Маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеаи муосир
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва Ватани азизамон, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар ва насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизматҳои басо бузурге кардаанд. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паёми имсола ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва пешниҳод намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсия, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифат ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, мақоми қонун ва тарғиби арзишҳои демократӣ, мусоидат ба ваҳдату ҳамбастагӣ, суботу пешрафт ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи одилона, равона гардидааст.
Дар ин раванд, махсусан таъкид карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардумро фароҳам оварда, амалӣ намудани меъёрҳои он имкон дод, то пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон дода, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин намоем, барои ҳар як бошандаи мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Конститутсия давлатӣ, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро муайян намудан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа сириштан дарк шавад.
Инчунин навсозии масъалаҳои фарҳанги ҳуқуқӣ ниёз дар заминаи маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир аз он иборат аст, ки мафҳуми ҳуқуқ дар бисёр мавридҳо шарти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад.
Самаранокии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сатҳу сифати маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва донишҷӯён тавассути омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ вобаста аст, ки дар навбати худ барои ташаккули маърифати ҳуқуқии шахсият зарур аст:
– такя ба намудҳо ва шаклҳои ташкилии фаъолияти таълимии ҳуқуқӣ, ки ба ҷавонон имкон медиҳад, ки фарҳанги баланди ҳуқуқиро аз худ намуда, мавқеи сазоворро дар ҷомеа ишғол намояд;
– таҳия ва навсозии мунтазами усулҳо ва барномаҳои таълимии ҳуқуқӣ барои ноил шудан ба сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– васеъ истифода бурдани анъанаҳои миллӣ дар рафти таълимӣ ҳуқуқии шаҳрвандон.
Дар охир бояд хотирнишон намуд, ки барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа дар баробари чораҳои зикргардида, инчунин имрӯз муассиса ва идораҳои дахлдорро зарур аст, ки бевосита миёни мардум корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз буҳрони маънавию ҳуқуқӣ раҳоӣ бахшем.
Абдуллозода Н.Р., сардори кафедраи ФОҶ МКД, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия