Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳҳои баланд бардоштани маърифати занону бонувони Тоҷикистон

1116(Дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ»)
28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Дар Паём дар баробари таҳлили масоили мубрами инкишофи давлат ва ҷомеа яке аз вазифаҳои марказӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Боиси тазаккур аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ нақши занону бонувон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ инкишоф, ёфта фаъолнокии занону бонувон дар идоракунии давлат афзоиш ёфт. Теъдоди зиёди занон ба хизмати давлатӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқ зиёд гардида, занону бонувон дар тарбияи насли наврас нақши бузург бозиданд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбати занону бонувон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд, аз ҷумла дар моддаи 33 Конститутсия «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати оила бахусус категорияи гуногуни кӯдакон як катор санадҳои муҳимро ба имзо расонидааст. Аз ҷумла: 26 июли 1993, № 803 «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» аз чониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, 2 августи соли 2011, таҳти № 762 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тавсиб расид.
Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ба фаъолият шурӯъ намуда ҷиҳати тадбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи зан ва оила корҳои зиёдро ба анҷом расонид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 ба шумор меравад. Ин имкон дод, ки фаъолнокии занон дар идоракунии давлатӣ боз ҳам афзун гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2021-2030 қабул гардид, дар асоси ин Стратегия ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба 4485 ҳазор нафар расид, ки он 23,04 % ташкил медиҳад. Аз ҳама зиёд занон ва бонувон дар соҳаи маорифи кишвар фаъолият менамояд, ки он 73% баробар аст, дар соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ 68% занону бонувон фаъолият менамояд, дар хоҷагиҳои деҳконӣ бошад 35 ҳазору 600 нафар занон софдилона хизмат намуда, шумораи занони соҳибкор 77 ҳазору 400 нафар расидааст.
Дар баробари ин яке аз масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқии занону бонувон ин пешгирии зуроварӣ дар оила мебошад. Вобаста ба ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи 2014 № 294, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 қабул гардид, ки мақсади он таъмини татбиқи самараноки механизми пешгирии зӯроварӣ дар оила маҳсуб меёбад.
Ҳадафи асосӣ ин таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва мусоидат ба тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт мебошад. Иҷрокунандагони ин барнома Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мансуб меёбанд.
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи занону бонувон ҳамеша баланд бардошта мешаванд.
Ҳамин тариқ ба хулосае омаданд мумкин аст, ки дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» нақши занону бонувон дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам боло рафта, заминаи иҷрои Консепсия, Стратегия ва Барномаҳои инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мегардад. Дар ҳамин асос кулли занону бонувони Тоҷикистон иқдоми Пешвои миллатро дар бораи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» якдилона дастгирӣ менамоянд.
Рустамзода З.Р., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...