Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самти рушди ҷавонон дар фаъолияти хизмати давлатӣ
“Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Эмомалӣ Раҳмон
Раванди сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Махсусан қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад.
Ба душвориҳои ибтидои замони соҳибистиқлолӣ нигоҳ накарда, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 Квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот буд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” таъсис ёфт. Дар ин баробар дар кишвар 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кишварҳо ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва эҷодӣ ноил мегарданд, ки ҷавонони он соҳибкасб ва соҳибмаълумот бошанд. Дар шароити бозори меҳнат сатҳи ба маълумоти касбӣ фарогирии ҷавонон такмилталаб аст. Дар қатори сабабҳои асосӣ вобаста ба сатҳи бекорӣ номувофиқатии ихтисос ва касбҳои омӯхтаи ҷавонон арзёбӣ гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ сатҳи таҳсилоти ҷавонон дар хориҷи кишвар афзоиш ёфта истодааст. Айни замон дар хориҷи кишвар 8041 нафар ҷавонон, аз ҷумла 5725 нафар аз ҳисоби бурсияҳои давлатӣ таҳсил доранд. Аммо, пас аз хатми мактабҳои касбӣ қисми муайяни ҷавонон наметавонанд, ки ба Ватан баргашта, соҳиби кори дилхоҳ гарданд. Дар баробари ин, ҳангоми таҳсил донишҷӯёни мо дар хориҷи кишвар ба мушкилоти зиёди хусусияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқидошта дучор мегарданд, ки онҳоро водор месозад ба рафтору кирдорҳои номатлуб даст зананд.
Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсил намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2008, №502 ба тавсиб расидааст. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонон, ки яке аз принсипҳои он ба муҳайё сохтани шароити мусоид барои бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани ҷавонон, дастгирии маъюбон, бепарасторон ва осебпазирон асос меёбад, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда истодаанд.
Аҳамияти рушди илм ва маориф байни ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати давлат қарор дорад. Дар тамоми баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавонан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд илму фарҳанг ва маориф дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд, дар ин замина мавқеи муҳимро ҷавонон ишғол мекунанд. Забон, адабиёт, таърих, сарчашмаҳои хаттӣ, ёдгориҳои таърих, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи интернет, васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон нақши асосӣ доранд.
Бояд тазаккур дод, ки баҳри фазои мусоид омода намудан барои ҷавонон дар мамлакат ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин якчанд барономаҳо, консепсия ва стратегияи давлатӣ ба монанди «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардид, ки дар асоси онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи ҷамъият ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳо фароҳам меорад.
Муҳаққиқони ҷавон ба таърихи халқи худ ва имрӯзи дурахшони он шукргузорӣ карда, дастовардҳои беназири халқи худро аз кӯшишу ғайрат, садоқату мардонагӣ, поктинатӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд. Пешвои миллат наҷотбахшандаи воқеиву ростини халқу Ватани худ ҳастанд. Бо иродаву ҳамзабонӣ Ваҳдати миллиро миёни халқи тоҷик ва ҷавонон таҳким бахшида, барои сарҷамъии мардуми тоҷик хизматҳои беназир намудаанд ва ҷавонон аз чунин Сарвари ваҳдатофару маърифатпарвар ва фидоии миллат ифтихор доранд.
Падидаи дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аст, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад.
Воқеан, аз баракати Истиқлоли давлатӣ имрӯз ҷаҳонбинии ҷавонон куллан тайғир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ, иштироки онҳо дар корҳои давлату ҷамъият зиёд шудааст.
Муҳаққиқони ҷавон барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавонони номзадҳои илм, аспирантон магистрантон ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешавад, ки ин дастгириҳо олимони ҷавонро барои ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.
Тавре маълум аст, мутобиқи Фармони Президенти мамлакат идрорпулии президентӣ барои ҷавонони болаёқат таъсис дода шуда, теъдоди сазоворгаштагони он марҳила ба марҳила зиёд гардид, теъдоди зиёд гирандагони идрорпулиҳои президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳодати таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҷавонони собҳибистеъдод гардидааст. Хушбахтона, ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони мамлакат хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба гирифтани идрорпулии президентӣ мушарраф мегарданд.
Ҳамин тариқ, асосҳои рушди ҷавонон дар кишвар пешбарӣ гардида, ҷойи махсуси худро дорад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назарраси худ оварда расонидааст.
Боиси таассуф аст, ки дар замони пешрафти илму техника, ки ҳар нафари мо бояд танҳо дар фикри омӯхтани дониш ва вусъат бахшидани ҷаҳонбинии хеш бошем, баъзан фирефтаи иғво ва дасисаҳои беруна мешавем. Яке аз масъалаҳои дигари ташвишовар ва муҳими рӯз шомил шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлол расидан, ҳифзи дастовардҳои 32 соли истиқлолро ифтихор донистан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият, ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш аст. Бинобар ин мо – ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат, махсусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзанда ба ҷо орем.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҷавонон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббуси созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Музафарзода Ёдгора Музафар, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия