Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши оила дар пешрафти ҷомеа

696(Бахшида ба Рӯзи оила - 15-уми май)
“Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад.
Яке аз рукнҳои муҳими давлатдарӣ ин фарҳанги оиладорӣ мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2015, Пешвои муаззами миллат оиларо ниҳоди муқаддас номида, барои беҳдошти фарҳанги сунатии миллӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуданд. Ҳадафи асосии ин иқдоми неки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад, зеро оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, чунки беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. “Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”, - иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Парлумон.
Оре, зан-модар пеш аз ҳама тарбиятгар, насиҳатгар, нигоҳдорандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари оину анъанаҳои волои гузаштагон мебошад. Зани тоҷик аз замонҳои қадим бо сифатҳои накӯву ахлоқи ҳамида ва зеҳни тез, модари фарзандони донишманди башар шинохта шудааст.
Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб рафта, олитарин намунаи ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила ба ҳисоб меравад ва дар ҳаёти инсонӣ нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандӯзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд. Инчунин, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки яке аз принсипҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, тақозо менамояд, ки нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои дорои ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баланд бардошта шавад. Дар ин самт нақши оила ҳамчун ниҳоди нахустини иҷтимоишавии инсон бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи ватан саҳми босазо дошта бошад. Вобаста ба ин, оила дар иҷрои вазифаи тарбиявии худ бояд масъулияти баланд дошта бошад. Имрӯз густариши раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар мушкилот дар самти таҳким ва пойдории муносибатҳои оилавӣ низ таъсири худро расонида истодааст. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунии омезиши шадиди арзишҳо нигоҳ доштани суннатҳои беҳтарине, ки пойдории оилаи тоҷикро дар тӯли садсолаҳо таъмин намудаанд, бағоят муҳим мебошад. Бо дарназардошти пойдории оила дар кишвари мо Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми декабри соли 2015 тасдиқ гардид, ки ин санад дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, тарбияи дурусти фарзандон ҳуҷҷати муҳим гардид.
Оила нахустмактаби тарбияи инсон ва шаклгирии тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад. Ҷомеаи солим дар навбати худ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз маҷмӯи донишҳои муайяни педагогию психологӣ, ҳуқуқиву иқтисодӣ маншаъ гирифта, дар асоси дониш, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ташаккул меёбад. Омода намудани чавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи муҳими оила ва мактаб мебошад. Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма. Дар моддаи 16-и Эъломияи ҳуқуқи башар дар мавриди оила зикр гардидааст: «Оила рукни муҳими тарбия ва асоси ҷамъият буда, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархурдор бошад». Ин нуқта дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст ва боз илова мешавад, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ на танҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки ҳамаи мушкилоту душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд, зеро инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният ба ҳисоб меравад. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар аст. Мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати куҳанбунёди мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо таҳқиқот, пажӯҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёде дар мавзуи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳуранд. Осори гаронбаҳо ва ҷовидонаи адибони классики мо гувоҳи ин гуфтаҳоянд: Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ низ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол ба қалам дода буд...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша оиларо зери ҳимояи худ қарор дода, нақши босазои онро дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пос доштани таъриху фарҳанги ниёгон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тайёр намудани насли ояндасоз хеле баланд арзёбӣ менамояд. Масоили маърифати оиладорӣ, омода намудани насли ояндасози кишвар ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва доираҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтаанд. Зеро оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ барои расидан ба рӯзгори обод ва ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ, равонӣ, таъмини шароити мусоиди маишию эҷодӣ, меҳнат, беҳдошти саломатӣ, ҳифзи саломатӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд.
Яке аз муҳимтарин вазифаи оила, ки ба ҳамаи комёбиву камолоти фард ва хислати инсонӣ нақши бештар дораду муассир аст, тарбия мебошад. Вазифаҳои дигари оила ин нигоҳ доштани пайванди наслҳост.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш зикр намуданд: «… ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигаҳдорӣ намоем».
Давлат вазифаи тарбиявии волидонро ҳамчун уҳдадории муҳими ҷамъиятию шаҳрвандӣ эътироф намуда, оиларо зери ҳимояи худ қарор додааст. Инчунин дар Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалӣ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф гардидааст.
Азиза Давлатшозода, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...