Маърифати ҳуқуқӣ - унсури асосии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ
Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд.
Бояд иброз дошт, ки соли 2024, эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба солгарди ҳуҷҷати тақдирсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии ногусастанӣ дорад, зеро он таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар гардидааст. Ин омили муҳим тақозо менамояд, ки пайваста соҳаи иҷтимоӣ таҳким ва густариш ёбад ва ба маротибҳо баланд бардошта шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ироа гардида худ ба Маҷлиси Олии кишвар 28.12.2023 қайд намуданд, ки: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани Роҳбари давлат ин бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки сокинони кишвар аз пайи омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон мумкин аст, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад.
Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон (106-64 пм): «Агар хоҳи озод бошӣ пас ғуломи қонун бош». Ё худ дар ин маврид зарбулмасали халқҳои англис вуҷуд дорад, ки чунин мегӯянд: «барои он, ки пеши қозӣ нарави пушти сари қонун роҳ бирав».
Ҳаминро бояд дарҷ намуд, ки дар забони тоҷикӣ вожаҳои «ҳуқуқ», «ҳақиқат», «адолат» як реша дошта, бо ҳам пайвандии зич доранд. Мафҳуми «адолат» аз ҷиҳати маъно ва шакл бо мафҳуми «ҳуқуқ» наздик аст.
Мақсад аз маънидод намудани истилоҳи ҳуқуқ дар он аст, ки шахс то маънои ҳуқуқро дарк накунад, фаҳмиши амиқи онро тассавур насозад, ӯ ба ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад. Яке аз ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ бошад, ин бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расонидани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти он ва бо ин роҳ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ки ин пеш аз ҳама вазифаи олимон ва ҳуқуқшиносони касбӣ аст.
Дар воқеъ, шаҳрвандон ва ҳуқуқшиносон қонунро, бо назардошти сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ, гуногун дарк мекунанд. Дарки қонун аз тарафи шаҳрвандон дар доираи тасаввуроти ҳуқуқии оддии онҳо, бидуни дарки мафҳум, моҳият, нишонаҳои қонун, бо мақсади риояи қонун, қонеъ гардонидани манфиатҳои қонунӣ, риоя ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳо сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайри имкон мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда қайд намуда буданд, ки: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тадбиқ намудани он ба миён омадааст».
Гуфтан бо маврид аст, ки шуури ҳуқуқӣ ин функсияҳои ташаккули ҳуқуқ, маърифатӣ, идеологӣ, иттилоотӣ ва пешгӯиро иҷро мекунад. Ба ин андеша функсияи маърифатӣ дар он зоҳир мешавад, ки шуури ҳуқуқӣ барои дарки воқеият, падидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ, дигар падидаҳои бо онҳо алоқаманд мусоидат менамояд. Мафҳумҳо, ақидаҳо, тасаввурот, иттилоот оид ба воқеияти ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои такомули шуури шахс замина мегузорад. Сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ заминаи такмили ҷаҳонбинии ҳуқуқии шахс аст.
Дар адабиёти таълимӣ муаллифон ҳангоми баррасии проблемаҳои фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ дар бораи маърифати ҳуқуқӣ кам ёдовар мешаванд, вале аксаран маърифати ҳуқуқиро яке аз ҷанбаҳои тарбияи ҳуқуқӣ арзёбӣ менамоянд.
Ҳамин тавр, Иванников И.А. маърифати ҳуқуқиро яке аз усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ мефаҳмад ва онро ба таври зайл муайян мекунад: «Маърифати ҳуқуқӣ ин раванди паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ба афзоиши фарҳанги ҳуқуқии онҳо, эҳтиром ба қонун, адолат ва қонуният мусоидат мекунад.».
Кулапов В.Л. бошад, маърифати ҳуқуқиро (бидуни ифшои мазмуни он) ба яке аз шаклҳои ташкилии таълими ҳуқуқӣ (дар баробари таълими ҳуқуқшиносӣ, ки онро «шакли ибтидоӣ» ва таблиғи ҳуқуқӣ меномад) тасниф мекунад.
Андешаҳои консептуалии равишҳои дар боло зикршуда таваҷҷуҳи илмӣ доранд, вале равшан кардани моҳият ва доираи робитаи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва иттилооти ҳуқуқиро талаб мекунанд, ки мо дар боло муфассал истода гузаштем ва танҳо онро таъкид карданием, ки маърифати ҳуқуқӣ маънои аҳамияти мустақилро дорост. Он бо тарбияи ҳуқуқӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқӣ алоқаманд аст, аммо комилан мувофиқат намекунад, ҳеҷ яке аз истилоҳҳои дар боло зикршуда дигарашро ба таври назаррас дарбар намегирад. Тарбияи ҳуқуқӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқӣ ба маърифати ҳуқуқӣ ба ҳамон андоза дохил мешаванд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба онҳо дохил карда шудааст, дар ҳоле ки маърифати ҳуқуқӣ мазмунан категорияи хеле васеътар аст.
Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятӣ Факултети № 2
лейтенанти калони милитсия
Сулаймонзода Рустами Неъматулло