил имконпазир мегардад.
Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, академик Ф.Т. Тоҳиров комилан дуруст таъкид намудааст, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан бузургтарин ҳуҷҷати миллӣ ва давлатии кишварамон буда, дорои аҳаммияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз ин рӯ, дарк намудани меъёрҳои Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон, ки ояндаи пойдорию пешрафти миллату давлат мебошанд, ҳам фарзу ҳам суннат аст. Бояд, ки наврасону ҷавонон усулҳову ғояҳои дар Конститутсия сабтгардидаро хуб дарк карда, дар раванди ҳаёти ҳаррӯзаи худ онҳоро татбиқ карда тавонанд» (Ф.Т. Тоҳиров. Ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон. // Маводҳои конфронси умумиҷумҳуриявии илмию амалӣ. Душанбе, 2005. - С.29).
Мақсади маърифати ҳуқуқӣ - тарбияи ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон, дар замири онҳо ташаккул додани шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла эътимод ва арзишҳои мусбати ҳуқуқӣ мебошад.
Воқеан, наврасону ҷавонон ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи кишвар ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд.
Имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва шумораи ноболиғон беш аз 3 миллиону 567 ҳазор нафар ва шумораи ҷавонон бошад, 2 миллиону 737 ҳазор нафар, яъне аз нисф зиёди аҳолии мамлакатамонро ноболиғону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар кишвари азизамон масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон, шахсан дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ин замина, ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ, мақоми олии қонунгузори кишвар, Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Сипас, дар марҳилаҳои минбаъда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак” эътироф гардида, як зумра санадҳои дахлдори сатҳи миллӣ, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идомаи амалишавии Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030, қабул гардиданд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти имрӯзу ояндаи ноболиғону ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Таъсиси мақоми ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсис додани стипендияҳо, алалхусус стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», таъсиси Квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва дигар чунин дастгириҳо, далели эҳтироми ин қишри созандаи кишвар дар сатҳи милливу давлатӣ мебошад.
Аммо, сарфи назар аз ин ҳама дастоварду комёбиҳои давлату миллат дар замони истиқлолият, ки бо талошҳои саривақтии фарзанди ҷонсупурдаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидаанд, инчунин баъзан мушкилот низ миёни ин қишри ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон вуҷуд доранд.
Махсусан ҳолатҳои даст задани ноболиғону ҷавонон ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз ҷумлаи ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусиятҳои экстремистию террористӣ, паҳншавии баъзе кирдорҳои зараровар, бахусус нашъамандӣ, майзадагӣ, тамокукашӣ, оворагардӣ, қатлу куштор, ки дар байни наврасону ҷавонон рӯ ба афзоиш доранд, аз маърифати пасти ҳуқуқӣ ва костагии сатҳи тарбияи ахлоқии онҳо дар оила, мактаб ва ҷомеа мебошад.
Бинобар ин, дар шароити муосир яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб - ба таҳсил, касбу кор ва варзиш ҷалб намудани онҳо мебошад.
Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии касбу кори мо табдил ёбанд.
Аз таҳлили маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 - 737 ҳолат, дар муқоиса ба соли 2023 - 555 ҳолат ва дар 5 моҳи аввали соли 2024 бошад, 295 ҳолатро ташкил медиҳад.
Аз муқоиса намудани вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ҳамин давраи соли 2023 нисбат ба 5 моҳи соли 2024 маълум мегардад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 221 ҳолат ё +33,4% зиёдшавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Аксар ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон дар муддати қиёсшаванда содир гардидаанд, дуздӣ, авбошӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва дигар ҷиноятҳоро ташкил намудааст.
Аз таҳлили вазъи ҷинояткории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки аз ҷониби онҳо ё бо иштироки онҳо дар соли 2022 - 3572 ҳолат ва соли 2023 - 3020 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2022 - 552 ҳолати ҷиноят ё 18,2% камшавӣ ба қайд гирифта шудааст.
Чунин таҳлилҳо дар 5 моҳи аввали соли 2024 низ нишон медиҳанд, ки аз ҷониби ҷавонон дар кишвар 1615 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳолат ё 2,2% кам мебошад.
Масъалаҳои дигари ташвишовар, ки аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад, ин монеагӣ эҷод намудани волидон ба таҳсили фарзандон, инчунин сафарбар намудани онҳо ба таҳсили ғайрирасмии динӣ мебошад. Ҳолати мазкур чунин натиҷа ба бор меорад, ки фарзанд бесавод монда, аз ҳама бад барои гурӯҳҳои ифротӣ манбаи ҷалбшавӣ мегардад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз намуданд, ки “Дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шудааст. Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст” (Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 сол, шаҳри Душанбе).
Татбиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар ин самт нақши арзишманд дорад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба огоҳонидан ва пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону ҷавонон субъектҳои дахлдорро муайян намудааст. Як қатор вазорату идораҳо мушкилотро вобаста ба огоҳонии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғону ҷавонон бар уҳда доранд ва дар ин самт фаъолияти назаррасро низ ба анҷом мерасонанд.
Оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар 5 моҳи аввали соли 2024 бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 23 ҳазору 143 адад протоколҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти судии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баррасӣ ирсол карда шудааст.
Дар байни сохторҳое, ки бевосита ба огоҳонии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонон машғул мебошанд, бартарият ба мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст. Дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ воҳиди алоҳида - Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.
Мавриди зикр аст, ки аз таълим ва тарбия дур мондани ин гуна ноболиғону ҷавонон боиси он мегардад, ки тафаккур ва маърифати ҳуқуқии онҳо паст гардида, хубро аз бад фарқ карда наметавонанд ва дар натиҷа, зуд гирифтори ғоя ва ақидаҳои ифротӣ мегарданд.
Аз таҳлили ҳолати ҷинояткории муқоисашаванда ва пешниҳоди омории шумораи ҷиноятҳои ноболиғону ҷавонон, инчунин ҷой доштани кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни онҳо метавон зарурати саривақтии тақвияти маърифати ҳуқуқиро дар миёни ин қишри муҳимми ҷомеа хулоса намуд. Чунки яке аз вазифаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ - пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мебошад.
Баҳри пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, пеш аз ҳама бояд сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи он муайян карда шавад. Вобаста ба таҳлили фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар субъектони пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, инчунин омилҳои объективии ҷойдошта, сабаб ва шароити мусоидаткунандаи ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон ҷой доранд, ки пешгирии саривақтии онҳо дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон мусоидат менамояд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон дар кишвар, роҳандозии чунин пешниҳодотро мувофиқи мақсад медонем:
1. Таҳия ва қабули “Консепсияи ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар самти ноболиғону ҷавонон бо назардошти мушаххас намудани мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва дар ин замина, муайян намудани субъектони бевосита ва умумии раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо.
2. Танзими раванди муҳоҷирати ноболиғону ҷавонон (фарогирӣ ба таҳсил, меҳнат ва ё дур мондани онҳо аз таҳсилоти ҳатмии миёнаи умумӣ) ва ҷоннок намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ.
3. Аз ҷониби субъектони мушаххас, тавассути васоити ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ, ҳарчи бештар тарғиб намудани наворҳо вобаста ба ҳолатҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонон ва инъикоси оқибатҳои номатлуби онҳо.
4. Таҳлили сабабҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, мониторинги доимии каҷрафтории онҳо ва чораандешии мушаххас дар сатҳҳои болозикр.
5. Ҷоннок намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, таҳлили оқибатҳои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон.
6. Барои ба таври бонизом ва доимӣ амалӣ сохтани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ноболиғону ҷавонон ташкил намудани Маркази муқовимати иттилоотӣ ба ҷинояткорӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурӣ буда, Комиссияи байниидоравӣ бояд ҷузъи доимоамалкунандаи ин ниҳод бошад.
Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД метавонад дар маркази мазкур ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз барои ҷалби ташкилоту муассисаҳо, кумитаву вазоратҳо ва мутахассисони касбӣ дар муқовимати иттилоотӣ ба ҷинояткорӣ баромад намояд. Зеро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин раёсати он, ташкили босамари корҳои профилактикӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо маҳсуб меёбад.
7. Вобаста ба имкониятҳо дар Федератсияи Россия, ки 90% муҳоҷирони меҳнатӣ (беш аз 650 ҳазор) ҷавонон мебошанд, зиёд намудани воҳидҳои кории мақомоти масъули давлатӣ (ВКД, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, консулгариҳо ва ғ.), ҷиҳати бо таври бонизом ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамкорӣ намудан бо мақомоти милитсия, амният ва прокуратура ҷиҳати ба Ватан баргардонидани ҷавонони гумроҳшуда низ аз манфиат холӣ нест.
8. Таъсис додани клиникаҳои ёрии ҳуқуқӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои дурдаст ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амри зарурӣ мебошад.
9. Ба таври васеъ ба роҳ мондани мурофиаҳои судии сайёр аз як тараф омили пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа гардад, аз ҷониби дигар омили муҳим ҷиҳати рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Насуриён Пулод Асадулло, сардори Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...