Инкишофи илми криминалистика
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин изҳори назар намуданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Ба андешаи яке аз заминагузорони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, доктори илмҳои ҳукуқ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастҷамъӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайдоиши илми криминалистика, ташаккули тактика ва методикаи амалӣ намудани корҳои махфӣ (ғайриошкоро) имконпазир гардид.
Тасдиқи ин ақидаро таҳлили корҳои илмӣ дар соҳаи криминалистика (солҳои 1920-1930) шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо чунин гуфта шудааст: асосҳои илмии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро муқаррароти криминалистика ташкил медиҳанд, чунки маҳз криминалистика асосҳои назариявии ҳам ҳаракатҳои ошкоро ва ҳам ғайриошкорои мақомоти таҳқиқ ва ҷустуҷӯиро коркард намудааст. Вобаста ба такмил ёфтани илми криминалистика, дар он чунин ақида асоснок карда мешуд, ки методҳои криминалистӣ бояд на танҳо аз ҷониби муфаттишон ва экспертон-криминалистон, балки аз тарафи кормандони воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ фаъолона истифода бурда шаванд.
«Хусусиятҳои ташаккули назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро баррасӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки дар давраи аввал он дар доираи илми криминалистика инкишоф ёфтааст. Ин бо он асоснок шудааст, ки маҳз криминалистика аз рӯи хусусиятҳояш ба ин намуди фаъолият наздиктар мебошад. Дар амалияи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чунин қисмҳои криминалистика, ба мисли аксбардорӣ, ҳаммонандкунии шахс аз рӯи аломатҳои берунӣ, дактилоскопия, усулҳои тактикии азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, кофтуков, пурсиш, экспертиза ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Бо ҳам наздикии ин ду фанро ягонагии объекти омӯзишашон пурра месозад».
Илми криминалистика ҳамчун фан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқ буда, дар факултаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии кишвар, аз ҷумла дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фанни таълимӣ омӯзонида мешавад. Мақсади асосии омӯзиши фанни криминалистика баланд бардоштани малакаю дониши курсантон ва шунавандагон аст, ки дар оянда аксари онҳо бевосита бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебаранд.
Криминалистика - илм дар бораи қонуниятҳои механизми ҷиноят, пайдоиши ахборот оид ба ҷиноят ва иштирокчиёни он, қонуниятҳои гирд овардан, таҳқиқ намудан, баҳо додан, истифода бурдани далелҳо ва воситаю методҳои ба ҳамин қонуниятҳо асосёфтаи пешгирӣ, ошкорсозӣ ва тафтиши ҷиноятҳо мебошад. Истилоҳи (термини)-криминалистика аз калимаи лотинии «criminalis»-гирифта шуда, маънояш ҷиноятхо мебошад, (ки ба ҷинояткорӣ алоқаманд аст).
Криминалистика ҳамчун илм дар асоси маҷмӯи дастурҳо ва коркардҳои илмӣ дар соҳаи бақайдгирӣ ва айнияткунии шахсияти ҷинояткорон дар охирҳои асри Х1Х ва аввали асри ХХ ба вуҷуд омадааст. Дар нимаи дуюми асри 19 илме, ки техника, тактика ва методикаи тафтиши ҷиноятҳои алоҳидаро меомӯхт аввалин маротиба аз тарафи муфаттиши судии австриягӣ, профессори донишгоҳҳои Гратса (Австрия) ва Прага (Чехия) Ганс Гросс пешниҳод гардид. Ӯтаҷрибаи бойи кори тафтишотиро дошта, баробари ин асосҳои аксарияти илмҳои табиатшиносиро хуб медонист, ба таври ҷиддӣ бо аксбардорӣ ва микроскопия машғул буд. Таҷрибаи таҳқиқоту тафтишотии хеш ва истифодаи амалии маълумоти илмҳои табиатшиносиро ҷамъбаст намуда, дар баробари он воситаҳо ва методҳои асосии таҳқиқоту тафтишоти мавҷуда ва ҳамаи асарҳои илмӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судии дар он давра нашршударо омӯхта, асарҳои асосии худ: «Дастурамал (Роҳнамо) барои муфаттишони судӣ, полисҳои рутбаҳои умумӣ ва жандармӣ» (дар соли 1892); «Дастурамал (Роҳнамо) барои муфаттишони судӣ ҳамчун системаи криминалистика» - ро (соли 1898) навишта, бо ҳамин вай ба тавлиди илми нави мустақил замина гузошт ва онро «криминалистика» номид. Ганс Гросс дар ин асарҳо соҳаи нави илм - криминалистикаро ба мураттаб дароварда, барои ба системаи муайян даровардан, ғанӣ гардонидан, инкишоф додани воситаҳо ва методҳои ошкор ва тафтиши ҷиноят, инчунин усули кор бо пайҳо ва дигар далелҳои шайъӣ асос гузошт.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки криминалистика таърихан ҳамчун илм дар бораи воситаҳо ва методҳои амалии тафтишоти ҷиноят, ки ба қойидаҳои илмҳои табиӣ ва техникӣ асоснок шуда буд, ба амал омадааст. Якумин дастурамалҳо дар бораи ин илм дар асарҳо оиди мурофиаи ҷиноятӣ дида мешаванд. Масалан: «Дастур оиди тафтишоти судӣ»- и Людвиг Фон Ягеманн (Франкфурт, ҷ.1, с.1838; ҷ. 2, 1841), «Таҷрибаи роҳнамои мухтасар барои гузаронидани тафтишот»- и Н. Орлов (М.1833), «Қойида ва шаклҳо оиди гузаронидани тафтишот, ки аз рӯйи маҷмӯи қонунҳо тартиб дода шудаанд»-и Е. Колоколов (М.1850) ва ғайраҳо.
Тамоюлҳои якҷоя истифода бурдани ин донишҳо бо хусусиятҳои хоси худ дар ҳамон давраҳо дар асарҳои як қатор мансабдорони мақомоти полис ва суд, инчунин олимон – пешоҳангони илми нав ташкил ва таҷассум ёфта, ин фаъолият ба се самт равона гардида буд:
1. Коркард ва такмил додани воситаҳои бақайдгирии ҷиноятӣ (дар ҳамон давра бақайдгирии криминалистӣ номида мешуд) ва ҷустуҷӯи ҷинояткорон, ки ба он махсусан мақомоти полис манфиатдор буд.
2. Коркарди илмии методҳои тадқиқоти далелҳои шайъӣ.
3. Коркард ва мураттабсозии тарзҳои ташкил ва ба нақшагирии тафтишот, воситаҳо, тарзҳо ва методҳои дарёфт, сабту мустаҳкам ва истифода бурдани далелҳо.
Самти аввал ба тадқиқотҳо дар соҳаи антропомерӣ, дактилоскопӣ, тасвири намуди зоҳирии инсон, аксбардорӣ равона карда шуда буд.
Дар ин ҷода мутахассиси криминалистика, корманди полиси Париж (Фаронса) Алфонс Бертилон, саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ методи бақайдгирии антропометрӣ ва айнияткунии ҷинояткоронро пешниҳод намудааст, ки он бо хулосаи омории Кетле (Белгия) асоснок карда шудааст. Кетле исбот намудааст, ки дар ҷаҳон ду шахси узви бадани андозаи якхела дошта, вуҷуд надорад. А. Бертилон 11 намуди андозагирии узви бадани инсонро пешниҳод кардааст, ки он ба ақидаи ӯ, ҳангоми такроран дастгир намудани шахс барои муайян кардани шахсияти ӯ кифоя аст. Ин метод «бертилонаж» ном гирифта, дарҳол дар давлатҳои пешқадами он замон, аз ҷумла дар Русия татбиқи худро ёфта, соли 1890 дар он ҷо якумин бюрои антропометрӣ ташкил шуда буд.
Хизмати калони А. Бертилон дар назди ин соҳаи илм бо антропометрӣ маҳдуд нагардидааст. Ӯ методҳои сигналитикӣ ва аксбардории метрӣ дар ҷойи ҳодиса, инчунин дастгоҳҳо барои онҳоро коркард кардааст. Ба вай назарияи «тасвири шифоҳии симо» («словесный портрет») (1885) – яъне ба тартиби муайян бо истифодаи истилоҳҳои масхус тасвир кардани намуди зоҳирии инсон тааллуқ дорад, ки онро баъдан криминалисти шведӣ Рудолф Арчибалд Рейс такмил ва оддӣ гардонидааст.
Самти дуюм – коркарди методҳои тадқиқоти далелҳои шайъиро «шоҳидони безабон» номгузорӣ кардаанд, ки онҳо бо номи чунин олимон: Е. Ф. Буринский (Русия), Р. Рейсс (Швейтсария), Ч. Ломброзо ва С. Оттоленги (Италия), Р. Гейндл (Олмон), Эдмон Локар алоқаманд аст. Е.Ф. Буринскийро воқеан «падари аксбардории судӣ» меноманд, нақши вай дар пайдоиш ва инкишофи илми криминалистика дар Русия моҳиятан хеле назаррас аст. Дар соли 1903 асари бузурги вай «Экспертизаи судии ҳуҷҷатҳо, гузаронидан ва истифодаи онҳо» ба табъ мерасад, ки дар он ӯ на танҳо таҳқиқи методҳои аксбардориро пешниҳод кардааст, балки ақидаҳои худро дар бораи умуман экспертизаи судӣ, роҳҳои истифодаи он дар мурофиаи судӣ, аз он ҷумла дар мурофиаи шаҳрвандӣ ва инкишофи он баён кардааст.
Дар он солҳо диққати махсуси олимонро масъалаҳои тадқиқоти экспертии ҳуҷҷатҳои дастнавис ҷалб мекарданд, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ва гражданӣ аз ҳама маъмултар буданд. Соли 1985 китоби Чезаре Ломброзо «Графология» ба табъ расид, ки вайро ҳамчун муаллифи назарияи «ҷинояткори модарзод» мешинохтанд. Назарияи асосии китоби ӯ аз он иборат буд, ки вай ҷараёни хатнависиро ҳамчун таъйиноти табии ҷисми инсон шуморида, ҳусни хатро «оинаи шахсият», инъикоскунандаи тағйирнаёбандаи хусусияти «табиӣ» арзёбӣ мекард.
Самти сеюм - коркард ва батартибдарории воситаҳо ва методҳои ҷамъ кардани далелҳо, ташкил ва ба нақшагирии тафтишот – пеш аз ҳама бо номи Ганс Гросс алоқаманд аст.
Дар солҳои 1870-1880 шаҳрванди Англия Уилям Хершер, ки дар Ҳиндустон духтур шуда кор мекард, шаҳрванди Шотландия Генри Фолдс дар Япония ва Френсис Галтон ба хулоса омадаанд, ки аз руйи маҷмӯи аломатҳои худ, факат ба худаш айнан будани хатҳои папиллярии қисми нохунаки ҳар як ангуштро исбот кардаанд.
Охирҳои асри 19 соли 1888 Элбер дар Олмон ва ибтидои асри ХХ Эдмон Локар дар Италия бо баробари хатҳои папиллярӣ бо максади муайян намудани айниятии одам аз рӯйи пайҳои даст истифода бурдани масомаҳоро низ пешниход намуданд.
Дар пайдоиш ва инкишофи криминалистикаи ИҶШС олимон ва мутахассисони тоҷик саҳми босазои худро гузоштанд.
Соли 1932 аввалин тадқиқотҳои криминалистикӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар шуъбаи илмӣ – техникии шуъбаҳои корҳои дохилӣ (аввал дар ш. Душанбе) гузаронида шуданд. Соли 1943 аз тарафи прокуратураи ҷумҳуриявӣ номаи методӣ дар бораи тайёрии маводҳо барои экспертизаи хатшиносӣ ба табъ расид, ки ҳамон солҳо ин кори бениҳоят муҳим буд. Соли 1956 дастури методӣ барои муфаттишон ва кормандони милитсия бо забони русӣ ба табъ расид, ки муаллифи он А. М. Вишневский мебошад. Дастури методӣ бо назардошти хусусиятҳои махсуси ҶШС Тоҷикистон омода гардида буд.
Нахустасоси таъсисёбии Марказ дар ҷумҳурӣ Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1959 таҳти № 451 «Дар бораи ташкил кардани лабораторияи илмӣ-тадқиқотии криминалистикӣ» буда, аз моҳи январи соли 1960 дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин лабораторияи криминалистикӣ ба кор шурӯъ кард.
Сардори лабораторияи криминалистикӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии фа¬култаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикис¬тон Яков Михайлович Яковлев таъин гардид ва ӯ дар инкишофи лабораторияи криминалистикӣ саҳми назарраси худро гузошт, ки дар натиҷа он ба як муассисаи асосии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин лаборатория на танҳо зарурати мақомотҳои тафтишотӣ ва судии ҷумҳурӣ, балки ҶШС Туркманистон ва инчунин ноҳияҳои ҳамсарҳади Ӯзбекистонро низ таъмин мекард. Дар лаборатория чунин гурӯҳҳо амал мекард: тадқиқоти ҳуҷҷатҳо, тадқиқоти физикӣ - техникӣ, ки ба он экспертизаҳои баллистикӣ ва трасологӣ (пайшиносӣ) низ дохил мешуданд. Аз моҳи октябри соли 1961 гурӯҳи экспертизаи автотехникии судӣ низ таъсис гардид.
Дар соли аввали таъсисёбӣ дар лабораторияи криминалистикӣ ҳамагӣ панҷ нафар мутахассис - Я. М. Яковлев, Л. В. Франк, Ҳ. Салимов, Ю. Н. Редлих ва З. Д. Ямоқова фаъолият менамуданд. Соли 1962 бо ташаббуси Я. М. Яковлев бюрои экспертизаи судии ҳисобдорӣ аз тобеияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лабораторияи криминалистикӣ гузаронида шуд.
Аз моҳи октябри соли 1966 то моҳи октябри соли 1980 вазифаи сардори лабораторияи криминалистиро номзади илми ҳуқуқшиносӣ Ҳ. Салимов дар ӯҳда дошт, ки саҳми ӯ дар инкишофи лабораторияи криминалистикӣ хеле назаррас аст.
Соли 1967 гурӯҳи экспертӣ ба шӯъбаҳо табдил ёфта, шӯъбаҳои экспертизаҳои хатшиносӣ, экспертизаҳои физикӣ - техникӣ, экспертизаи автотехникӣ, экспертизаҳои ҳисобдорӣ, шӯъбаи ҷамъбасткунӣ ва иттилоот ташкил шуданд.
Лаборатория бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ ҳамкории зич дошт. Як қатор тадқиқотҳои мушкил вобаста ба пайи хун дар либос, пайи олоти бурранда дар косахонаи сар, пайи таъсири яроқи оташфишон дар мурда ва либос ва ғайраҳо дар ҳамкорӣ гузаронида шуда, ҳамчун экспертизаҳои криминалистикӣ ва судӣ - тиббии маҷмӯӣ (комплексӣ) қайд мегардид.
Дар он солҳо як қатор корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, бунёдӣ (фундаменталӣ) гузаронида шуд. Аз ҷумла аз рӯйи мавзӯъҳои номбурда монографияи К. М. Каратсев «Тафтишоти ҷиноятҳои нақлиёти автомобилӣ» (1957), монографияи Я. М. Яковлев «Тафтишоти кушторҳо» (1960) ба табъ расид. Аз соли 1962 оғоз намуда аз тарафи олимони факултаи ҳуқуқшиносӣ «Маҷмӯи саволҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ, криминалистика ва криминология» аз чоп мебарояд, ки дар он олимон ва мутахассиони соҳаи криминалистика маводи илмӣ, таълимӣ ва амалии худро ба табъ мерасониданд. Масалан: корҳои Л. В. Франк «Баъзе масъалаҳо оиди гирифтани намунаҳои дастнавис аз гумонбаршуда барои тафтиши муқоисавӣ» (1962), Я. М. Яковлев «Лабораторияи илмӣ- тадқиқотии экспертизаи судӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва дурнамои инкишофи он» (1962), З. Д. Ямоқова «Хулосаи экспертизаи хатшиносӣ ҳамчун далели ҳалкунанда» (1962), И. Я. Оврутский «Ҳудуди ваколати эксперт - автотехник ҳангоми ҳалли масъала оиди вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат», Я. М. Яковлев, В. А. Булгарин, И. Я. Оврутский «Таъйиноти экспертизаи судӣ- автотехникӣ» (с.1964), Ҳ. Салимов «Методикаи санҷиши экспертӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи пайшиносӣ» (1966), мақолаи Я. М. Яковлев «Дар бораи экспертизаи судӣ- психологӣ» (1966), монографияи Ҳ. Салимов «Асосҳои илмӣ ва методикаи санҷиш ҳангоми гузаронидани экспертизаи пайшиносӣ (трасологӣ)» (1967), Ҳ. Салимов «Дар бораи баъзе камбудиҳо дар амалияи гузаронидани экспертизаи баллистикӣ ва пайшиносӣ (трасология)» (1971). И. М. Зобина «Моҳият ва мақсади давраи тадқиқоти муқоисавӣ дар экспертизаи криминалистикӣ» (1971). З. Д. Ямоқова ва Л. В. Франк «Дар бораи аломатҳои нутқи хаттӣ ва ҳусни хат ҳангоми тадқиқи дастхати ба забони тоҷикӣ навишташуда» (1971) ва ғайраҳо. Масъалаи мустаҳкам намудани қонунияти сотсиалистӣ коркарди масъалаҳои вобаста ба дастгиркунӣ ва баҳабсгирии гумонбаршударо талаб мекард, ки онро дотсент Л. В. Франк амалӣ намуд. Ин ҳаракатҳои тафтишотӣ дар қонунияти мурофиавии нав мустаҳкам гардид. Масъалаи коркарди самараноки усул ва воситаҳои санҷиши асоснокии дастгиркунӣ ва баҳабсгирии гумонбаршуда дар мӯҳлати дар қонун муқарраршуда ба миён омад. Гирифтани намунаҳо барои тадқиқоти муқоисавӣ ҳамчун ҳаракати тафтишӣ пештар дар қонун танзим нагардида буд. Дар КМҶ он асоснок карда шуда, ҳамчун ҳаракати тафтишотии нав коркарди тактикӣ - методикии гузаронидани онро талаб мекард. Ин масъалаҳо ҳам аз тарафи Л. В. Франк дар кори илмӣ - тадқиқотии ӯ «Дастгир намудани гумонбаршуда ва экспертизаи криминалистикӣ» (1962), «Баъзе масъалаҳои гирифтани намунаи санҷишии дастхат аз гумонбаршуда» (1962) ҳалли худро дарёфт.
Соли 1971 лабораторияи криминалистикӣ лабораторияи илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ (ЛИТЭС) номгузорӣ шуда, ба ихтиёри Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон дода шуда ва барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ - техникии он шароити мусоид фароҳам оварда шуд.Дар баробари ба ихтиёри Вазорати адлия гузаштани Лаборатория алоқаи он бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам гардида, барои дар ҳамкорӣ бурдани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ имкониятҳои зиёде пайдо гардид. Семинарҳои илмӣ- тадқиқотии дар ин ҷо ташкилгардида барои рушди илми криминалистика саҳми арзанда дорад.
Агар солҳои 1960 масъалаҳои асосӣ экспертизаҳои судӣ бошад, солҳои 70 – ум корҳои илмӣ- тадқиқотӣ асосан ба назария, тактика ва методикаи тафтиши ҷиноятҳо равона карда шуда буд. Масалан: корҳои илмӣ - тадқиқотии В. П. Борисов «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳангоми тафтиши дуздӣ аз манзил» (1971). Ю. Д. Федоров «Мафҳуми ҷойи ҳодиса» (1971). А. И. Гущин, Я. М. Яковлев «Айнияткунии шахсияти мурда аз рӯйи косахонаи сар ва акси фотографӣ» (1966), И. М. Зобина «Баъзе хусусиятҳои ҳаммонандкунии шахсият аз рӯйи имзо», З. Д. Ямоқова, Л. В. Франк «Оиди баҳодиҳӣ ба хулосаи эксперт (коршинос) – хатшинос» (1973), А. Ҳотамов «Қоидаҳои асосии татқиқоти криминалистикӣ оиди ҳаммонандии объектҳои трасологӣ» З. Д. Ямоқова «Экспертизаи судии дастхатҳо (тадқиқоти криминалистикӣ ва ҷиноятӣ - мурофиавӣ дар асоси маводҳои ҶШС Тоҷикистон) (1971), маводи таълим барои донишҷӯён - ҳуқуқшиносони И. Я. Оврутский, З. Д. Ямоқова «Экспертизаи судӣ дар давраи тафтишот ва пешгирии ҷиноятҳо» (автотехникӣ ва хатшиносӣ) (1975), З. Д. Ямоқова «Тадқиқоти криминалистикии ҳуҷҷатҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятии худкушӣ» (1976), И. Я. Оврутский «Тадбиқи баъзе усулҳои амсиласозии риёзӣ ҳангоми омӯзиши сабабҳои садамаи воситаҳои нақлиёт» (1977).Ҷолиби қайд аст, ки соли 1975 аз тарафи олимон И. Я. Оврутский ва З. Д. Ямоқова дастури таълимӣ барои донишҷӯён – ҳуқуқшиносон «Экспертизаи судӣ дар тафтиш ва пешгирии ҷиноятҳо» таълиф гардид, ки он барои амиқтар омӯхтани экспертизаҳои автотехникӣ ва хатшиносӣ кӯмаки амалӣ мерасонад.
Тараққиёти илму техника, мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси коршиносон - криминалистон дар асоси Маркази ҷумҳуриявӣ ба созмон додани бахшҳои (филиалҳои) экспертизаҳои судӣ - криминалистӣ дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) (соли 1974), дар шаҳри Кӯлоб (соли 1991), баъди якҷоя шудани вилояти Кӯлоб бо вилояти Қӯрғонтеппа дар шаҳри Кӯрғонтеппа (соли 2004), инчунин дар шаҳри Хоруғ соли 2000 шароити зарурӣ фароҳам овард. Он имконият дод, ки олимон, мутахассисони соҳаи криминалистика ба бурдани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ боз васеътар машғул шуда, соҳаҳои нави экспертизаи судиро кашф намоянд.
Дар ҳашт шуъбаи Марказ, яъне дар шуъбаҳои криминалистӣ; тадқиқи криминалистии мавод, моддаҳо ва маснуот; хатшиносӣ; молшиносӣ; автотехникӣ; ташхисҳои судии сохтмонӣ - техникӣ ва иқтисодӣ; овозшиносӣ; экологӣ ва бахшҳои вилоятии он зиёда аз 21 намуди санҷиш иҷро карда мешаванд. Натиҷаҳои гузаронидани ин экспертизаҳо илми криминалистикаро пурмӯҳтавотар гардонида истодаанд. Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар тафтиши пешакӣ, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард. 25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» эътибори қонунӣ пайдо кард, ки он асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.Солҳои 90 - ум, ки солҳои пурошӯб буд, ҷудошавии ИҶШС ба давлатҳои мустақил ба инкишофи криминалистика таъсири манфии худро гузошт. Бо вуҷуди он олимон, мутахассисони соҳаи криминалистика ба такомули криминалистика такони наве доданд. Дар ин давра бештар дастурҳои методӣ – таълимӣ таълиф гардиданд. Корҳои илмӣ- тадқиқотии Ҳ. Салимов «Оиди зарурати истифодабарии воситаҳои илмӣ- техникӣ дар суд» (1990), З. Д. Ямоқова ва А. Д. Тартаковский «Асосҳои экспертизаҳои судӣ» (дастури ёрирасони таълимӣ – методӣ) (1993), З. Д. Ямоқова ва Ҳ. Салимов «Дастури методӣ барои гузаронидани дарсҳои лабораторӣ (техникаи криминалистикӣ, бо забони тоҷикӣ) (1990) аз чоп баромаданд.
Натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар солҳои 2000 хеле самаранок буданд. Дар ин давра бисёр монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, маводи таълимӣ аз фанни криминалистика ба табъ расида, ба инкишофи илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти зиёде фароҳам овард. Ин давраи инкишофи криминалистика масъалаҳои тактика ва методикаи криминалистикӣ, экспертизаҳои хатшиносӣ, автотехникӣ, судӣ – руҳшиносӣ, таълифи китобҳои дарсӣ аз фанни криминастика бо забони тоҷикӣ, инчунин усули таълими фанни криминалистикаро дар бар мегирад, ки мисоли онҳо корҳои илмӣ - тадқиқотии З. Д. Ямоқова, Ф. Н. Еремеева «Давраҳои асосӣ ва хусусиятҳои инкишофи лабораторияҳои илмӣ- тадқиқотии экспертизаи судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001), Ҳ. Салимов «Тактикаи истинтоқ» (2001), М. С. Ёраков «Усул ва роҳҳои тафтиши парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба терроризм» (2001), А. Р. Усмонов «Усули гузаронидани озмоиши тафтишӣ вобаста ба парвандаҳо оиди ҷиноятҳои автотехникӣ» (2002), А. Р. Усмонов «Усули азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳангоми садамаи роҳ. Ҷамъоварии маълумотҳои ибтидоии зарурӣ барои гузаронидани экспертизаи автотехникӣ» (2002), З. Д. Ямоқова «Имкониятҳои ташхисии хат ҳангоми таҳқиқи ҳусни хати бо забони тоҷикӣ навишташуда» (2003), Ю. А. Rурбонов «Экспертизаи судӣ - руҳшиносии иштирокчиёни ноболиғи амалиётҳои ҷиноятӣ - мурофиавӣ» (2003). З. Д. Ямоқова. «Хусусиятҳои хулосаи экспертизаи маҷмӯйӣ (комплексӣ)», дастури методии З. Д. Ямоқова «Имкониятҳои экспертизаи судӣ - хатшиносӣ ва омодагии маводи он ҳангоми таъйинот дар зинаи тафтишоти судӣ» (2006) мебошанд.Ҷолиби қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин курси махсуси лексияҳо аз фанни «Криминалистика», аз тарафи дотсент М. С. Ғозиев (2007), китоби дарсӣ аз фанни «Криминалистика» бо забони тоҷикӣ, аз тарафи Ҳ. Салимов (2008) ва «Усули тадриси курси «Криминалистика» аз тарафи Ю. А. Қурбонов бо забони русӣ таълиф гардид, ки ин китобҳои дарсӣ барои аз худ намудани фанни криминалистика мусоидат намудаанд. Боз як дастоварди назаррас дар соҳаи криминалистика ин дастури А. Р. Усмонов «Экспертизаи автотехникӣ» (2010) мебошад ва он маълумотҳо оид ба усулҳои ҳалли масьалаҳоест, ки дар амалияи экспертизаи садамаи роҳу нақлиётӣ бештар вомехӯранд.Боварии комил дорем, ки минбаъд ин рӯйхат пурратар гардида, инчунин самтҳои мавҷудбудаи назарияи умумӣ, техника, тактика ва методикаи криминалистӣ аз ҳисоби зиёд шудани методҳо ва воситаҳо, коркарди методҳои нави ҷамъ кардан ва тадқиқ намудани далелҳои шайъӣ, коркарди техникаи ҳозиразамон, тактикаи амалҳои нави тафтишӣ ва методикаи тафтиши намудҳои алоҳидаи ҷиноятҳои нав дар мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин аз ҳисоби татбиқ намудани ин методикаҳо (ва мумкин аст коркардҳои нав) ҳангоми пешбурди парвандаҳои гражданӣ ва парвандаҳо оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ инкишоф меёбад.
Убайдуллоев Ш.Э.Асламов Б.С.
Адабиётхои истифодашуда:
1. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Душанбе. 23.12.2022с. Сомонаи интернетии www.Prezident.tj
2. (Раҳимзода Р.Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ». Қисми умумӣ. Китоби дарсӣ. Нашри 5-ум. -Душанбе: «ЭР-граф», 2019. - С. 80).
3. Аверянова Т. В., Белкин Р. С., Корухов Ю. Г., Россинская Е. Р. Криминалистика .-Москва: НОРМА, 2000.С.1-119.
4. Белкин Р.С. История отечественной криминалистики. М.: Норма. 1999, С. 9.
5. Ғозиев М.С. Криминалистика (Курси мухтасари лексияҳо). Душанбе. «Маориф ва фарҳанг». 2007.-256 с.
6. Зобина И. М. Баъзе хусусиятҳои ҳаммонандкунии шахсият аз рӯйи имзо. // Вопросы уголовного права, уголовного процесса и криминологии. – Душанбе, ТГУ, 1971, С. 53-63.
7. Курбанов Ю. А. Судебно - психологическая экспертиза несовершеннолетних участников уголовно- процессуальных действий. // Зинаҳои хирад. Ступени мудрости. Гуманитарный лицей «Неки» при РТ (С) У, № 1(6). - Душанбе , 2003, С. 48-63.
8. Курбанов Ю. А. Методика преподавания курса «Криминалистика». Изд. Российско-таджикского (славянского) Университета. – Душанбе, 2008.
9. Овруцкий И. Я., Ямакова З.Д. Судебная экспертиза в расследовании и предупреждении преступлений (автотехническая и почерковедческая). Учебное пособие для студентов-юристов. - Душанбе ТГУ, 1975 г.
10. Салимов Ҳ. Криминалистическое исследование следов тканей и методика эксперимента.// Вопросы криминалистики, Душанбе: НИЛСЭ при ТГУ, сборник 5-й, 1966, С. 106-130.
11. Салимов Ҳ. Асосҳои илмӣ ва методикаи санҷиш ҳангоми гузаронидани экспертизаи пайшиносӣ (трасология). - Душанбе: 1967.
12. Салимов Ҳ. Криминалистика. – Душанбе, Матбуот, 2008.
13. Усмонов А. Экспертизаи автотехникӣ. –Душанбе, Ирфон, 2010.
14. Холиқов К. Н. 60-соли камолоти боргоҳи илму амалияи ҳуқуқ. Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. – Душанбе, 2009.
15. Яковлев Я. М. О судебно-психологической экспертизе.// Вопросы уголовного права, уголовного процесса и криминологии. – Душанбе, ТГУ, 1966, С. 73-86.
16. Яковлева Е. М., Яковлев Я. М. Назначение и проведение судебной экспертизы в новом Гражданском процессуальном кодексе Таджикской ССР. // Вопросы криминалистики, Душанбе: НИЛСЭ при ДДТ, сборник 5-й, 1966, С.С. 193-204.
17. Ямакова З. Д., Еремеева Ф. Н. Основные вехи и особенности развиятия научно-исследовательской лаборатории судебной экспертизы в Таджикистане.// Давлат ва ҳуқуқ. Государство и право, ТГУ, № 4.- Душанбе, 2001 С. 21-25.
18. Ямоқова З. Д. Имкониятҳои экспертизаи судӣ - хатшиносӣ ва омодагии маводи он ҳангоми таъинот дар зинаи тафтишоти судӣ. Дастури методӣ барои судяҳо.
-Душанбе, 2006.