«Масъулияти баланди хизматии милитсия оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» (Бардошт аз Паёми Пешвои миллат)
Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон
Раванди бунёди давлатдории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ дар замони ҷаҳонишавӣ фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро талаб менамоянд. Дар иртибот ба ин, қайд кардан ба маврид аст, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва демократию дунявӣ ба таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ниёз дошта, татбиқи амалии ҳолати мазкур аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии калон дорад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишӣ олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, ва риоя мекунад. Саломатии шаҳрванд барои давлат арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Давлат инсон шаҳрвандро арзиши олӣ дониста, амнияти ӯро таъмин менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки санаи 28 декабри соли 2023 баргузор гардид, ба Маҷлиси Олии кишвар, дар баробари зикри самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамзамон рушди тараққиёти тамоми рукнҳои давлатдорӣ, дастоварду пешрафти солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон, амалӣ гардии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ва тамоми ҷабҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамалакатро бо таҳлили амиқу возеҳ баён намудаанд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини зиндагии арзанда барои ҳар як фарди кишвар мебошад.
Бо азму иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандонаву дурбинона ва роҳбаладии Сарвари давлат, миллати қуҳанбунёди тоҷик тули соҳибистиқлолӣ давраҳои душвору вазнини зиндагиро паси сар намуд, сулҳу якдилиро барқарор, рӯзгори босаодат ва мустақилияту якпорчагии давлати худро ҳифз намуд. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Паём чунин илова намуданд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат мекашанд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузаронидаанд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо кардаанд». Марҳила ба марҳила бо мурури замон, бо пеш омадани имкониятҳои мусоид рукнҳои давлатдорӣ барқарор гардида, шароити иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишвар боз ҳам хубтару беҳтар гардид ва ҳалқи заҳматқарини ин сарзамин дар фазои софу беғубор, ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ баҳри пешрафти Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Дар ин даврон, соҳаҳои илму маориф, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои қудрату ҳифзи ҳуқуқ, боғдориву хоҷагидорӣ, фарҳангу маданият рушду тараққӣ намуд. Дар партави он, садҳо корхонаву муассисаҳои саноатӣ, коргоҳу сехҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон даҳҳо нерӯгоҳҳои обии барқии хурду бузург бо таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъмини волоияти қонун, ҳифзи субботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, мебояд сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти худро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат боз ҳам тақвият бахшанд.
Бинобар ҳамчун ниҳоди боэътимоди давлат - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, баҳри пойдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳраванд нақши муъасирро мебозад.
Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро ташкил менамояд. Дар навбати худ фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ пеш аз ҳама баҳри таъмини вазъияти ором дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои қонуниии шахсият, ташкилот ва муассисаҳо ва пешгирии кирдорҳои ғайриқонунӣ, нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо тадбиқи чораҳои мурофиавӣ - маъмурӣ ва таъйини ҷазоҳои маъмурӣ равона карда шудааст.
20 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки “Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмиллалӣ, инчунин наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа, “Стратегияи ислоҳоти милитсия” ва «Барномаи ислоҳоти милитсия» - ро мавриди омӯзиш қарор дода, мақсад, афзалиятҳо ва чораҳо оид ба ислоҳот ва рушди милитсияро муайян намуда санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар ин сохтор таҳия ва пешниҳод намоянд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012 сол «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба тасвиб расонида шуд. Инчунин Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 таҳти № 211 тасдиқ гардид, ки мақсад ва моҳияти ислоҳоти милитсия афзалиятҳо ва рушди ҳамкории милитсия бо ҷомаеро муайян намуд. Зеро иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, афзоиши боварии аҳолӣ ба фаъолияти милитсия, дар шуури ҷомеа ташаккул додани симои нави кормандони милитсия, баланд гардидани обрӯю нуфузи кормандони милитсия дар ҷомеа, мусоидати фаъоли ҷомеа дар пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, пурзӯр намудани кор дар самти ошкор кардани сабабу омилҳои ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар барномаи ислоҳоти милитсия омадааст. Дар асоси ин санадҳо кормандони милитсия, алалхусус, нозирони минтақавии милитсия уҳдадор гардидаанд, ки соле як маротиба дар ҷаласаҳои вакилони халқии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳар семоҳа дар назди аҳолӣ вобаста ба фаъолияти хизматиашон ҳисобот диҳанд.
Ҳисоботдиҳӣ - яке аз принсипҳои асосӣ ва усули дар амал татбиқ намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад. Он барои наздик шудани милитсия бо аҳолӣ, афзоиши эътимоди мардум ба милитсия, бо роҳи дастаҷамъона ошкор ва ҳал намудани мушкилоти мардум, мубориза бар зидди ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини бехатарӣ ва зиндагии арзандаи шаҳрвандон, баланд бардоштани обрӯй, мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи корманди милитсия дар ҷомеа мусоидат менамояд. Мақсад аз ҳисоботдиҳии нозирони минтақавии милитсия дар ин аст, ки боварии аҳолӣ ба шахси ҳисоботдиҳанда (корманди милитсия) зиёд мегардад, ҳисси масъулияти тарафҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти минтақа бедор мешавад, заминаи мусоид барои ҷалби ҳар чӣ бештари аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба миён меояд, шаҳрвандон аз натиҷаи фаъолияти корманди милитсия ва вазъи криминогении минтақа ва маҳалли зисташон бохабар мешаванд. Ҳамкории милитсия бо ҷомеъа дар оинаи таърих шаклҳои гуногуни дар идоракунии давлатҳо иникос гардидааст. Ҳар як давлат аз лаҳзаи ташкилёбиаш пеш аз ҳама кӯшиш бар он мекунад, ки ҳарчи бештар ҳамфикрону ҳамкорони худро барои устувор сохтани як давлати комилҳуқуқ, дошта бошад. Чунки бетарафии аҳолӣ (шаҳрвандон) сабаби заиф гардидани пешгирии рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад.
Мебояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳар хизматчии сохторҳои қудратӣ хуб дарк намоянд, ки ҳифзи давлату осоиштагии миллат, муқаддасоти миллӣ, пойдор нигоҳ доштани якпорчагии Ватан вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар кадоми мост. Зираку чолок, кордону соҳибкасб,худшиносу худогоҳ бояд буд ва бо тамоми ҳастӣ баҳри таъмини амнияти кишвар, нигоҳ доштани субботу оромии ҷомеа ҳамеша омода бошанд.
Абдусатторзода Насим Абдусаттор, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия