Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самти махсуси фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ

664Дар замони муосир масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд аҳамияти бештар касб намудааст. Падидаҳои болозикр заминаи боэътимоди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, усутувории риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, коҳиш додани нигилизми ҳуқуқӣ ва як василаи паст кардани сатҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.
Бесабаб нест, ки С.С. Алексеев андешаҳои олим ва файласуфи немис И. Кантро инкишоф дода, чунин мешуморад, ки маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ муҳимтарин ва заруртарин воситаи таъмини давлати ҳуқуқбунёд дар ҳаёти ҷамъият мебошад [Алексеев С.С. Социальная ценность права в советском обществе. – Екатеринбург: Гуманитарный университет, 2019. – С. 9].
Дар воқеъ яке аз омилҳои муҳими рушди босуръати ҷомеа, давлат ва аҳолии он таҳкими пояҳои ҷомеаи озоду муташаккили шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули муносибати эҳтиромона ба қонун, волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти байниҳамдигарии шахс ва давлат мебошад.
Бояд иброз намуд, ки эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи инсон натиҷаи сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ мебошад. Сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқӣ ва паст будани шуури ҳуқуқӣ, паҳншавии нигилизми ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ монеаи татбиқи принсипи волоияти қонун ва дигар арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд мегардад.
Аз ин рӯ барои рушди мунбаъдаи давлати ҳуқуқбунёд ва устувор гардонидани пояҳои он ташаккул додани шуури ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути маърифати ҳуқуқӣ амри зарурӣ мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ бо шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ алоқамандии зич дорад, зеро яке аз асосҳои заминавӣ ва ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки олимон маърифати ҳуқуқиро ҳамчун донишҳои ибтидои ва заминавии ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ арзёбӣ менамоянд.
Аз ҷумла, профессор О.О. Миронов маърифати ҳуқуқиро «марҳилаи ибтидоии дарки категорияҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ» мефаҳмад ва ҳамчун қадамҳои минбаъдаи «омӯзиш, тарбия, фарҳанги ҳуқуқи инсон, таълим дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ» арзёбӣ менамояд [Миронов О.О. Правовое просвещение - функция омбудсманов // Право и образование. – 2009. – № 5. – С. 15].
Профессор О.Ю. Рыбаков маърифати ҳуқуқиро яке аз шаклҳои муҳими татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ муайян намуда, иброз менамояд, ки бо ёрии маърифати ҳуқуқӣ ба шуур таъсир расонидан, тарзи муайяни тафаккур ва фарҳанги ҳуқуқиро ташаккул додан мумкин аст [Рыбаков О. Ю. Формы реализации правовой политики // Правовая политика и правовая жизнь. – 2003. – № 2. – С. 14].
Ҳуқуқшиноси ватанӣ Э.С. Насриддинзода низ иброз менамояд, ки самаранокии маърифати ҳуқуқӣ кафили ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа мебошад.
Аз ин бар меояд, ки кафили устувории волоияти қонун, мустаҳкамии падидаи вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонуният аз сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки яке аз хусусияти асосии давлати ҳуқуқбунёд ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар амалӣ гардидани ин раванд иштироки худи шаҳрвандон муҳим мебошад. Яъне ин онро ифода мекунад, ки шаҳрвандон то чи андоза аз ҳуқуқҳои худ бархурдор буда, дар амалӣ гардидани он иштирок менамоянд. Аз ин рӯ барои шаҳрвандон зарур аст, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқиро дошта бошанд.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастраси дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. [Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 - уми ноябри соли 2019, таҳти № 599 тасдиқ шудааст. [Манбаи электронӣ]: реҷаи дастрасӣ: http://www.portali-huquqi.tj (санаи муроҷиат 17.04.2024)].
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандозии чунин раванди низомнок ва пайваста мувофиқи мақсад мебошад, аз ҷумла:
1. Дар муҳити оила ташаккул додани рафтори ҳуқуқӣ вобаста ба арзишҳои инсонӣ ва умумибашарӣ, ба монандӣ: арзишҳои ахлоқи, урфу одатҳои ниёгон, арзишҳои фарҳангӣ ва дигар.
2. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои тарбиявӣ ва таълимии ҳуқуқӣ вобаста ба сину сол. Аз ҷумла, вобаста ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ғайра.
3. Дар муассисаҳои таълимии миёна дар баробари фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳамзамон, ба таври пайваставу доимӣ ба роҳ монда шудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, нодида гирифтани арзишмандии ҳуқуқ, падидаҳои зӯровари дар оила, сабаб ва оқибатҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, зарар ва оқибатҳои истеъмол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маърифати ҳуқуқии истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ, ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он ва ғайра.
4. Дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ пайваста ба роҳ мондани маҳфилҳои илмӣ, аз қабили конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ.
5. Иштироки фаъолонаи тамоми корхона, муассиса, ташкилотҳои давлативу ғайри давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғиб ва ташвиқи арзишҳои ҳуқуқӣ ва талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.
6. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, натанҳо чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ, балки вобаста ба пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ монанд.
Ба таври зарурӣ фаъолият накардани субъектони ташвиқу тарғиби ҳуқуқ ва дар шакли зарурӣ ба роҳ монда нашудани шаклу воситаҳои тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳуқуқӣ боис ба он гардидааст, ки маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон як андоза бо мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд. Ин раванд боис бар он гардидааст, ки сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ дар ҷомеа як андоза афзоиш ёфтааст.
Дар адабиёти таълимӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ шакл ва воситаҳои гуногуни маърифатикунании ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст. Чунин шакли мукаммали воситаҳои маърифатикунонии ҳуқуқӣ, ба монанди муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ, рӯзнома, радио, телевизион, адабиёт, санъат, ташкилотҳои илмӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иҷтимоӣ, ташкилотҳои динӣ ва ғайра дохил мешаванд. [Нечаева А. Правовое просвещение. Опыт территорий [Электронный ресурс]. Режим доступа: http://territoriaprava.ru (Санаи муроҷиат 12.04.2024)].
Яке аз субъектони асосии ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ бевосита мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004, таҳти №41 якчанд самтҳои асосии фаъолияти милитсияро ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳуқуқ пешбинӣ намудааст.
Аз ҷумла, тибқи моддаи 3 - юми қонуни мазкур гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад [Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004, таҳти №41 тасдиқ шудааст [Манбаи электронӣ]: реҷаи дастрасӣ: http://www.portali-huquqi.tj (санаи муроҷиат 17.04.2024)].
Мазмуни моддаи мазкур дар чунин хусуссиятҳо зоҳир мегардад:
- машварати ҳуқуқӣ. Корманди милитсия ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба онҳо дар самтҳои лозимӣ ва дар ҷараёни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ машварати ҳуқуқӣ медиҳад;
- гузаронидани корҳои тарбиявӣ, тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо. Усули мазкур аз маҷмӯи чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии милитсия иборат буда, бо мақсади огоҳонидан ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, даъвати шаҳрвандон барои ҳамкорӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона карда мешавад;
- бурдани корҳои профилактикӣ бо шахсоне, ки дар қайди махсуси милитсия қарор доранд. Усули мазкур моҳияти профилактикаи инфиродии милитсияро ифода намуда, бо мақсади такроран содир накардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноят истифода мегардад. Аз ҷумла, дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунгузорӣ тарбия намудан ва баргардонидани чунин шахсон ба ҳаёти солиму зиндагии муътадил зарур мебошад;
- ташкили омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни кӯдакон ва мактаббачагон. Ташкили омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, нозирони минтақавии милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони ҷомеа дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои нохуш ба амал бароварда мешаванд;
- ташкили лавҳаҳои иттилоотӣ. Дар лавҳаҳои иттилоотӣ маълумот оид ба баргузории чорабиниҳои муштарак, муайян ва дастгир намудани шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта, ҷустуҷӯи шахси бедарак гумшуда, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, маълумот вобаста ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, телефони боварии ВКД, нозирони минтақавии милитсия, суроғаи сомонаи ВКД, макони ҷойгиршавии нуқтаи наздиктарини милитсия ва дигар ахборот ҷойгир карда мешаванд;
- ҷалби ҷомеа дар баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ. Бо мақсади пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳли ҷомеа имкон дорад тибқи талаботи қонун дар баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ иштирок намояд;
- ташкил намудани нуқтаҳои сайёри қабули шаҳрвандон. Бо мақсади таъмини дастрасии хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, ошкор, пешгирӣ ва кушодани ҷиноят, муайян намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа дар маҳалҳои дурдасти аҳолинишин нуқтаҳои сайёри қабули шаҳрвандон ташкил карда мешавад ва ғайра [Солиев К.Ҳ., Мансурзода А.М., Абдулаҳадзода А.А., Нуридинзода С.Н., Мирзорустамов М.М. Раҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа / зери назари дотсент, генерал майори милитсия Шарифзода Ф.Р. – Душанбе: Эр-Граф, 2020. – 84 с.].
Дар ин баробар якчанд санадҳои дигари дохили идоравӣ амал мекунанд, ки тарғибу ташвиқи ҳуқуқиро ҳамчун самти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар намудааст. Аз ҷумла дар банди 3 - юми Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз 3 - юми январи соли 2018, таҳти № 1 б/з баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро ҳамчун вазифаи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муқаррар намудааст.
Мутобиқи фармонҳои болозикр ташвиқу, тарғиби ҳуқуқӣ, иттилоотикунонии ҳуқуқиро самти махсуси фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ намудааст. Кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар самтҳои зерин масъулиятнок гардонидааст, аз ҷумла:
- гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ, чорабиниҳои якҷоя вобаста ба тарғиботи ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, инчунин фаҳмондадиҳии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз ҷониби ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният;
- таъмини фаъолияти ҳуқуқӣ - равшаннамоӣ, маърифатпарварӣ ва тарбиявӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, мазҳабпазирӣ, таҳаммулпазирӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкоркунии нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон;
- корҳои маърифатнокӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ оид ба тарғиби ҳаёти солим дар байни аҳолӣ;
- таблиғот, ташвиқот, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва нақшавӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон ва назароти пайваста ҷиҳати таълим ва тарбияи онҳо ва ғайра [Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз 3 январи соли 2018, таҳти №1 б/з. [Манбаи электронӣ]: реҷаи дастрасӣ: http://www.portali-huquqi.tj (санаи муроҷиат 17.04.2024)].
Фаъолияте, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои гуногуни давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешавад, қисми ҷудонашавандаи низоми пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва коррупсия метавон арзёбӣ намуд.
Дар айни замон дар назди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муҳими сиёсати давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба рафъи нигилизми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва дар шаҳрвандон ташаккул додани эҳтиром ба қонун гузошта шудааст. Воситаҳои ҳалли ин проблема гузарондани чорабиниҳо оид ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла бо роҳи хондани лексияҳо, сӯҳбатҳо, баромад кардан дар воситаҳои ахбори омма оид ба фаҳмонда додани мазмуни меъёрҳои конунгузории амалкунанда мебошад.
Хулоса новобаста аз он, ки кори баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ самти махсуси фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, вале ин раванд хусусияти гуногунсоҳаро дошта, онро тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, ба монанди: мақомотҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, оила, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ёрии ҳуқуқӣ ва ғайра амалӣ менамоянд.
Чунин аст, ки дар «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» пешбинӣ гардидааст, ки бо мақсади бартараф намудани мушкилоти маҷмӯи дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо мавҷуд аст. Дар робита бо ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилооӣӣ-ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст [Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 - уми ноябри соли 2019, таҳти № 599 тасдиқ шудааст. [Манбаи электронӣ]: реҷаи дастрасӣ: http://www.portali-huquqi.tj (санаи муроҷиат 17.04.2024)].
Арҷ гузоштан ба Конститутсия ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон риояву иҷрои меъёрҳои он ифодакунандаи сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мансурзода А.М., сардори факултети №°2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия,
Қодирзода Ғ.Н., муаллими калони кафедраи "Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...