Маърифати ҳуқуқӣ – ҳамчун роҳи асосии танзими қонун
Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеа ин риояи қонуну қоидаҳо мебошад. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои расидан ба ин ҳадаф эҷоду таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд.
Аслан шуури ҳуқуқӣ функсияҳои ташаккули ҳуқуқ, маърифатӣ, танзимӣ, баҳогузорӣ, идеологӣ, иттилоотӣ, пешгӯиро доро мебошад. Функсияи маърифатӣ дар он зоҳир мешавад, ки шуури ҳуқуқӣ барои дарки воқеият, падидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ, дигар падидаҳои бо онҳо алоқаманд мусоидат менамояд. Мафҳумҳо, ақидаҳо, тасаввурот, иттилоот оид ба воқеияти ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои такомули шуури шахс замина мегузорад. Сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ заминаи такмили ҷаҳонбинии ҳуқуқии шахс аст.
Натиҷаи таҳлили маъхазҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки омили аслии рушди сохтори сиёсию ҷамъиятии империяҳои бузургтарин дунёи қадим аз қабили Юнон, Бобул, Рим, Кушониён, Сосониён ва ғайра эҷоди хирадмандонаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қонунномаҳо ва амали намудани ислоҳотҳои ҳуқуқии мақсаднок мебошад. Дар ин самт нақши афроди алоҳида аз қабили шоҳ Хаммурапӣ, Зардушт, Куруши Кабир, Суқрот, Исмоили Сомонӣ, ва ғайраҳо хело назаррас аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағийрёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.»
Бояд қайд намуд, ки инкишофу рушди ҷомеаи имрӯзаи мо дар партави фазои ҳуқуқие, ки Конститутсия фароҳам овардааст, асос меёбад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона дунявӣ пайваста барои ободии рӯзгори мардум, беҳтаркунонии вазъи иҷтимоии он тадбирҳо меандешад. Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи умумии дониш ва муносибати объективонаи ҷомеаро нисбат ба ҳуқуқ, маҷмӯи донишҳои ҳуқуқиро дар шакли меъёрҳо, ақидаҳою мулоҳизаҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ ба вуқӯъ меоянд, дар назар дорад.
Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳнат, муошират ва рафтори шахс зери низоми таъсири тарбияи маданӣ, фарҳангӣ ҳуқуқӣ ва таълим ташаккул меёбад. Набояд фаромӯш сохт, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими ҷомеа ва давлати пешрафта мебошад.
Беҳуда нест, ки солҳои охир як қатор қонунҳо, барномаҳо, санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки марҳила ба марҳила масъалаҳоро оид ба такмил додани қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳо, рушди ёрии ҳуқуқии ройгон, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва самтҳои дигар оид ба устуворкунонии кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, идомаи ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан мухими кишвар, ки мақсаду ҳадафҳои онҳо беҳтаркунонии вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии шаҳрвандон мебошанд, зарур мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати таҳия ва амали сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Ин заруриятро хушбахтона давлат ва ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 дарк намуда, пайи амали намудани он шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуқтаи асоситарини тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият мебошад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро муаян намудан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун яке аз нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа бояд дарк карда шавад. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 хело хуб баён карда буданд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Омӯзгори калони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ, подполковники милитсия Нурализода А.Х.