Тадбирҳои тақвиятбахши маърифти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеа гардидааст.
Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда баён менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир мегардад. Маърифати ҳуқуқи барои рушд ва ташаккули давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрандӣ мусоидат менамояд.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи муҳимӣ низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими равандҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ таъсир расонида, муттаҳидсозии шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро ҷонибдорӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.
Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ, ин риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.
Қабул гардидани Конститутсияи кишвар 6 ноябри соли 1994, ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягона эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардидаанд.
Аз дигар ҷиҳати иҷрои босифат ва риояи пурраи талаботи қонунҳои қабулгардида мебошад. Дар ҳамин маврид мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» зоҳир мегардад.
Барои дарки маънӣ метавон аз мафҳуми маърифати оиладорӣ истифода бурд. Эҳтироми волидайн, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Мусаллам аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон набуда, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тарбия намуд.
Ин раванд аз робитаи оила, бо мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеаи шахрвандӣ вобастагидорад.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои маърифати ҳуқуқӣ дар доираи меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, он дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир гузаронида шуда, чорабиниҳои тақвиятбахши маърифатӣ гузаронида мешаванд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст.
Аз ин рӯ, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои мушкилу печдарпечи солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо иродаи устувор раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳилаи ободкорӣ ва созандагӣ, мақоми устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.
Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузорӣ ба муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон мебошад.
Дар моддаи 1, боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар ин радиф аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ояндаи наздик мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки пиёда сохтани ҳамаи ин ҳадафҳо, бахусус бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд аз шаҳрвандон пеш аз ҳама доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд.
“Маърифати ҳуқуқӣ ин маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст, - мегӯяд ҳуқуқшинос Зоҳирҷон Муҳибуллозода. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҷумла, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ сатҳи коррупсия ва дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо низ имконияти коҳишёбӣ дорад.
Дар маҷмуъ, зери мафҳуми “Маърифати ҳуқуқӣ” маҷмӯи донишҳое фаҳмида мешавад, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида баҳс намуда, ҷиҳати батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудааст.
Маърифати ҳуқуқӣ ин доштани фаҳмиши ҳуқуқӣ, то як андозаи муайян бархӯрдор будан аз илми ҳуқуқшиносӣ ё донистани илми ҳуқуқшиносӣ мебошад”.
Дар воқеъ, шаҳрвандон ва ҳуқуқшиносон қонунро, бо назардошти сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ, гуногун дарк мекунанд.
Низоми тарбияи ҳуқуқӣ аз унсурҳое иборат аст, ки таркиби (сохти) дохилии ҷараёни тарбияи ҳуқуқиро муайян мекунанд.
Унсурҳои низоми тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд:
1) Субекти тарбияи ҳуқуқӣ (мақомотҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, ашхоси мансабдор.
2) Обектҳои тарбияи ҳуқуқӣ (фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии тарбияшаванда.
3) Амалиётҳои тарбиявӣ-ҳуқуқӣ (мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ)
Нуқтаи назари олимон ба маърифати ҳуқуқӣ гуногун- ҷанба мебошад, ки онҳоро мухтасаран таҳлил карда мебароем:
Раҷабзода Р.М. қайд менамояд, ки шуури ҳуқуқӣ функсияҳои ташаккули ҳуқуқӣ, маърифатӣ, танзимӣ баҳогузорӣ, идеологӣ, иттилоотӣ, коммуникативӣ, пешгӯиро иҷро мекунад. Ба андешаи ӯ функсияи маърифатӣ дар он зоҳир мешавад, ки шуури ҳуқуқӣ барои дарки воқеият, падидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ, дигар падидаҳои бо онҳо алоқаманд мусоидат менамояд. Мафҳумҳо, ақидаҳо, тасаввурот, иттилоот оид ба воқеияти ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои такомули шуури шахс замина мегузорад. Сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ заминаи такмили ҷаҳонбинии ҳуқуқии шахс аст.
Рибаков О.Ю. бошад, маърифати ҳуқуқиро яке аз шаклҳои муҳими татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ муайян мекунад, ки бо ёрии маърифати ҳуқуқӣ мумкин аст ба шуур таъсир расонида, тарзи муайяни тафаккур, фарҳанги ҳуқуқиро ташаккул дод. Муаллиф ба он диққати махсус медиҳад, ки ин соҳаро мақомотҳои давлатӣ бояд фаро гиранд, зеро маҳз мақомотҳо барои иҷрои вазифаҳои муайяншуда захираҳои калон доранд.
Иванников И.А. маърифати ҳуқуқиро яке аз усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ мефаҳмад ва онро ба таври зайл муайян мекунад: «Маърифати ҳуқуқӣ ин раванди паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ба афзоиши фарҳанги ҳуқуқии онҳо, эҳтиром ба қонун, адолат ва қонуният мусоидат мекунад».
Инъикоси мукаммали мазмуни падидаи ҳуқуқии таҳқиқшаванда бо нишон додани аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад:
Маърифати ҳуқуқӣ имрӯз на танҳо фаъолияти махсус ташкилшудаи давлат ва ҷомеа, балки ҳамчун самти мустақили сиёсати давлат амал мекунад.
Сиёсати давлатиро дар ин самт “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 таҳти №599 тасдиқ гардида, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ гардидааст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 № 636 тасдиқ шудааст амалӣ мегардонанд.
Таҳқиқоти пурсамари фарҳанги ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, унсурҳои миллии он бори аввал дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон дар диссертатсияи докторӣ ва асарҳои Насриддинзода Э.С., гузаронида шудааст. Насриддинзода Э.С. фарҳанги (маданияти) ҳуқуқиро ҳамчун ғояҳое, ки фикру эҳсосотро амалӣ мекунад, эътиқоди ҳуқуқӣ, дастурҳоро, ки ба фаҳмиши дурусти низоми ҳуқуқии ҷомеа нигаронида шудаанд, муайян месозад, маънидод кардааст.
Унсурҳои ҷудогонаи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар робита бо масъалаҳои дигари илмӣ дар асарҳои Тоҳиров Ф.Т., Раҳимзода Р.Ҳ., Маҳмудзода М.А., Солиев К.Ҳ., Нематов А.Р., Азиззода У.А. ва дигарон таҳлил карда мешавад. Масъалаҳои шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар робита бо рушди илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, инкишофи низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон дар асарҳои Тоҳиров Ф.Т. таҳқиқ карда шудаанд. Паҳлуҳои ҷудогонаи маърифати ҳуқуқӣ дар асарҳои олимони дигари Тоҷикистон – Азизқулова Г.С., Буризода Э.Б., Маҷидзода Ҷ.З., Сафаров Б.А., Раҳимзода Р.Ҳ., Холиқзода А.Ғ. ва дигарон низ таҳқиқ мешаванд.
Раҷабзода Р.М. функсияҳои фарҳанги ҳуқуқиро чунин муайян намудааст:
- Функсияи танзимкунӣ, ки дар ҷараёни танзими фаъолияти одамон тавассути арзишҳои ҳуқуқӣ, одату анъанаҳои ҳуқуқӣ, мероси фарҳангӣ, сарчашмаҳои таърихӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ амалӣ мешавад. Функсияи мазкур бо мақсади танзими ҳаёти фаъолияти одамон тавассути тадбирҳои фарҳангӣ-ҳуқуқӣ (тарбиявӣ, таҳсилотӣ ва ғайра) равона шудааст.
- Функсияи иттилоотӣ-коммуникативӣ. Ин функсия бо мақсади паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, иттилоотонии раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, робитаи иттилоотии байни давлату шаҳрвандон ва байни шаҳрвандон амалӣ мешавад.
Функсияи тарбиявӣ-таҳсилотӣ. Функсияи мазкур дар ҷараёни тарбия ва таҳсилоти ҳуқуқӣ, бозомӯзии кадрҳои ҳуқуқшинос, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ истифода мешавад.
Функсияи маърифатӣ. Фарҳанги ҳуқуқӣ аз маҷмӯи донишҳо, мафҳумҳо, ақидаҳо, тасаввуроти ҳуқуқӣ иборат буда, дар раванди омӯзиши воқеияти ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Функсияи маърифатӣ бо мақсади дарки падидаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.
Функсияи арзишӣ бо мақсади дарку таҳлил, паҳн намудан ва амалисозии арзишҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешавад. Функсияи мазкур бо назардошти робитаи айни арзишҳои ҳуқуқии умумиинсонӣ ва миллӣ амалӣ мешавад.
Функсияи ҳифзи мероси фарҳанги ҳуқуқии миллӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла, фарҳанги ҳуқуқии миллӣ (осори ҳуқуқии таърихӣ, анъанаҳои ҳуқуқи миллӣ, арзишҳои ҳуқуқии миллӣ) аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Тарбияи ҳуқуқӣ ба таъмини иҷтимоии пурраи ҳуқуқии шахс нигаронида шудааст.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ягонаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тавассути таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқӣ баромад мекунад, ки дар навбати худ рафтори ҳуқуқиро (аз ҷумла дар шакли бештар инкишофёфтаи он - фаъолияти ҳуқуқии шахси воқеӣ) муайян мекунад.
Певсова Е.А. моҳияти маърифати ҳуқуқиро дар шароити муосир баррасӣ намуда, қайд мекунад, ки сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ки ба ҳадафҳои таълими ҳуқуқӣ мувофиқ аст, «мавҷудияти таълими ҳуқуқӣ ва низоми эътиқодро пешбинӣ мекунад, ки бо эътирофи ҳуқуқ, дарки зарурати риояи талаботи он, доштани маҳорат ва малакаи татбиқи конунро дар назар дорад. Донише, ки дар рафти таълими ҳуқуқӣ гирифта шудааст, бояд ба эътиқоди шахсӣ, ба муносибати қатъӣ ба риояи ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баъдан ба талаботи ботинӣ ва одати риояи қонун, нишон додани фаъолияти ҳуқуқию сиёсӣ табдил ёбад».
Натиҷаи ниҳоии интизории татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Дар фалсафа шуури ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, дар ҳуқуқшиносӣ ҳамчун маҷмӯи ғояҳо, ҳиссиёт, эҳсосоти одамон нисбат ба ҳуқуқи мавҷуда ва гузашта, дар педагогика бошад ҳамчун асоси тарбияи ҳуқуқӣ мешуморанд.
Ҳамин тариқ, метавон ба хулосае омад, ки шуури ҳуқуқӣ ва ҳуқуқ дар қиёс вуҷуд дошта, аз ҳамдигар вобастаанд. Чи қадар сатҳи шуури ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бошад, ҳамон қадар одамон бештар рафтори қонунӣ интихоб мекунанд.
Сиёсати давлатӣ дар ҳамкории зич бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешавад. Давлат фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатиро, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсати давлатӣ мусоидат мекунанд, дар шакли шарикии иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд.
Инчунин тарғиб ва фаҳмонидани зарурати риояи уҳдадориҳои худ, қоидаҳои зиндагӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигарон, сарфи назар аз нажод, миллат, забон, муносибат ба дин, эътиқод ва дигар ҳолатҳо аз ҷониби шаҳрвандон муҳимтарин вазифаи давлат мебошад.
Сиёсати давлатӣ меъёрҳои ахлоқии таърихан муқарраршуда ва арзишҳои ахлоқии аз ҷониби умум эътирофшудаи мардуми сермиллати Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад, ки ба таъмини рафтори қонунӣ ва эҳтироми шаҳрвандон нигаронида шудааст. Ташаккули шуури мусбии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, тавассути андешидани тадбирҳои мунтазам оид ба муқовимат ба ҳама гуна шаклҳои ифротгароии миллӣ ва динӣ ё рафторе, ки ба ахлоқи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ризоияти миллӣ халал мерасонад, таъмин карда мешавад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., - омӯзгорони Академияи ВКД