Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтавои суханронии Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

694

9-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Пешвои миллат кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон - моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу намуданд.

Сипас, Пешвои миллат ба масоили мубрами давлатдории миллӣ, риояи қонуният, сарфаю сарфаҷӯи, кӯмак ба ниёзмандон дахл намуда, муҳимтарин масоили иҷтимоиро баён намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намуданд: «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад».
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба муҳимтарин масоли муносибати давлат ба дин, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон нуқтаҳои муҳими зеринро баён доштанд, ки дорои аҳамияти бузурги ахлоқӣ ва тарбиявӣ мебошанд:
- Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ-ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
- Бунёд кардани мактаб - тавре ки мардум солҳои қадим онро мадраса мегуфтанд, чӣ қадар наврасони мову шумо, ки ҳарф зада наметавонанд, соҳиби саводу дониш ва наврасону ҷавонон соҳиби касбу ҳунар мегарданд, магар кори савоб нест?
- Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.
- Бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ-Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд.
- Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.
- Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони кишвар мавҷуд бошад.
- Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод.
- Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд.
-Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад.

695

-Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд.
-Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт. Ман ҳамагӣ панҷ рӯз ҳам Роҳбари давлат набудам, дар замоне, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд маро интихоб карданд, барои эмин нигоҳ доштани давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ва гирифтани пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик – ана ҳамин роҳ ва ҳамин сохти давлатдориро ман пешниҳод кардам.
- Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.
- Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар шароити вазнини буҳрони «илми ҳадис» аз байни садҳо нафар донандагони маъруфи ҳадисҳои набавӣ ба тоза кардани онҳо камар баста, аз миёни садҳо ҳазор ҳадиси бофта 7 ҳазору 250 ҳадиси саҳеҳро бо коркарди усули илмӣ, мантиқӣ ва таърихӣ ба олами ислом пешниҳод кардааст. Илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъди Китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд.
- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт. Мо ифтихор мекунем, ки тамоми эҷодиёти Мавлоно ба забони тоҷикӣ мебошад.
- Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки маркази як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир аст.Инчунин, аксари ҷангҳое, ки миёни кишварҳо ба вуқӯъ меоянд, ба ин ё он тарзе ҷангҳои мазҳабӣ мебошанд.Дар онҳо дасти душманони дини мубини ислом ва уммати мусулмон ҳаст.
- «Инқилобҳои ранга» ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расониданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест.Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад.Зеро дини ислом аз оғози пайдоиши худ сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос.Вақте мегӯем Худо яккаву ягона ва бахшояндаву меҳрубон аст, саҷда кардан танҳо ба ӯ зарур аст, на ба каси дигар, на ба чизи дигар.
- Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад. Чӣ гуна бадбахтиҳо овард он ҷанг. Чӣ қадар одамон қурбон шуданд. Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд.
-Дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ҳисоби гурезаҳои тоҷик даҳҳо қабристони нав пайдо шуд. Он рӯзҳо ашхосе, ки имони худро фурӯхта буданд, падарро зидди писар ва бародарро ба сари бародар шӯрониданд ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии оғози солҳои 90-ум аз масҷидҳо оғоз гардид.
- Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин-дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад.
- Зимнан бояд гуфт, ки ҷашни соли нави аҷдодӣ-Наврӯз низ бо ташаббуси Тоҷикистон мақоми байналмилалӣ гирифт.
- Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар манъшудаи «ҳизби наҳзат», яъне сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби бозигарони геополитикӣ чӣ гуна барои амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати исломӣ ва ба сари мардуми мо бор кардани фарҳанги бегона ба майдон оварда шуд.Дар идомаи ин раванд, қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
- Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд. Намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд. Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд. Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст.
- Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшуйии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас дар се соли охир тақрибан 400 нафар шаҳрвандони кишвар ва соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд,
- Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».
- Аммо бо итминон иброз медорам, ки мо қудрати бартараф кардани ҳама гуна камбудиву мушкилоти мавҷударо дорем. Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд. Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем. Дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем. Зеро халқи мо - мардуми сарбаланди Тоҷикистон-барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!
Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот ва суханронӣ намуда, муҳимтарин масоили иҷтимоиро баррасӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки ҳар яки он аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд.
Олимон, омӯзгорон ва сарпарасони гурӯҳҳои таълимӣ метавонанд, онро дар дарсҳои ҳатмии тарбиявӣ ба таври васеъ истифода бурда, насли наврасро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд.
Маҳмараҳимзода Фирдавс Маҳмараҳим, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, капитани милитсия
Раҷабалиён Абдулҳаким Раҷабалӣ, муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...