Баррасии масъалаҳои муҳим дар вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Асри 21-ро асри илму техника, рушди бесобиқаи зеҳнӣ ва асри навоварӣ унвон кардаанд. Аммо аз ибтидои ин аср зуҳуроти номатлуб, чун терроризму экстремизм авҷ гирифта, ҷаҳонро ба таҳлука ва одамонро ба тарсу ҳарос оварда, ҳамчун вабои аср ба масъалаи муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи авҷгирии амалҳои террористӣ дар гӯшаву канори дунё аз тарафи баъзе нафарони «даъвои мусулмонидошта», ки дар асл фитрати инсонӣ надоранд, дар зеҳни мардум ислом чун дини террористӣ ва мусулмон ҳамчун террорист шакл гирифтааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки дар баъзе кишварҳои хориҷӣ аз фарди мусулмон, новобаста аз миллату нажод ва кӣ буданаш метарсанд. Дар ҳоле, ки ислом душмани терроризм аст. Яке аз бадбахтиҳои дигар он аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз барномаҳои махсуси психологӣ ва нозукиҳои динӣ сафи худро аз ҳисоби ҷавонон ва шахсони заифирода зиёд кардан доранд.
Тавассути васоити ахбори оммаи дохилу хориҷии кишвар хатари мудҳиши терроризму экстремизм, оқибатҳои фалокатбори он ва ғуборолудшавии фазои ободу ороми давлатҳои алоҳида инъикос мегарданд. Рӯзе нест, ки дар ягон давлати дунё аз таркиш, марги одамон ва дигар амалҳои террористию экстремистӣ хабаре набошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ, ҳатто аз минбари СММ баромад карда, таъкид намуданд, ки террорист дину мазҳаб ва ватану миллат надорад. Ин зуҳуроти номатлуб мушкилоти тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд мубориза баранд.
Дини мубини ислом мардумро танҳо ба сӯи ахлоқи некӯ ва ҳамида роҳнамоӣ мекунад ва ҳамеша мусулмононро ташвиқ месозад, ки дар фикри некӯкорӣ бошанд ва то имкон доранд ба якдигар некӣ кунанд. Тибқи нишондоди ислом дили касеро хушнуд сохтан аз амалҳои волотарин дониста шудааст. Вале дар ҷамъияти имрӯза гоҳҳо аз тарафи баъзе нокасон амалҳои ношоиста ва берун аз ахлоқи ҳамида рух медиҳанд ва он бадкорон исломро ба ҳайси ниқоб истифода карда, чунин амалҳои хешро содир месозанд. Дини ислом, дар воқеъ, ба ягон ҳизбу ҳаракате эҳтиёҷ надорад.
Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.
Гурӯҳу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва роҳбарону аъзои онҳо худро ҳамчун мусулмони комил, пок, ҳақиқатпараст, адолатпарвар, ҳомии дин ва пошандаи тухми некӣ муаррифӣ карда, ақли дигаронро дуздида онҳоро гумроҳ намуда, бо даъвати гӯё «ҷиҳод» ба сафи худ шомил месозанд. Дар ҳоле ки разилтарин, бадтарин, пасттарин ва нопоктарини нопоконанд.
Мусаллам аст, ки бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат баъзе аз ҷавонони сустирода ва бетавфиқ ба доми фиребу найрангҳои ифротгароён фаромада, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб кӯшиш намуда, ҷавононро аз роҳи бад ва фалокатбори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳти таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони содаю гумроҳ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтода, ҳаёти худро зери хатар монда, аз номи дину мубини ислом баромад менамоянд.
Асосан ислом динест, ки аз замони зуҳураш одамонро ба некӣ, илму адаб, поктинатӣ, ростқавлӣ, сулҳу дӯстӣ, якдилӣ, баробарҳуқуқӣ, дӯст доштани ватан, ҳифзу ҳимояи он, донистани қадри якдигар, волоияти ҳуқуқ, некӣ ба ҳамдигар дар корҳои накӯ, пойдории оила, таълиму тарбияи дуруст ва ахлоқи ҳамида даъват карда, дар самти пешгирии ҳуқуқпоймолкуниҳо, ҷорӣ кардани тартибот, ҳимояи ҳуқуқи зану кӯдак ва шахсони ниёзманд, дур сохтани одамон аз ҷиноят, пешгирии қатлу куштор ва ҷудоӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ислом инсонро чун мавҷудоти олимақом чунин тарбия мекунад, ки меҳрубону бошафқат шуда, нисбат ба наздикони худ ва ҳатто бегонагон беғаразона накӯӣ намояд.
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо, ҳамеша ба суханони Сарвари давлат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро ҷиддан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин ватани азиз ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Маҳз, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Он тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулпазирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.
Сулаймонзода Рустами Неъматулло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ Факултети № 2, лейтенанти калони милитсия