Сарфаи неруи барқ ва омилҳои хушксолӣ
Беборонӣ, бидуни борандагӣ, ҳолати камобӣ аст, ки тайи он як минтақа бо камбуд ба захира ва манбаъҳои обӣ рӯбарӯ мешавад. Аз ин таъриф метавон натиҷа гирифт, ки давраи камобӣ нисбат ба як минтақаи хос дар назар аст. Як пажӯҳиши байналмилалӣ нишон додааст, ки 150 таърифи гуногун аз хушксолӣ дар навиштаҳои мухталифи илмӣ матраҳ шудаву ба чоп расидааст. Ду намуди хушксолӣ маълум аст: хокӣ ва атмосферӣ.
Хушксолии хокӣ аз он рух медиҳад, ки муддати тӯлонӣ дар он минтақа борон намеборад. Замин то умқ хушк мешавад ва ҳатто системаи решаҳо ниёзи шадид ба намӣ пайдо мекунанд. Нарасидани об ба он оварда мерасонад, ки рустаниҳо ё хеле ба мушкилӣ рушд мекунанд ва куллан хушк мешаванд.
Сабабҳое, ки боиси хушк шудани хок мешаванд: Камбуди рутубат дар замин пас аз зимистони камбарф; Камбуди манбаъҳои об аз тирамоҳи гузашта. Хушксолии атмосферӣ ба сабаби аз ҳад зиёд бухор шудани об бар асари гармии офтоб ва намии паст дар ҳаво ба амал меояд. Хушксолии кишоварзӣ ё зироатӣ, ки ба ҳосилнокии заминҳои кишт таъсир мерасонад. Ин вазъият ҳамчунин метавонад мустақил аз ҳар тағйире дар сатҳи борандагӣ рух диҳад. Ин ҳамон замонест, ки кишоварзон обёрии заминҳоро афзоиш медиҳанд ва ё берун аз ин ҳама эрозияи хок монеъи рушд мешавад ва тадриҷан нарасидани об ба майдонҳои кишт эҳсос мегардад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин хушксолии анъанавӣ, ин аз сабаби муддати тӯлонӣ наборидани борон дар баҳору барф дар зимистон ба амал меояд. Хушксолии гидрологӣ замоне рух медиҳад, ки захираи об дар манбаъҳое чун суфраҳои обзо, кӯлҳо ва обанборҳо шадидан коҳиш меёбанд ва онҳо дигар қодир ба таъмину рушду нумӯи рустаниҳо намешавад.
Хушксолии гидрологӣ тадриҷан рух медиҳад, чун вобаста ба захираҳои обест, ки истифода мешавад, вале дубора пур намешавад. Ҳамин гуна хушксолӣ соли 2007 дар Қазоқистон рух дода буд, ки Бонки ҷаҳонӣ ба кумак расид ва барои ҷуброни зарар ва бартараф кардани он пули зиёд ҷудо карда буд.
Хушксолии иқтисодӣ-иҷтимоӣ. Таъмини бисёре аз колоҳои иқтисодӣ, аз қабили об, хӯрокворӣ, ғалла, моҳӣ, энергияи барқӣ-обӣ вобаста ба обуҳавост. Ба иллати тағйироти табиии иқлим об дар баъзе солҳо фаровон аст, аммо дар солҳои дигар қодир ба таъмини ниёзҳои инсонӣ ва муҳити зист нест. Камобии иқтисодӣ-иҷтимоӣ замоне рух медиҳад, ки мизони ниёз барои об аз мизони мавҷудаи он бештар мешавад, ки ин дар ниҳоят ба варшикастагии манбаъҳои об оварда мерасонад. Ин навъ хушксолӣ метавонад ба сурати ғайримустақим аз тағйироти вазъи обу ҳаво таъсир пазирад, аммо дар воқеъ дар он бисёре аз омилҳои инсонӣ ва мудириятӣ нақши босазо дорад. Хушксолии иқтисодӣ-иҷтимоӣ бештар маҳсули тарроҳӣ ва барномарезии ғайриилмӣ мебошад. Хушксолӣ метавонад маҳаллӣ (маҳдуд), минтақавӣ (дар ҳудуди як вилоят ё ноҳия) ва ҷаҳонӣ бошад.
Чунонки медонед, дар кишвари мо оби дарёҳои кӯҳӣ манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ мебошад. Яъне ҳаҷми истеҳсоли барқ ба ташаккули оби дарёҳо алоқамандии бевосита дорад. Дар навбати худ, ҳаҷми оби дарёҳо ба шароити обу ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста мебошад, ки имконияти амалии пешгӯии онҳо хеле душвор аст. Бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ва бар асари камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқ ба миён меояд, ки амалӣ намудани тадбирҳои иловагиро дар самти истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ тақозо менамояд.
Ҳамзамон таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати омодагии хуб ба мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар шабакаҳои барқӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.
Сарфакории ҳар яки мо дар рӯзҳои мусоид боиси дар мавсими сармо шабонарӯзӣ бо барқ таъмин шудани хонадони ҳамаамон мегардад. Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Мо чи қадаре, ки нерӯи барқро сарфакорона кам истифода намоем, дар охири моҳ барои истифодаи он ҳамон қадар маблағ кам месупорем. Инро ҳам дар ёд дошт, ки вақте ки мо қувваи барқро сарфа менамоем, шароити ба таври муътадил кор кардани заводу фабрика ва корхонаҳои истеҳсолӣ фароҳам оварда мешавад. Боиси таассуф аст, ки на ҳама ба дарки ин масъала мерасад ва аз қувваи барқ сарфаҷӯёна истифода менамоянд.
Бояд дар хотир дошт, ки дар баробари он ки мо дар замони Истиқлоли давлатӣ нерӯгоҳҳои зиёди тавлидкунандаи барқро ба монанди “Помир – 1”, “Сангтуда– 1”, “Сангтуда – 2”, маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин нерӯгоҳи “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб ва дигар нерӯгоҳҳои худро сохта ба истифода дода бошем ҳам, то ҳол ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасидаем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини қувваи барқ дар кишваро пурра бардошт. Бар замми ин, чи тавре ҳамагон огоҳӣ доранд сол то сол гармшавии ҳаво ва кам гардидани захираи об дар баландкӯҳҳо бо сабаби кам боридани барф ва бо суръати баланд обшавии пиряхҳо ба истеҳсоли қувваи барқ монеа эҷод намуда истодааст. Ин масоил дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мавҷуд аст, аз ҷумла ширкатҳои барҷастаи энергетикии Фаронса - Engie, EDF ва TotalEnergies аз афзоиши босуръати арзиши ашёи хом, ки дар натиҷаи кам шудани интиқол аз Россия ба вуҷуд омадааст, нигаронанд. Дар ин бора рӯзномаи Le Journal du Dimanche бо истинод ба номаи кушоди дахлдор хабар додааст. Дар ин паём ба аҳолӣ ва корхонаҳо муроҷиатнома омадааст, ки “фавран” истеъмоли нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтиро маҳдуд кунанд. "Мо ба огоҳӣ ва иқдоми дастаҷамъона ва инфиродӣ даъват мекунем, ки ҳар яки мо - ҳар як истеъмолкунанда, ҳар як ширкат рафтори худро тағйир дода, истеъмоли энергия, нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтиро фавран маҳдуд кунем", - гуфта мешавад дар нома. Гуфта мешавад, бӯҳрони энергетикӣ метавонад барои ягонагии иҷтимоӣ ва сиёсии Фаронса хатари ҷиддӣ гардад. Қаблан вазири энержии Фаронса Агнес Панниер-Рунаше гуфта буд, ки воридоти гази Россия коҳиш ёфтааст, аммо қатъ нашудааст. Вазири иқтисоди Олмон Роберт Ҳабек дар навбати худ хостори коҳиши масрафи газ дар ин кишвар ба далели сар задани бӯҳрон дар ҷаҳон шуд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт метавонад боиси мутаваққиф шудани тамоми равандҳои бозор гардад, ки ба пурра аз кор мондани бархе аз соҳаҳо таҳдид мекунад.
Бо мақсади истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру деҳоти кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муштариён идома дорад.
Гузаронидани ин тадбирҳо дар кам шудани садама дар зеристгоҳҳо ва хатҳои барқӣ низ мусоидат кардааст. Дар сехи таъмири трансформаторӣ кормандон трансформаторҳои эҳтиётиро таъмир карда, дар вақти рух додани садама онҳоро сари вақт иваз намуда, интиқоли барқро ба аҳолӣ барқарор месозанд. Шуъбаи навбатдории шабакаҳои барқӣ бо муштариён 24 соат дар тамос мебошанд. Кормандони шабакаҳои барқӣ, Хадамоти оташнишонии ВКД дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, рейду санҷишҳои муштарак мегузаронанд. Аз сокинони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки неруи барқро самаранок истифода баранд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш., Раҷабалиён А.