Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва хотираи генерал-майори милитсия Имоморбеков Атобек

1138

 

Мизи мудаввар бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва хотираи генерал-майори милитсия Имоморбеков Атобек

Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози фасли баҳор бахшида ба як санаи бузург–Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида мешаванд, ки ин рӯзи муқаддас ва дурахшони хотираи ҳамаи онҳое, ки барои Ватан ҷони худро нисор кардаанд, дар ақибгоҳ баҳри озодй ва хаёти наслхои оянда заҳмат кашидаанд.

Ҳамин тариқ, 7 майисоли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 79-умин солгарди Ғалабаи Бузург бар фашизм ва хотираи генерал-майори милитсия, номзади илмҳои таърих Имоморбеков Атобек, ки солхои зиёд дар Академияи ВКД кору фаъолият намудааст, мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантони факултетҳои № 2 ва 6 иштирок намуданд. Мизи мудавварро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ. дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. ифтитоҳнамуд ва ки махсусан аҳаммияти Ғалабаро дар шароити муосир таъкид намуд.

Инчунин оид ба фаъолияти илмӣ ва касбии генерал-майори милитсия А. Имомербеков, хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди илм дар Академияи ВКД суханронӣ намуда, дар бораи корҳои генерали марҳум оид баташаккул ва ташкили фаъолияти милитсияи тоҷик дар Помир ҳар зад. Профессорону омӯзгорони Академияи ВКД низ бо хотираҳо ҳарфзада, оид басадоқат ба Ватан, хоксорӣ ва масъулиятшиносии А. Иммоёрбеков ҳамчун хислати хос суханронӣ карданд.

Курсантон бахшида ба Ғалаба баромад намуда, бахшида ба ин рӯзи фархунда шеърҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ тасмим гирифташуд, ки дар моҳи декабри соли 2024 бахшида ба 70-солагии генерал-майори милитсия Атобек Имоморбеков конференсияи калон баргузор шавад.

Ҳайати омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД ҳамагонро бо Рӯзи Ғалаба табрик мекунанд. Бигзор дили шумо аз корнамоиҳои ниёгон абадй фахр кунад, бигузор хотираи шумо вокеахои бузурги рохи душвори Ғалабаро аз байннабарад! Сулху амонӣ ба хамагон таманно дорем.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

1133

1134

1135

1136

1137 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...