“Шоҳнома”- шинохти имрӯзу гузаштаи халқ
“Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Алломаҳо ва нобиғаҳо ҳарчанд зодаи ин ё он миллатанд, на танҳо нотакроранд, балки ифтихори бани башар мебошанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз бузургтарин суханварону ҳамосасароёни адабиёти тоҷик мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
Пешвои муаззами миллат, инчунин иброз намуданд, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси бузурги илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя намоем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.
Иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати дастрас намудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ба ҳар як хонавода амри тасодуфӣ набуда, давоми мантиқии як силсила ташаббусҳо дар самти тарғибу ташвиқи илму дониш ва ҷалби мардум ба осори ҳувиятсози гузаштагон мебошад.
«Шоҳнома» ҳамосаи миллии мардумони ориёӣ буда Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ онро дар солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст ва имрӯзҳо дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин асари безаволро эътироф менамоянд. Боиси қаноатмандист, ки дар Ватани маҳбубамон зина ба зина мутолиаи китоб ба як анъанаву ҷараёни бузург табдил ёфта истодааст. Яъне аллакай маълум гардидааст, ки китобдӯстиву китобхонии миллӣ ин худ ватандориву ватандӯстӣ мебошад ва дар баробари ин ҳатман олами бузурги маънавияту ахлоқро фаро мегирад. Бо шарофати ин иқдоми Роҳбари давлат акнун дар мисоли “Шоҳнома”-и безавол барин асарҳо мо ба олами гузаштаи худ ошно мешавему хаёлан сафар менамоем. Дар ҳар як достон, ҳар як манзара, ҳар як макону замони асар мо ватанрову асолати худро меёбему мешиносем. “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бо нишон додани симои ҳама қаҳрамониҳо ин бедор кардани муҳаббати ватандорӣ ва дӯст доштани Ватан аст.
Бо андак мутолиа метавон пайхас намуд, ки “Шоҳнома” дар баробари қаҳрамониву ватандӯстӣ фарогирандаи садҳо мавзуи ахлоқист. Ҳеҷ китобе ба монанди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ уфуқҳои васеъро дар интихоби мавзуъот фарогир нест. Донишу ақл, некиву бадӣ, иффату покдоманӣ, муҳаббату адоват, садоқату хиёнат, қаҳрамониву ватандорӣ ва амсоли ин муҳимтарин мавзуъҳое мебошанд, ки шоири бузург – Абулқосим Фирдавсӣ дар партави ҳар як достон нозукона матраҳ намудааст. Тақдими «Шоҳнома» ин марҳами захми садсолаҳост. Миллату халқи китобхон ҳамеша муваффақ аст. Хондани китоб зиндагии моро, гуфтору пиндору кирдори моро тағйир медиҳад ва дар муқобили ҳама ҷараёну таҳдидҳои мафкуравӣ садди устувор мебошад. Зеро, ки чи гуна шахс будани инсонро ду омил муайян менамояд: …нахуст ҳалқаи афроде, ки дар миёни онҳо қарор дорем ва баъдан китобҳое, ки онҳоро хондаем. Яъне китобе дар мисоли “Шоҳнома” мураббии бузург аст. Зеро,“Шоҳнома” забонро меомӯзад, “Шоҳнома” тарбия менамояд, “Шоҳнома” қаҳрамониро дар ботинҳо мепарварад ва “Шоҳнома” шаҳодатномае дар қадимиву бостонӣ будани халқи тоҷик мебошад.
Аҳли фазлу адаб аз ҳама бештар дарк мекунад, ки иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат чӣ қимату чӣ ҳикмат дорад. Ин иқдом барои ҳазорсолаҳои дигар аҳамияти вижа хоҳад дошт. Иқдоми навбатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне тақдими “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ин тақдими хазинаи пурбаҳо ба миллати тоҷик аст.
Дар партави ин иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, дар Академияи ВКД маҳфили шоҳномахонӣ баргузор гардид. Курсантони Академияи ВКД достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро бо забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ қироат намуданд. Инчунин намоиши театрикунондашудаи достони “Рустам ва Суҳроб”, ки аз ҷониби курсантони Академияи ВКД намоиш дода шуд, писанди иштирокчиёни ин чорабинӣ гардид.
Курсантони фаъол сазовори “Ифтихорнома”-ҳо гардиданд.
Ҳамчунин дар доираи озмунҳои дохилиакадемиявӣ озмуни “Беҳтарин донандаи “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ дар байни муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, даври ниҳоии он охири моҳи майи соли 2024 дар Академияи ВКД баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки курсантони Академияи ВКД дар ҳама ин гуна озмунҳо пешсафанд ва дар минбаъда низ намунаи ибрат хоҳанд буд.
Давлатшоҳзода Азиза, полковники милитсия