Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотонии аҳолӣ
Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Маърифати ҳуқуқӣ ин паҳн намудани дониши ҳуқуқӣ дар ҷомеа, шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иттилоотонии ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии раванди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандонро дарбар мегирад. Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан ин имкон медиҳад, ки ҳалкунандаи қисме аз масъалаҳои мубрами мамлакат гардад.
Маърифати ҳуқуқӣ ин фаъолияти ақлона ва доштани донишҳои ҳуқуқии инсон мебошад, ки дар шакли дониш, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун дарбаргирандаи арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ, сатҳи шуури ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ ва фардӣ, қонуният, амали ҳуқуқии нишондиҳандаи маданияти ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Моҳияти онро маҷмуи арзишҳое ташкил медиҳад, ки дар ҷараёни фаъолияти инсон дар соҳаи ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд. Маърифати ҳуқуқӣ воситаи ягонаи ташаккули фарҳанги ҳуққуқӣ тавассути таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад, ки он дар навбати худ рафтори ҳуқуқии дилхоҳ фардро муайян менамояд.
Маърифати ҳуқуқии ҳар миллат таърихан дар заминаи сатҳи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ба вуҷуд омада, як навъи маърифати миллӣ маҳсуб меёбад.
Маърифати ҳуқуқӣ ин донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, ки дар он онҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дарҷ гардидаанд, фаҳмида мешавад. Донистани Конститутсия ва қонунҳо яке аз вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар мачмуъ, зери мафҳуми ,,Маърифати ҳуқуқӣ” маҷмуи донишҳое фаҳмида мешавад, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида ҷиҳати батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудааст. Паҳлуи дигари эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин имкон медиҳад, ки қонунҳое, ки дар Ҷумҳури Тоҷикистон қабул шудаанд, ба ҳаёт татбиқ карда шаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 қайд намуданд, ки “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститусия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, Сарвари давлат қайд намуданд, ки ”Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардумамон эътибори ҷиддӣ диҳем, дар чаҳорчӯби Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат зиндагӣ ва кору фаъолият карданро омӯзем ва риояи муқаррароти қонунро ба одати ҳатмӣ ва ҳаррӯзаи худ табдил диҳем”.
Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамзамон ҳуқуқшиносонро зарур аст, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд. “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ҷомеаро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии худ саъю кушиш ба харҷ диҳад. Иқдоми наҷиб, яъне “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан ин ба таҳкими ҷомеаи демократӣ ва иттилоотонии ҳуқуқи аҳолӣ мусоидат менамояд. Воқеан ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва ҳуқуқдон такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии саросарӣ ноил мегардад. Шаҳрванд бояд Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донад ва риоя намояд, зеро донистани моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад.
Нафаре, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва онҳоро риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро мустақилона ҳифз намояд. Риоя ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром ва риоя намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”. Ин меъёри Конститутсия шаҳрвандонро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бохабар ва риоякунандаи ин меъёрҳо бошанд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро бо роҳҳои гуногун метавон амалӣ кард, аз ҷумла тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқӣ басо судманд буда, ҳадафи асосии онро таъмини волоияти қонун ташкил медиҳад.
Давлатзода Саидмуҳаммад Мустафо, муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД, лейтенанти милитсия