Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиряхҳо ва ҳифзи сарватҳои табиӣ дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат

59319-уми марти 2024, дар доираи амалӣ намудани нақша - чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар робита ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва эълон гардидани санаи 21-уми март ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо", дар толори Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони "Пиряхҳо ва ҳифзи сарватҳои табиӣ дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат" баргузор карда шуд.
Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳманур - Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини Сардори Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ - Қаюмов Абдулҳамид, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ - Номвар Қурбон, инчунин, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Шоҳмансур, афсарон ва курсантони Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.594
Ҳамоишро Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кушода эълон намуда, нахуст ҳайати меҳмононро ба ҳозирин ошно сохт.
Зимнан, қайд гардид, ки таърихи даврони навини давлатдории тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аст, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим равона гардида, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд.
25 сол қабл 1-уми октябри соли 1999 Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза ҷиддӣ гардад ва дар ин самт ташаббусҳои ҷиддиро рӯйи даст гирад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд, зеро маҳз бо кӯшишу талошҳои Президенти мо мавзӯи «дипломатияи об» ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб дохил гардид ва ҷомеи ҷаҳонӣ иқдомоту пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро ҳамчун пешниҳодоти ҷанбаи умумибашаридошта баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ пазируфт.
Аз ин ҷост, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи ташаббусҳои бузург: «Соли байналмилалии оби тоза - 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005–2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва ниҳоят эълон гардидани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" мебошанд.
Дар ин радиф, маърӯзачиён, муовини Сардори Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ - Қаюмов Абдулҳамид, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ - Номвар Қурбон суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо қайд гардид, ки имрӯзҳо обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад, давоми 31 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расида, ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст.
Хушбахтона, қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.
Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни кишварҳои мутараққии олам, ҳамчун кишвари пешоҳанг ва ташаббускор мақоми хосаро касб намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ба ҳайси поягузори тамоми ташаббусу иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим эътироф кардааст ва бояд қайд намуд, ки дар саргаҳи ин ҳама бурдбориву музаффариятҳо маҳз заҳмату талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, қайд гардид дар идомаи ҳамоиш.
Дар фарҷом, як гурӯҳ афсарон ва курсантони фаъоли Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Раҷабалиён А., корманди Академияи ВКД, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...