Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат

693Ватанро танҳо ҷавонони соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд, давлатро шаҳрвандони донишманду баландихтисос муқтадиру нерӯманд мегардонанд ва пешрафти суботи ҷомеа аз сатҳи донишу фарҳанг ва ҷаҳонбинии онҳо вобастагии мустақим дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда истодаанд. Аз ин рӯ, ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишварашон буданд. Масалан, ҷавонон ба мисли Сӯҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, барои истиклоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд, гуруҳи ҷавонон инқилобҳои демократиро дар кишварҳои Аврупову Осиё ба вуҷуд оварданд ва имрузҳо ҷавонони ба идораи давлатӣ ҷалбшуда дар кишварҳои собик Шӯравӣ, аз ҷумла Қазоқистону Руссия ба пешрафти нисбии сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд. Бинобар ин, таърихи инсоният аз гувоҳи он, ки ҷавонон нерӯи созандаи бузург ҳастанд, саршор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти худ таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем... истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст».
Ин гуфтаҳо аз ҷониби Сарвари давлат ифодагари онанд, ки мавсуф дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуқтаро ёдрас намудаанд. Президенти кишвар хуб дарк кардаанд, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳои Сарвари кишвар на танҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.
Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд. Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Инчунин, дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад.
Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд.
Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.
Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.
Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд. Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бе шубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.
Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.
Барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрузу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан – ғайри имкон мебошад.
Маъруфзода Маъсумахон Маъруф, муаллими кафедраи ҳукуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...